Главная / Гуногун / ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

ПАДАРАМ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Хукумати шурави хануз соли 1988 сохибкориро дар шак- ли кооперативхо ичозат дода бошад хам, дар шахрхои Точикистон одамон хатто дар аввали солхои 90 аз ин тагйирот камтар хабар доштанд. Дар дехот хануз хам мардум гуё дар за- мони шурави мезистанд ва бо коидахои бозору тичорат камтар ошно буданд.

Масалан, соле баъд, ки бо тичорати тачхизоти барк машгул будам, бо корхонаи ресандагии нохияи Восеъ барои бо тачхизоти барк мучаххаз кардани он карордод бастам. Ин кори тахассусии пурзахмат буд. Ман бо ронандаам – Исмоил ва як нафар му- хандиси ширкатамон – Бобокалонов ду мох дар дехаи Гулдара, дар хонаи дусте зиндаги кардем. Ин дуст тибки расми точики моро хамчун мехмон кабул карда буд ва хеч чуброне барои икомат намепазируфт.

Рузе баъд аз чаласаи кори бо раиси нохия ба шахри Кулоб рафтам. Карор кардам, ки аз бозор камтар махсулот бихарам, то каме хам бошад, хичолатамро дар ивази захмати мехмондории он хонавода кам кунад. Бозори шахри Кулоб такрибан холи буд. Хамаги ду-се нафар сабзавот мефурухтанд. Духтаре картошка мефурухт. Ним халта картошка дошт.

Ман нарх пурсидам:

  • Картошка чанди?
  • Чоруними, – чавоб дод у.
  • Арзон мешавад? – тибки расми бозор савдо кардани шу- дам ман.
  • Чори бигирен, – пешниход кард у.
  • Хамаги чанд кило доред?
  • Дах-дувоздах кило, – чавоб дод у.
  • Агар севуними дихед, хамаша мегирам, – як кори некро дуто кардани шудам ман, хам картошкаи бештаре ба мизбо- нон мебарам, хам ин духтарро аз захмати ин чо истодан халос мекунам.

Чавоби у маро гич кард:

  • Севуними факат ду кило дода метавонам.
  • Чи?! Чаро? – бо тааччуб пурсидам ман.
  • Охир худам севу хафтодупанчи харидам, – чавоб дод у.

Магзи ман як лахза аз кор монд. Охиста-охиста ба даркам расид: ин духтари софу сода, ки аз алифбои савдо хабар надошт, аз арзонкунии ман хулоса бароварда буд, ки чун ман исрор кардам, хатто ба зиёни худ хам бошад, бояд гузашт кунад. Ба хар кило 25 тини чамъан панчох дирам ба зиёни худаш ба ман гузашт кардани буд.

Чуноне ки зикр шуд, пас аз муомилаи аввалин, на танхо пули зиёд ба даст овардам, балки раиси корхонаи сохтмони маро хамчун нафари боэътимод ба раисони дигар низ шинос кард. Ман якбора чанд карордод бастам ва корам ором-ором боз хам равнак мегирифт.

Он вактхо алока бо деха ва падару модарам мисли имруза набуд. Аз холи онхо зиёд иттилоъ надоштам ва намедонистам, ки онхо дар чи холанд, зеро ба ахволи худам банд будам. Ният кардам ба зиёрати падару модар ва наздикон биравам. Якбора карордодхои зиёд, ки баста будам, мехостам як сафари як ё дуруза рафта баргардам, то ки назм дар корхо халал наёбад. Вале рафтан вочиб буд, чун муддати зиёд аз холашон хабар надоштам.

Бародари хурдиям Абдулхаким он замон дар Донишгохи тибби мехонд ва хар тобистон роххат гирифта, ба Бемористони шахри Панчекат барои тачрибаомузи мерафт. Рузе, ки ман ба хонаи падар расидам, нисфирузии рузи кори буд, вале у ба чои он ки дар бемористон бошад, дар хона буд. Ман аз дидори у шод шуда бошам хам, бо тааччуб пурсидам:

  • Ту чаро дар бемористон нести?
  • Рохпули набуд, нарафтам, – гуфт у.
  • Чаро аз додом нагирифти? – намефахмидам ман. Мо дар оила падарро «додо» мегуем.
  • Он кас аз кучо гиранд? – зери лаб гуфт у.

Ин вакт падару модар хам, ки ба дидорашон мушток шуда будам, аз хона баромаданд. Пас аз огушу канор, ба сари дастар- хон даъват шудем. Одатан, дар оилаи мо вакте касе аз рохи дур ояд, хатман гусфанде мекуштанд, хешовандону хамсоягон чамъ мешуданд ва гарм пазирои мекарданд. Ман хам интизор будам, ки холо падарам ба яке мегуянд, ки:

  • Рав, Содикчонро гуй, омада гусфанда кушад.

Модарам хонаи кадбонухои хамсоя кас мефиристанд, то биёянду дегхоро тасфонанд.

Вакте мо бачча будем, дар чашну маросимхо хешовандони дуру наздик як-ду хафта пеш ба хонаи сохибмаърака меома- данд ва то тамом шудани маърака мемонданд. Занхо хамир мемолиданду нон мебастанд, оши палаву угрову барак ва бисёр таомхои лазизи дигар мепухтанд. Мардхо дар замин оташдони махсус сохта, дегхои калони ошпазиро мешинонданд. Хезум мешикастанд, сабзи реза мекарданд, гушт пора мекарданд. Хона пур аз равуо мешуд. Тамоми мардуми тааллукдори деха рузи туйхо дастархон карда, муборакбоди меомаданд. Мо баччахо, гох сари дег медавидему гох сари оташдон, ба хама халал ме- расондем. Хамаи ин як фазои тантанавии хосро эчод мекард.

Агар касе аз ахли хонавода аз сафари дуру дароз хам баргар- дад, хона пур аз хешовандону нишоту равуо ва зиёфат мешуд ва фазо гарм мегашт. Ман хам холо як чунин чизеро интизор будам. Чунки ману оилаам анкариб як сол ба хонаи падари наомада будем.

Вале фазо комилан сард буд, касе паи хабар кардани хешо- вандон набуд. Руйи дастархон гайр аз ду нони обпарида чизе надошт, холи буд. Модарам дар як табак хуроки чоштро овар- данд, ки макарони бирён буд. Ман бо хайрат ба ин хама мени- гаристам. Тааччубам боло гирифту пурсидам:

  • Чизи дигаре хам доред?

Модарам:

  • Хаминро хурем, боз Худо медихад, – гуфта чавоб доданд. Кунчковиям боло гирифту рафта, дари яхдонро кушодам. Дар даруни яхдон танхо як бидончае буд, ки то нимаш чургот дош- ту халос. Одат карда будам, ки яхдони хонаамон пур аз анвои хурдани бошад.

Охиста-охиста ба даркам мерасид, ки ахволи хона хеле та- наззул кардааст. Баргашта, аз модарам пурсидам, ки оё дар огил гусфанд хаст? Модарам бо тамкини хамешаги:

  • Рама дур, баргардад, мегирем, – гуфта чавоб доданд.

Дигар бароям хама чиз равшан шуд. Агар дар хона як сум набошад, ки Абдулхаким рохпули карда, шахр ба бемористон барои тачрибаомузи равад, пас дигараш маълум. Ин як соле, ки ман тичорат огоз кардам, он кадр машгулу саргарми кор будам, ки боре хам хабар надоштам, ки ин чо чи мегузарад?

  • Чаро ба ман хабар нафиристодед, ки пул нест? – норози- ёна пурсидам.
  • Агар мегуфтем, чи кор мекарди? – савол доданд падарам.
  • Ман пул дорам, мефиристодам, – гуфтам.
  • Ту аз кучо пул дори, донишгоха нав тамом карди, худата саришта куни, мо хурсанд, – гуфтанд падарам бодиккат ба ман нигариста.
  • Не, ман пули зиёд кор кардам, мегуфтед, мефиристодам, – гуфтам ва пурсидам:
  • Калиди мошин кучост?

Холи мошини падарам бехтар аз холи хона набуд. Чарххояш кухна шуда буданду аз бебензини чанд вакт гирон хам нашуда буд.

Аз бензинфуруши хамсоя бензин овардему бо мошин ба бозори дехаи Навобод рафта, харид кардем ва хонаро чи тавре ки мебоист, ба туйхона табдил додем.

Рузи дигар, ман аз волидон хохиш кардам, ки ба ман фотеха диханд, то ки зудтар баргашта, корро идома дихам. Падарам гайриинтизор:

  • Хамрох меравем, – гуфтанд.

Ман аз хайрат худам надониста:

  • Барои чи? – гуфтам беихтиёр.
  • Меравем, хонаи харидагиатро мебинем, мошинро таъмир мекунем, – гуфтанд.

Хурсандии маро хадду канор набуд! Бо мошин меравем! Ман мошини падарамро бисёр дуст медоштам. Дар он замону макон «Волга»-и мо бехтарин мошин буд. Хамон соли аввале, ки давлат Волгаро ба падарам барои кадрдонии хизматашон тухфа карда буд, ман онро як-як дуздида хай мекардам. Он бачаги хануз хам дар ботинам монда буд.

Ману падарам ва Абдулхаким ба рох баромадем. Такрибан, як руз дар рох гузашт, чарххои фарсудаи мошин гаштаву бар- гашта мекафиданд. Бегох дер расидем. Дар хонаи наве, ки дар махаллаи Зарафшон пеш аз рафтан харида будам, шом хурда хобидем.

Субхи барвакт хеста, омодаи коррави шудам, ки падарам боз хам:

  • Бо мошин хамрох меравем, – гуфтанд.
  • Шумо дируз монда шудед, дам гиред, ман бо автобус ме- равам, – гуфтам, кабул накарданд.

Он руз мувофики карори пешаки, ки пеш аз рафтан гузошта будам, бояд як фурушанда барои мо тахта тайёр мекард ва мо онро кашонда бурда, ба анбори Вазорати сохтмон, ки карордоди харидуфуруш доштем, месупурдем. Ман як ёрдамчи хам до- штам, ки корхои кабули бор, кашондану супоридани онро анчом медод. Бо фурушанда вохурда, борро дидему хисоби карда, ёрдамчиро мондам, ки боркашониро назорат кунад ва аз он чо ба Вазорат рафта, бо масъули анборхояш вохурда гуф- там, ки бор аз руи карордод имруз ба анборашон кашонда мешавад. Вакте падарам хамаи ин корхоро бо чашми худашон диданд ва ба конуни будани даромади ман бовар карданд, бо табассум гуфтанд:

  • Агар ту ин хел кор кардан гири, хамаи пули дунёро чамъ мекуни, баъд, дигарон бечорахо чи кор мекунанд?

Бори аввал дар ин ду рузи охир чехраи падарам кушода буд ва дар лабонашон табассум сайр мекард. Падари азизи ман, ки хама умр дар низоми шурави кор карда буданд, ба мисли он духтари содаи кулоби, аз тагйири низом ва алифбои тичорат хабар надоштанд, намедонам дар он ду руз то роху равиши пулёбии маро донистан, чи фикрхое аз сарашон гузашта буд. Шояд дар он ду руз нон ба сахти аз гулуяшон гузашта бошад. Чузъиёти тичорати маро пайгири кардани падарам дар ёди ман сухбатхои тарбиявии худашон ва модарамро дар боби фарки харому халол бори дигар зинда кард ва сабак шуд, ки хамеша дар кор пархезкор бошам, инсофро риоя намоям ва саъй кунам, ки хакки касеро нахурам.

Ду руз падарам мехмони ман буданд ва вакте ки ман он касро ба деха бурдам, «мошинро бар, он ба ту заруртар аст, бе ин хам ин чо бекор мехобад» гуфта, мошинашонро ба ман тухфа карданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …