Главная / Варзиш / ҚОМАТ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ САЛОМАТӢ

ҚОМАТ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ САЛОМАТӢ

Барои тарбияи солими кўдак, ташаккули мўътадили қадду қомати ў кӣ вазифадор аст?

Дар ҷамъияти мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки барои солимии кўдак волидайн, омўзгорон ва кормандони тиб масъулият ба ўҳда доранд ва пас аз ба синни балоғат расидан худи кўдак бояд дар бораи саломатиаш ғамхорӣ намояд.

Баданик машкардаги фигура

Мо медонем, ки инкишофи сусти ҷисмонии кўдак ба халалдор шудани қадду қомат, нодурустии қомат боиси душвор шудани фаъолияти узвҳои дарунӣ мегардад, ки ба бадшавии минбаъдаи инкишофи ҷисмонӣ оварда мерасонад.

Қомати инсон яке аз хислатҳои инкишофи ҷисмонии ў маҳсуб мешавад, ки аз рўи ҳамин нишондоди ҷобаҷошавии андом чун ҷадвал ва мутобиқати дарозӣ ва вазни бадан арзёбӣ мегардад.

Тавре ки мо медонем, қомат метавонад дуруст ва нодуруст бошад. Қомат бештар аз дараҷаи инкишофи мушакҳо вобаста аст. Дар синни наврасӣ, вақте ки инкишофи босуръати тамоми ҷисм ба амал меояд, аз ҳаракати кам, тарзи ҳаёти камҳаракат хатари пайдоиши нуқсҳои гуногуни қомат афзоиш меёбанд.

Устухонбандии сутунмўҳра, аз ин рў ҳатто каҷшавии кам ба тарафи рост ё чап бояд чун беруншавӣ аз меъёр муоина гардад Қомати ба ҷойивазкунии узвҳои дохилии узвҳои дарунӣ ва қафаси сина ва коҳишёбии кори онҳо мусоидат менамояд.

Сутунмўҳра аз мўҳраҳои алоҳидаи зиёд иборат аст. Дар мобайни ҳар як мўҳра сурохӣ мавҷуд аст (расми 3), ки ба сурохиҳои дигар мўҳраҳо мувофиқат мекунад. Ҳамаи мўҳраҳо дар якҷоягӣ гўё, ки нақберо ташкил медиҳанд, ки дар он ҳароммағз ҷойгир шудааст. Ба рост ва ба чап чун шохаҳо аз танаи дарахт аз ҳароммағз асабҳои ҷуфт мегузаранд. Байни мўҳраҳо инчунин сурохиҳо мавҷуданд, ки бо он асабҳо ба ҳамаи узвҳои дохилӣ гузашта, фаъолияти онро танзим менамояд.

Акнун биёед тасаввур кунем, ки дар ким-кадом қисми сутунмўҳра хамшавии шадид ба амал омад, ки ба тарафе сурохиро танг ё аз ҷойи худ беҷо сохт. Харобшавӣ ё осеби асаб рўй дод. Ин метавонад ба халалдоршавии танзими муқаррарии узви муайян биёварад ва билохира ба пайдошавии ин ва ё он беморӣ.

Дар ҳоли қомати дуруст сутунмўҳра ва кафи пойҳо чандириро соҳиб мегардад ва бо ин ҳаракатҳо асабоният ва ғайраро нарм месозанд. Ин чиз махсусан ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ муҳим аст. Инсонро лозим меояд, ки дар снарядҳои гимнастикӣ, давидан, ҷаҳидан ба баландӣ ва дарозӣ машғулият гузаронад. Бо осебёбии қомат қобилияти чандирии сутунмўҳра ва қисматҳои поёнӣ коҳиш ва хатари гирифтани осеб меафзояд.

Сабаби асосии беҷошавии қад заиф будани мушакҳои бадан мебошад. Мушакии инкишофнаёфта наметавонанд дар ҳолати рост сутунмўҳраро нигаҳ дорад ва он тадриҷан каҷ мегардад.

Машғулиятҳои пайваста бо машқҳои ҷисмонӣ ва варзиш ба мустаҳкамшавии мушакҳо, ташаккули қаду қомати дуруст мусоидат менамояд. Мушакҳои мустаҳкам ва пурқувват ба нигоҳ доштани сутунмўҳра дар ҳолати рост мусоидат мекунанд.

Барои пешгирии нуқсони қомат маҷмўъи машқҳоро пешниҳод менамоем, ки зарур аст, ки ҳар субҳ иҷро гарданд.

Машқҳо бо предметҳо (ашё, таҷҳизот, асбоб)

  1. Ҳолати муқаррарӣ (ҲМ) – ҳолати асосӣ, дастҳо дар сатҳи сина хам. 1-3 – ҳаракат додани дастҳо ба ақиб то наздикшавӣ ба шона. 4 –ҳолати муқаррарарӣ 5-6 маротиба.
  1. ҲМ – пойҳо баробари китф. 1-2 – дасти ростро ба боло бардошта, ба оринҷ хам карда ва ба пушт поён сохтан, дасти чапро ба пушт бурдан, кўшидан лозим, ки панҷаҳои ҳарду дастро васл ё пайвандед; 3-4 – ҳолати дастҳоро иваз кардан 5-6 маротиба.

Ин машқҳоро мумкин аст бо гузоштани предметҳо (тупи теннис, қалам ва ғайра) аз як даст ба дасти дигар иҷро намуд.

  1. ҲМ – Ба зону истодан, дастҳо ба поён, 1-3 – қат шуда, ба ақиб хам

шудан, бо дастон панҷаҳои пойро доштан; 4 – қабул кардани ҲМ – 5-6

маротиба.

  1. ҲМ – ҳолати кушодаи пойҳо, дастҳо ба ду тараф. 1 – ба пеш хам

шуда, бо нўги ангуштони дасти рост нўги пойи чапро доштан; 2 – хам шу-

да, бо нўги ангуштони дасти чап нўги пойи ростро доштан; 3 – ҳ.о. 6-8 ма-

ротиба.

  1. Ҳ.о. – нишаст ба пойҳо, дастон ба китфҳо. 1-3 – ба қисмат (қафас)-

и синаи сутунмўҳра хам шуда, оҳиста ба ақиб хам шудан; 4 – ҳамин

машқро 5-6 маротиба такрор намоед.

Маҷмўи 2 (расми 5)

Машқҳо дар назди девор

  1. ҲМ – дар назди девор рост истода бо пушти сарро ба он расон-

дан, бо шонаҳо, қисматҳои поён ва кафи пойҳо. 1-3 – се қадам ба пеш гу-

зошта кўшидан, ки қомат рост нигоҳ дошта шавад; 4-6 – се қадам ба ақиб

– дурустии қоматро назорат кардан. 3-4 маротиба.

Р а с м и 5

  1. ҲМ – айнан ҳамон машқ, аммо дастҳо ба боло.1-3 нишаст ба ка-

мар рост, бо канда нашудани пушти сар ва гардан аз девор; 4-6 –ҲМ – 3-4

маротиба такрори машқ.

  1. ҲМ – айнан ҳамон ҳолат, аммо дастҳо ба поён. 1-3 – пои ростро

бардошта, зонуи хамшударо ҳар чӣ бештар боло карда, бо дастон доштан,

такяро ба девор нигоҳ доштан. 4. ҲМ – 5-6 маротиба бо ҳар пой.

  1. ҲМ – айнан ҳамон ҳолат, вале дастҳо ба боло, 1-3 – мувозинат ба

девор, пушти сар ва панҷаи пой риоя карда, миёнро хам ва боло кардан,

  1. ҲМ – 5-6 маротиба такрори машқ.
  2. ҲМ – айнан ҳамон ҳолат, аммо дастҳо ба поён. 1-3-ҳаракати дас-

тон ба пеш, ба тарафҳо ба миён иҷро кард, такя ба деворро бо панҷ

нуқтаҳои дар боло зикршуда нигоҳ дошт; 4 –ҲМ – 3-4 маротиба бо

ҳаракатҳои гуногуншакли дастон.

Маҷмуи 3 (расми 6)

Машқ бо ашёҳо дар болои сар (аз халтачаҳои регдор метавон истифо-

да бурд)

  1. ҲМ – ҳолати асосӣ, дастҳо дар миён. Роҳравӣ дар муддати 40-50

сония, ҳолати муқаррариро нигоҳ доштан

  1. ҲМ – ҳолати асосӣ, дастҳо ба поён. 1 – дастҳоро ба боло бардош-

тан; 2 – дастҳо ба тарафҳо; 3-4 – нишаст, дастҳо ба пеш; 5-7 – оҳиста хес-

тан, дастҳо ба пеш; 8 – дастҳо ба поён. 4-5 маротиба.

1 2 3 4

Р а с м и 6

  1. ҲМ – ҳолати асосӣ. 1-3 – мувозинатро нигаҳ дошта, баланд бар-

доштани пои ба зону хамшуда; 4 – ҲМ. 3-4 маротиба ҳар пой.

  1. ҲМ – ҳолати асосӣ. Аз болои хати рост ё чўб роҳ рафтан, мувози-

нат ва қоматро дуруст (рост) нигоҳ дошта, 35-40 сония.

Кафҳои пой ба қомат таъсири калон мегузоранд. Ҳамвории кафҳои

пой (расми 7) эҳсоси дардро ба вуҷуд меоварад, зуд хасташавиро ҳам.

Барои пешгирии иллат ҳамвории кафҳои пой чанде аз машқҳоро, ки

мустаҳкамкунандаи мушакҳои кафҳоянд (расми 8) тавсия месозем.

  1. ҲМ – ҳолати асосӣ, кафҳо рост, дастҳо поён. 1-2 вазнинии бадан-

ро ба ангуштҳои пой равона кард, панҷаҳоро аз фарш канда кардан; 3-4 –

ғел додан бо панҷаҳо, ангуштони пойро ба боло бардоштан. 6-8 маротиба.

а б в г

Р а с м и 7.

Шакли кафҳо: а – нима, б – мўътадил, в – пурра, г – ҳамвор.

Р а с м и 8.

Ин машқҳоро мумкин аст рост бо чўб, респон ва ғайра иҷро намуд.

  1. Роҳравӣ бо нўги пой, зонуҳоро хам нокарда.
  2. Ҳолати муқаррарӣ – дар миз нишаста, дастҳо дар миён. Ашёҳои

хурд (тўб барои тенниси рўи миз, қуръа, қаламҳо ва ғайра) бо ангуштони

пой дошта ва аз як ҷо ба ҷои дигар гузоштан.

Барои пешгирии нуқсонҳои қомат машқҳоеро иҷро намоед, ки вобас-

та ба ҳаракатҳо ба боло: боло кашидан, партоб додани тўби баскетбол ба

ҳалқа, овезишҳо дар банд, монеъаҳо ва ғайра.

ВАРЗИШ

Машқ ба ҳама муфид Барои инкишофу обутоб

Машқ ба ҳама лозим Бо варзиш шуғл намо

Аз танбаливу беморӣ Обутоб ёбед, бачаҳо!

Наҷотдиҳанда ин аст. Варзиш – ура!

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …