Главная / Илм / ПАНЕЛИ МАСЪАЛАҲО

ПАНЕЛИ МАСЪАЛАҲО

Панели масъалаҳо (Панель задач – Taskbar) яке элементҳои асосии идоракунии системаи оператсионии Windows ба шумор меравад. Ин панел дар қисми поёнии Мизи корӣ ҷойгир буда, дар он элементҳои зиёди идоракунӣ ё информатсионӣ ҷой дода шудаанд. Яке аз элементҳои хеле муҳими Панели масъалаҳо тугмаи Пуск (Оғоз – Start) ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он Менюи асосии система кушода мешавад.

Дар Панели масъалаҳо одатан нишонаҳои хурдкардашудаи папкаҳо ё программаҳои кушодашуда ва ҳуҷҷатҳои муваққатан раванди корашон қатъгардонидашуда, нишон дода мешаванд. Барои корро бо онҳо давом додан, кифоя аст, ки нишонаи лозимиро аз панели масъалаҳо ҷудо намоем.

Дар Панели масъалаҳо ҳамчунин метавонад тугмае намудор бошад, ки он барои аз реҷаи алифбои русӣ (Ru) ба лотинӣ (En) ва баръакс, баргардонидани клавиатура хизмат расонад. Ба ғайр аз ин тугма, дар системаи Windows, барои клавиатураро аз реҷаи русӣ ба лотинӣ ва баръакс баргардонидан, аз пахши якҷояи тугмаҳои Alt ва Shift истифода мебаранд. Агар ҳангоми пахши ин тугмаҳо реҷаи клавиатура тағйир наёбад, он гоҳ тугмаҳои Ctrl ва Shift -ро санҷидан лозим аст.

paneli-asosi

Ҳамин тариқ, аз Панели масалаҳо дидан мумкин аст, ки чӣ миқдор объектҳои система кушода шудаанд. Баъзан нусхаҳои зиёди як ҳуҷҷат кушода мешаванд, ки ин албатта ба фоидаи кор нест. Ҳангоми кушодани шумораи зиёди ҳуҷҷатҳо суръати кори компютер сусттар мешавад ва дар хотираи фаврии он фазои холии корӣ камтар мемонад. Дар инмаврид информатсияи дар Панели масъалаҳо маҳфузбуда имконият медиҳад, ки ҳуҷҷатҳои нолозим сари вақт пўшида шаванд.

Дар Панели масъалаҳо ҳамчунин тугмаҳои индикатсионии программаҳои системавӣ ҷой дода мешаванд, ки онҳо характери информатсионӣ доранд. Масалан, индикатори вақти ҷории компютерӣ аз ҷумлаи чунин тугмаҳо ба ҳисоб меравад.

Агар барои коркарди ҳуҷҷатҳо майдони кории васеътар зарур бошад, он гоҳ Панели масъалаҳоро аз экран муваққатан бардоштан мумкин аст. Ин амалро бо ёрии командаи Менюи асосӣ ПускНастройкаПанель задач и меню «Пуск»… (ОғозТанзимкунӣПанели масъалаҳо ва менюи «Оғоз»…) амалӣ гардонидан мумкин аст. Ҳангоми иҷрои ин команда равзанаи робитавии Свойства: Панель Задач (Хосиятҳои Панели масъалаҳо) кушода мешавад. Дар ин равзана тугмаи қабатии Параметры панель задач (Параметрҳои панели масъалаҳо)-ро пахш намуда, дар квадратчаи сатри Автоматически убирать с экрана (Ба таври автоматӣ аз экран бардошта шавад) аломати байрақча – мегузорем. Пас аз пахши тугмаи Ok Панели масъалаҳо аз экран бардошта мешавад. Агар мо хоҳем, ки Панели масъалаҳои пинҳоншударо дар экран бинем, кифоя аст, ки нишондиҳандаи мушро ба хати ҳудудии поёнии Мизи корӣ гузорем. Ҳангоми ба дигар ҷо бурдани нишондиҳандаи муш, Панели масъалаҳо аз нав аз экран ғайб мезанад. Барои аз нав дар Мизи корӣ барқарор кардани Панели масъалаҳо зарур аст, ки командаи болоиро аз нав такрор намоем ва аз квадратча аломати -ро бардорем.

Қайд намудан зарур аст, ки Панели масъалаҳо метавонад дар дигар қисмҳои ҳудудии Мизи корӣ (рост, чап, боло) низ ҷойгир шавад.

Саволҳо:

  1. Панели масъалаҳо объекти Windows аст ё элементи идоракунии он?
  2. Панели масъалаҳо асосан дар кадом қисми Мизи корӣ ҷойгир карда мешавад?
  3. Функсияҳои Панели масъалаҳо аз чиҳо иборатанд?
  4. Элементҳои асосии Панели масъалаҳо кадомҳоянд?
  5. Бо кадом роҳ Панели масъалаҳоро аз экран муваққатан бардоштан мумкин аст?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Дар экран Панели масъалаҳоро нишон диҳед ва элементҳои дар он ҷойгиршударо муоина намоед.
  3. Равзанаҳои папкаи хусусӣ ва зерпапкаҳои онро кушоед ва онҳоро ба воситаи Панели масъалаҳо фаъол гардонед.
  4. Панели масъалаҳоро аз экран муваққатан бардоред ва аз нав онро барқарор намоед.
  5. Ба воситаи пахши дукаратаи индикатори соати компютер равзанаи Свойства: Дата и время (Хосиятҳо: Таърихи рўз ва вақт)-ро фаъол гардонед, онро аз назар гузаронед ва баъд пўшед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …