Главная / Гуногун / ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Ҳукумати шӯравӣ ҳанӯз соли 1988 соҳибкориро дар шак- ли кооперативҳо иҷозат дода бошад ҳам, дар шаҳрҳои Тоҷикистон одамон ҳатто дар аввали солҳои 90 аз ин тағйирот камтар хабар доштанд. Дар деҳот ҳанӯз ҳам мардум гӯё дар за- мони шӯравӣ мезистанд ва бо қоидаҳои бозору тиҷорат камтар ошно буданд.

Масалан, соле баъд, ки бо тиҷорати таҷҳизоти барқ машғул будам, бо корхонаи ресандагии ноҳияи Восеъ барои бо таҷҳизоти барқ муҷаҳҳаз кардани он қарордод бастам. Ин кори тахассусии пурзаҳмат буд. Ман бо ронандаам – Исмоил ва як нафар му- ҳандиси ширкатамон – Бобокалонов ду моҳ дар деҳаи Гулдара, дар хонаи дӯсте зиндагӣ кардем. Ин дӯст тибқи расми тоҷикӣ моро ҳамчун меҳмон қабул карда буд ва ҳеч ҷуброне барои иқомат намепазируфт.

Рӯзе баъд аз ҷаласаи корӣ бо раиси ноҳия ба шаҳри Кӯлоб рафтам. Қарор кардам, ки аз бозор камтар маҳсулот бихарам, то каме ҳам бошад, хиҷолатамро дар ивази заҳмати меҳмондории он хонавода кам кунад. Бозори шаҳри Кӯлоб тақрибан холӣ буд. Ҳамагӣ ду-се нафар сабзавот мефурӯхтанд. Духтаре картошка мефурӯхт. Ним халта картошка дошт.

Ман нарх пурсидам:

  • Картошка чандӣ?
  • Чорунимӣ, – ҷавоб дод ӯ.
  • Арзон мешавад? – тибқи расми бозор савдо карданӣ шу- дам ман.
  • Чорӣ бигирен, – пешниҳод кард ӯ.
  • Ҳамагӣ чанд кило доред?
  • Даҳ-дувоздаҳ кило, – ҷавоб дод ӯ.
  • Агар севунимӣ диҳед, ҳамаша мегирам, – як кори некро дуто карданӣ шудам ман, ҳам картошкаи бештаре ба мизбо- нон мебарам, ҳам ин духтарро аз заҳмати ин ҷо истодан халос мекунам.

Ҷавоби ӯ маро гиҷ кард:

  • Севунимӣ фақат ду кило дода метавонам.
  • Чӣ?! Чаро? – бо тааҷҷуб пурсидам ман.
  • Охир худам севу ҳафтодупанҷӣ харидам, – ҷавоб дод ӯ.

Мағзи ман як лаҳза аз кор монд. Оҳиста-оҳиста ба даркам расид: ин духтари софу сода, ки аз алифбои савдо хабар надошт, аз арзонкунии ман хулоса бароварда буд, ки чун ман исрор кардам, ҳатто ба зиёни худ ҳам бошад, бояд гузашт кунад. Ба ҳар кило 25 тинӣ ҷамъан панҷоҳ дирам ба зиёни худаш ба ман гузашт карданӣ буд.

Чуноне ки зикр шуд, пас аз муомилаи аввалин, на танҳо пули зиёд ба даст овардам, балки раиси корхонаи сохтмонӣ маро ҳамчун нафари боэътимод ба раисони дигар низ шинос кард. Ман якбора чанд қарордод бастам ва корам ором-ором боз ҳам равнақ мегирифт.

Он вақтҳо алоқа бо деҳа ва падару модарам мисли имрӯза набуд. Аз ҳоли онҳо зиёд иттилоъ надоштам ва намедонистам, ки онҳо дар чӣ ҳоланд, зеро ба аҳволи худам банд будам. Ният кардам ба зиёрати падару модар ва наздикон биравам. Якбора қарордодҳои зиёд, ки баста будам, мехостам як сафари як ё дурӯза рафта баргардам, то ки назм дар корҳо халал наёбад. Вале рафтан воҷиб буд, чун муддати зиёд аз ҳолашон хабар надоштам.

Бародари хурдиям Абдулҳаким он замон дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд ва ҳар тобистон роҳхат гирифта, ба Бемористони шаҳри Панҷекат барои таҷрибаомӯзӣ мерафт. Рӯзе, ки ман ба хонаи падар расидам, нисфирӯзии рӯзи корӣ буд, вале ӯ ба ҷои он ки дар бемористон бошад, дар хона буд. Ман аз дидори ӯ шод шуда бошам ҳам, бо тааҷҷуб пурсидам:

  • Ту чаро дар бемористон нестӣ?
  • Роҳпулӣ набуд, нарафтам, – гуфт ӯ.
  • Чаро аз додом нагирифтӣ? – намефаҳмидам ман. Мо дар оила падарро «додо» мегӯем.
  • Он кас аз куҷо гиранд? – зери лаб гуфт ӯ.

Ин вақт падару модар ҳам, ки ба дидорашон муштоқ шуда будам, аз хона баромаданд. Пас аз оғӯшу канор, ба сари дастар- хон даъват шудем. Одатан, дар оилаи мо вақте касе аз роҳи дур ояд, ҳатман гӯсфанде мекуштанд, хешовандону ҳамсоягон ҷамъ мешуданд ва гарм пазироӣ мекарданд. Ман ҳам интизор будам, ки ҳоло падарам ба яке мегӯянд, ки:

  • Рав, Содиқҷонро гӯй, омада гӯсфанда кушад.

Модарам хонаи кадбонуҳои ҳамсоя кас мефиристанд, то биёянду дегҳоро тасфонанд.

Вақте мо бачча будем, дар ҷашну маросимҳо хешовандони дуру наздик як-ду ҳафта пеш ба хонаи соҳибмаърака меома- данд ва то тамом шудани маърака мемонданд. Занҳо хамир мемолиданду нон мебастанд, оши палаву угрову барак ва бисёр таомҳои лазизи дигар мепухтанд. Мардҳо дар замин оташдони махсус сохта, дегҳои калони ошпазиро мешинонданд. Ҳезум мешикастанд, сабзӣ реза мекарданд, гӯшт пора мекарданд. Хона пур аз равуо мешуд. Тамоми мардуми тааллуқдори деҳа рӯзи тӯйҳо дастархон карда, муборакбодӣ меомаданд. Мо баччаҳо, гоҳ сари дег медавидему гоҳ сари оташдон, ба ҳама халал ме- расондем. Ҳамаи ин як фазои тантанавии хосро эҷод мекард.

Агар касе аз аҳли хонавода аз сафари дуру дароз ҳам баргар- дад, хона пур аз хешовандону нишоту равуо ва зиёфат мешуд ва фазо гарм мегашт. Ман ҳам ҳоло як чунин чизеро интизор будам. Чунки ману оилаам анқариб як сол ба хонаи падарӣ наомада будем.

Вале фазо комилан сард буд, касе паи хабар кардани хешо- вандон набуд. Рӯйи дастархон ғайр аз ду нони обпарида чизе надошт, холӣ буд. Модарам дар як табақ хӯроки чоштро овар- данд, ки макарони бирён буд. Ман бо ҳайрат ба ин ҳама мени- гаристам. Тааҷҷубам боло гирифту пурсидам:

  • Чизи дигаре ҳам доред?

Модарам:

  • Ҳаминро хӯрем, боз Худо медиҳад, – гуфта ҷавоб доданд. Кунҷковиям боло гирифту рафта, дари яхдонро кушодам. Дар даруни яхдон танҳо як бидончае буд, ки то нимаш ҷурғот дош- ту халос. Одат карда будам, ки яхдони хонаамон пур аз анвои хӯрданӣ бошад.

Оҳиста-оҳиста ба даркам мерасид, ки аҳволи хона хеле та- наззул кардааст. Баргашта, аз модарам пурсидам, ки оё дар оғил гӯсфанд ҳаст? Модарам бо тамкини ҳамешагӣ:

  • Рама дур, баргардад, мегирем, – гуфта ҷавоб доданд.

Дигар бароям ҳама чиз равшан шуд. Агар дар хона як сум набошад, ки Абдулҳаким роҳпулӣ карда, шаҳр ба бемористон барои таҷрибаомӯзӣ равад, пас дигараш маълум. Ин як соле, ки ман тиҷорат оғоз кардам, он қадр машғулу саргарми кор будам, ки боре ҳам хабар надоштам, ки ин ҷо чӣ мегузарад?

  • Чаро ба ман хабар нафиристодед, ки пул нест? – норози- ёна пурсидам.
  • Агар мегуфтем, чӣ кор мекардӣ? – савол доданд падарам.
  • Ман пул дорам, мефиристодам, – гуфтам.
  • Ту аз куҷо пул дорӣ, донишгоҳа нав тамом кардӣ, худата саришта кунӣ, мо хурсанд, – гуфтанд падарам бодиққат ба ман нигариста.
  • Не, ман пули зиёд кор кардам, мегуфтед, мефиристодам, – гуфтам ва пурсидам:
  • Калиди мошин куҷост?

Ҳоли мошини падарам беҳтар аз ҳоли хона набуд. Чархҳояш кӯҳна шуда буданду аз бебензинӣ чанд вақт гирон ҳам нашуда буд.

Аз бензинфурӯши ҳамсоя бензин овардему бо мошин ба бозори деҳаи Навобод рафта, харид кардем ва хонаро чи тавре ки мебоист, ба тӯйхона табдил додем.

Рӯзи дигар, ман аз волидон хоҳиш кардам, ки ба ман фотеҳа диҳанд, то ки зудтар баргашта, корро идома диҳам. Падарам ғайриинтизор:

  • Ҳамроҳ меравем, – гуфтанд.

Ман аз ҳайрат худам надониста:

  • Барои чӣ? – гуфтам беихтиёр.
  • Меравем, хонаи харидагиатро мебинем, мошинро таъмир мекунем, – гуфтанд.

Хурсандии маро ҳадду канор набуд! Бо мошин меравем! Ман мошини падарамро бисёр дӯст медоштам. Дар он замону макон «Волга»-и мо беҳтарин мошин буд. Ҳамон соли аввале, ки давлат Волгаро ба падарам барои қадрдонии хизматашон туҳфа карда буд, ман онро як-як дуздида ҳай мекардам. Он бачагӣ ҳанӯз ҳам дар ботинам монда буд.

Ману падарам ва Абдулҳаким ба роҳ баромадем. Тақрибан, як рӯз дар роҳ гузашт, чархҳои фарсудаи мошин гаштаву бар- гашта мекафиданд. Бегоҳ дер расидем. Дар хонаи наве, ки дар маҳаллаи Зарафшон пеш аз рафтан харида будам, шом хӯрда хобидем.

Субҳи барвақт хеста, омодаи корравӣ шудам, ки падарам боз ҳам:

  • Бо мошин ҳамроҳ меравем, – гуфтанд.
  • Шумо дирӯз монда шудед, дам гиред, ман бо автобус ме- равам, – гуфтам, қабул накарданд.

Он рӯз мувофиқи қарори пешакӣ, ки пеш аз рафтан гузошта будам, бояд як фурӯшанда барои мо тахта тайёр мекард ва мо онро кашонда бурда, ба анбори Вазорати сохтмон, ки қарордоди харидуфурӯш доштем, месупурдем. Ман як ёрдамчӣ ҳам до- штам, ки корҳои қабули бор, кашондану супоридани онро анҷом медод. Бо фурӯшанда вохӯрда, борро дидему ҳисобӣ карда, ёрдамчиро мондам, ки боркашониро назорат кунад ва аз он ҷо ба Вазорат рафта, бо масъули анборҳояш вохӯрда гуф- там, ки бор аз рӯи қарордод имрӯз ба анборашон кашонда мешавад. Вақте падарам ҳамаи ин корҳоро бо чашми худашон диданд ва ба қонунӣ будани даромади ман бовар карданд, бо табассум гуфтанд:

  • Агар ту ин хел кор кардан гирӣ, ҳамаи пули дунёро ҷамъ мекунӣ, баъд, дигарон бечораҳо чӣ кор мекунанд?

Бори аввал дар ин ду рӯзи охир чеҳраи падарам кушода буд ва дар лабонашон табассум сайр мекард. Падари азизи ман, ки ҳама умр дар низоми шӯравӣ кор карда буданд, ба мисли он духтари содаи кӯлобӣ, аз тағйири низом ва алифбои тиҷорат хабар надоштанд, намедонам дар он ду рӯз то роҳу равиши пулёбии маро донистан, чӣ фикрҳое аз сарашон гузашта буд. Шояд дар он ду рӯз нон ба сахтӣ аз гулӯяшон гузашта бошад. Ҷузъиёти тиҷорати маро пайгирӣ кардани падарам дар ёди ман суҳбатҳои тарбиявии худашон ва модарамро дар боби фарқи ҳарому ҳалол бори дигар зинда кард ва сабақ шуд, ки ҳамеша дар кор парҳезкор бошам, инсофро риоя намоям ва саъй кунам, ки ҳаққи касеро нахӯрам.

Ду рӯз падарам меҳмони ман буданд ва вақте ки ман он касро ба деҳа бурдам, «мошинро бар, он ба ту заруртар аст, бе ин ҳам ин ҷо бекор мехобад» гуфта, мошинашонро ба ман туҳфа карданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

korea

Муборизаи миллию озодихоҳии халқи Корея

Дар Корея ҳукмрон шудани истилогаронн Ҷопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онҳо мардумро …