Главная / Маданият ва санъат / Азимтарин оят дар Қуръон

Азимтарин оят дар Қуръон

Аз Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) ривоят шудааст, ки  Расулуллоҳ (с) фармуд:

quron

  • Эй Абӯмунзир, оё медонӣ кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?

Дар посух гуфтам:

  • Аллоҳ ва Расулаш (с) беҳтар медонанд.

Дубора Расулуллоҳ (с) пурсид:

  • Эй Абӯмунзир, оё медонӣ, ки кадом ояти Қуръон дар назди ту аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтар аст?

Ҷавоб додам, ки:

  • “Ояти Курсӣ” аз ҳамаи оятҳои Қуръон бартару азимтар мебошад.

Ҳазрати Убай ибни Каъб (раз) мефармояд: Расулуллоҳ (с) дасти муборакро бар синаам ниҳод ва фармуд:

  • Эй Абӯмунзир, ин илму биниш бар ту муборак бод!

Аз ин ҳадис маълум мегардад, ки «Ояту-л-Курсӣ» аз ҳамаи оятҳои Қуръон азимтару бартар мебошад. Ин оят ба ин хотир ба нисбати оятҳои дигар муҳимтару бартар мебошад, ки дар ин оят тавҳиди зоти Илоҳӣ ва сифоти Илоҳӣ баён гардидааст.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

amonati-bonki

Чӣ гуна дар Тоҷикистон қарз бигирем ки пушаймон нашавем?

Кортҳои кредитии муосир ба мо имкон медиҳанд, ки бидуни мунтазир кардани музди кор, сафар, убур …