Главная / Маданият ва санъат / ПРОГРАММА – СУПОРИШ БА КОМПЮТЕР

ПРОГРАММА – СУПОРИШ БА КОМПЮТЕР

Тарзи кори компютер ба тарзи кори майнаи инсон хеле шабохат дорад. Дар хар ду маврид хам аз берун информатсия кабул карда шуда, дар ягон кисми муайяни онхо нигох дошта мешавад. Баъд информатсияи мавчуда кор карда баромада шуда, тагйир дода мешавад ё бо дигар информатсия мукоиса карда мешавад.

Натичахои хосилшуда дар шакли информатсияи нав боз ба берун интикол карда мешаванд.

Новобаста аз чунин монанди, байни майнаи инсон ва компютер тафовути калон вучуд дорад. Майнаи инсон чун узви олитарини организми зинда хосиятхои биологиеро сохиб аст, ки онхо ба мошинхо хос нестанд. Мухимтарин кобилияти майнаи инсон аз он иборат аст, ки вай метавонад вобаста аз информатсияи ба он дохилгашта, масъалахои дар наздаш гузошта шударо бо яке аз усулхои бехтарин хал намояд, ки онхоро касе пешаки муайян накарда бошад. Компютер бошад, тачхизоти электрони буда, барои ичро намудани ин ё он кор супориши пешакии махсусро талаб мекунад.

exnologiyai-info-3

Супориши компютери бояд хамаи мархилахои халли масъаларо аник ва катъи дар бар гирад. Танхо хангоми ичрошавии хамин шарт компютер метавонад ягон вазифаро ичро намояд. Супориши компютериро одатан программа мегуянд.

Программа аз мачмуи командахо иборат аст. Компютер пайдарпай командахои программаро ичро намуда, вазифаи ба ухдааш гузошташударо ичро менамояд ва натичахои кори худро пешкаши истифодабаранда мегардонад.

Истифодабарандагони компютерхо метавонанд аз программахои тайёр истифода баранд ва ё онхоро худашон созанд. Имрузхо садхо хазор мачмуи (пакет) программахо сохта шудаанд, ки онхо дар халли масъалахои хаёти ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Онхо амалан тамоми самтхои фаъолияти инсонро фаро гирифтаанд. Бо ёрии программахо дар компютер хам бозихои чангхои кайхониро идора намудан ва хам масъалахои душвортарини математикиро хал кардан мумкин аст. Ба воситаи онхо амалиёти молиявиро гузаронидан ва чун мошини чопкуни, тарзи дохилкунии матнро аз худ намудан мумкин аст. Хулоса, чунин масъалаеро холо ном бурдан хеле душвор аст, ки онро ба воситаи компютер ичро намудан гайри имкон бошад.

Вобаста аз вазифаи дар назди компютер гузошташуда, командахои программа метавонанд хеле содда ё хеле мураккаб бошанд. Масалан, барои он ки дар экрани компютер калимаи «Точик» пайдо шавад, кифоя аст, ки ду се команда истифода бурда шавад. Вале барои сохтани ягон бозии электронии оддитарин хазорон командахо заруранд.

Хушбахтона, барои он ки шумо хар дафъа бо бозии дустдоштаатон машгул шуда тавонед, ба шумо лозим намеояд, ки хамаи он командахоро аз нав ба компютер дохил намоед. Программахоро дар дискхои магнити як маротиба сабт намуда, онхоро якчанд маротиба истифода бурдан мумкин аст.

Мачмуи программахои мошиниро таъминоти программавии он меноманд. Таъминоти программавии компютерхои хозиразамон аз садхо хазор программахои гуногун иборат аст. Баъзеи онхоро программахои системави, баъзеашонро программахои амали, баъзеашонро забонхои программасози ва гайра мегуянд.

Саволхо:

  1. Байни компютер ва майнаи инсон чи умумият хаст?
  2. Компютер аз майнаи инсон чи тафовут дорад?
  3. Программа чист?
  4. Таъминоти программави гуфта чиро мефахмед?
  5. Кадом намудхои программахоро медонед?

Супориш:

  1. Матни оид ба мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Оиди ба имкониятхои компютер ва программахои компютери фикратонро дар дафтар баён намоед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …