Главная / Варзиш / Пайдоиши тарбияи ҷисмони ва варзиш

Пайдоиши тарбияи ҷисмони ва варзиш

Машқҳои чисмонӣ ханӯз дар давраҳои қадим пайдо шудаанд. Ба одамони нахустин шабу рӯз лозим меомад, ки худро аз ҳуҷуми ҳайвон- ҳои дарранда, аз кувваҳои табиат муҳофизат кунанд ва барои худ ризқу рӯзӣ пайдо намоянд. Баъзан шикорчиён худ тӯъмаи ҳайвонхои дарран- да ва офатҳои табиӣ мегаштанд. Танҳо зӯртаринҳо, чобуктаринхо ва пуртоқаттаринҳо зинда мемонданд.

Ҳангоми ризқу рӯзӣ пайдо намудан ва барои муҳофизати худ одамоназ санг ва чӯб истифода мекарданд. Ҳангоми аз ҳайвонхои дарранда гурехтан медавиданд, аз монеъахои гуногун хазида ё худ ҷахида мегузаштанд, барои шаб паноҳ шудан ба болои дарахт мебаро- маданд.

Охиста-охиста одамон фаҳмиданд, ки натиҷаи ин ё он харакат аз усулҳои муайян вобастагӣ дорад. Масалан, пас аз партофтанхои зиёд санг дуртар меафтад. Инсон ҳангоми қоматашро каме ба пеш хам кардан зудтар медавад, агар пеш аз ҷаҳидан каме бидавад – дуртар хоҳад ҷаст. Ин усулхоро тахлил намуда, одамон аз онҳо ҳангоми меҳнат ва шикор истифода мебурданд. Ҳамин тавр зина ба зина шак- лхои маданияти ҳаракатҳое, ки дар оянда қисми асосии тарбияи ҷисмо-

123

Такрори ҳаракагҳо, машқхо барои на танхо хубтар иҷро намуда- ни ҳаракат, балки барои такмили тамоми узвхои бадан низ ёрӣ меди- ҳанд. Дар вақтҳои холӣ одамон на танҳо дам мегирифтанду вақтхушӣ мекарданд, онҳо инчунин худ ва фарзандони худро аз душвориҳои ҳаёт, ба ҳимоя аз душманон тайёр менамуданд. Бо мақсади омодагӣ машқҳои гуногуни ҷисмониро истифода мекарданд. Масалан, дар шаҳри қадимии Спартаи Юнони Қадим кӯдакон, наврасон, ҷавонони 7 – 20-сола рӯзи дароз дар мактабхои махсус таълим мегирифтанд. Онҳо бо қадамзанй, ҷаҳидан, партофтан машғул мешуданд.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …