Главная / Маданият ва санъат / ПРОГРАММА – СУПОРИШ БА КОМПЮТЕР

ПРОГРАММА – СУПОРИШ БА КОМПЮТЕР

Тарзи кори компютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле шабоҳат дорад. Дар ҳар ду маврид ҳам аз берун информатсия қабул карда шуда, дар ягон қисми муайяни онҳо нигоҳ дошта мешавад. Баъд информатсияи мавҷуда кор карда баромада шуда, тағйир дода мешавад ё бо дигар информатсия муқоиса карда мешавад.

Натиҷаҳои ҳосилшуда дар шакли информатсияи нав боз ба берун интиқол карда мешаванд.

Новобаста аз чунин монандӣ, байни майнаи инсон ва компютер тафовути калон вуҷуд дорад. Майнаи инсон чун узви олитарини организми зинда хосиятҳои биологиеро соҳиб аст, ки онҳо ба мошинҳо хос нестанд. Муҳимтарин қобилияти майнаи инсон аз он иборат аст, ки вай метавонад вобаста аз информатсияи ба он дохилгашта, масъалаҳои дар наздаш гузошта шударо бо яке аз усулҳои беҳтарин ҳал намояд, ки онҳоро касе пешакӣ муайян накарда бошад. Компютер бошад, таҷҳизоти электронӣ буда, барои иҷро намудани ин ё он кор супориши пешакии махсусро талаб мекунад.

exnologiyai-info-3

Супориши компютерӣ бояд ҳамаи марҳилаҳои ҳалли масъаларо аниқ ва қатъӣ дар бар гирад. Танҳо ҳангоми иҷрошавии ҳамин шарт компютер метавонад ягон вазифаро иҷро намояд. Супориши компютериро одатан программа мегўянд.

Программа аз маҷмўи командаҳо иборат аст. Компютер пайдарпай командаҳои программаро иҷро намуда, вазифаи ба ўҳдааш гузошташударо иҷро менамояд ва натиҷаҳои кори худро пешкаши истифодабаранда мегардонад.

Истифодабарандагони компютерҳо метавонанд аз программаҳои тайёр истифода баранд ва ё онҳоро худашон созанд. Имрўзҳо садҳо ҳазор маҷмўи (пакет) программаҳо сохта шудаанд, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Онҳо амалан тамоми самтҳои фаъолияти инсонро фаро гирифтаанд. Бо ёрии программаҳо дар компютер ҳам бозиҳои ҷангҳои кайҳониро идора намудан ва ҳам масъалаҳои душвортарини математикиро ҳал кардан мумкин аст. Ба воситаи онҳо амалиёти молиявиро гузаронидан ва чун мошини чопкунӣ, тарзи дохилкунии матнро аз худ намудан мумкин аст. Хулоса, чунин масъалаеро ҳоло ном бурдан хеле душвор аст, ки онро ба воситаи компютер иҷро намудан ғайри имкон бошад.

Вобаста аз вазифаи дар назди компютер гузошташуда, командаҳои программа метавонанд хеле содда ё хеле мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Тоҷик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду се команда истифода бурда шавад. Вале барои сохтани ягон бозии электронии оддитарин ҳазорон командаҳо заруранд.

Хушбахтона, барои он ки шумо ҳар дафъа бо бозии дўстдоштаатон машғул шуда тавонед, ба шумо лозим намеояд, ки ҳамаи он командаҳоро аз нав ба компютер дохил намоед. Программаҳоро дар дискҳои магнитӣ як маротиба сабт намуда, онҳоро якчанд маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Маҷмўи программаҳои мошиниро таъминоти программавии он меноманд. Таъминоти программавии компютерҳои ҳозиразамон аз садҳо ҳазор программаҳои гуногун иборат аст. Баъзеи онҳоро программаҳои системавӣ, баъзеашонро программаҳои амалӣ, баъзеашонро забонҳои программасозӣ ва ғайра мегўянд.

Саволҳо:

  1. Байни компютер ва майнаи инсон чӣ умумият ҳаст?
  2. Компютер аз майнаи инсон чӣ тафовут дорад?
  3. Программа чист?
  4. Таъминоти программавӣ гуфта чиро мефаҳмед?
  5. Кадом намудҳои программаҳоро медонед?

Супориш:

  1. Матни оид ба мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Оиди ба имкониятҳои компютер ва программаҳои компютерӣ фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …