Главная / Гуногун / Ҷон номи Одам

Ҷон номи Одам

Ҷон Стед аслан зодаи Инглис буд ва тиҷорати пахта кас- би хонаводагияш. Нақл мекард, ки бобояш корхонаи ресандагӣ доштааст. Дар аввалҳои асри бист ҳукумати инглис барномае рӯи даст гирифта буд, ки корхонаҳои ресандагиро аз кишвар берун кунад. Ӯ мегуфт ҳукумат ба соҳибони корхонаҳои ресандагӣ ва бофандагӣ ба ивази бастан ё аз кишвар берун бур- дани корхонаашон пули калон медод. Бобои Ҷон зери фишори молӣ маҷбур шуда буд, пул гирифта, корхонаашро бандад.

Ҷон ба касби бобояш дил баста, тоҷири соҳаи пахта шуда буд. Солҳои дароз дар кишварҳои мухталиф ҳамчун намояндаи ширкатҳои пахта кор карда, ниҳоят дар Амрико маскун гашт. Ӯ дар тиҷорати пахта донишу таҷрибаи зиёд дошта, дар дунёи пахта хеле маъруф буд ва бо камоли майл донишу таҷрибаи худро ба ҷавонон меомӯхт.

Ман бо Ҷон Стед, дӯстии хеле наздик пайдо карда будам. Ӯ ба ман на фақат дӯст, балки устод ва бародар гашта буд. Тамоми ҷузъиёти тиҷорати пахтаро ба ман омӯзонда буд. Соле ду-се бор ба Тоҷикистон меомад, ду-се бори дигар маро ҳамроҳаш ба конфронсҳои пахта дар Тошканду Ливерпул бурда, бо ҳамаи тоҷирон ва дигар мутахассисони соҳа шинос карда буд. Ба хо- наи мо меҳмон шуда, ҳамаи оилаамонро хуб мешинохт, ман ҳам аҳли оилаашро мешинохтам ва самимона дӯст медоштам.

Насиҳатҳои Ҷон роҳнамои ман дар тиҷорат ва ҳатто рози муваффақиятам будааст. Ӯ мегуфт, ки тоҷир бояд дарозмуддат андешад. Яке аз пандҳое, ки Ҷон ба ман додааст, ин буд, ки дар муомилаи тиҷоратӣ ҳарду тараф бояд баранда бошанд. Пеш аз ҳама, муомила бояд шаффоф бошад ва риояи инсоф тақозо мекунад, ки ҳарду тарафи қарордод фоида бинанд. Дар ин ҳол ҳамкорӣ бардавом ва пурбаракат мешавад, ки ин рози муваффақият дар тиҷорат аст. Дар акси ҳол нобоварӣ ва норозигӣ ба миён омада, сабабгори қатъи ҳамкорӣ ё даъвову низоъ мешавад. Ман ин насиҳати ӯро, ки мантиқи қавӣ дорад, ба ҷон пазируфтам ва ҳамеша саъй кардам, ки аз инсоф нагузарам ва хушбахтона, метавонам бо итминон бигӯям, ки дар аксари кулли мавридҳо ҳампаймонҳоям дӯст гаштаанд. Шаффофият ва инсоф ҷой барои нобовариву низоъ нагузоштаанд.

Соле, ки Абдулҳаким дар Амрико таҳсил мекард, Ҷон ва хонумаш сарпарасти ӯ буданд ва ҳар сари чанд вақт ӯро ба хона- ашон даъват мекарданд. Ҳамроҳи ӯ дар мактаби пахта чанд на- фар аз Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷии Ӯзбакистон низ мехонданд. Номи яке аз онҳо Асадулло буд ва бо Абдулҳаким дӯстӣ дошт. Ӯ баччаи зарофатгӯй буд. Боре ӯ низ ҳамроҳи Аб- дулҳаким ба хонаи Ҷон меҳмон шуда будааст ва тавила ё ис- табли барҳаво ва зебои Ҷонро муҷаҳҳаз бо ҳама шароит дида, ба Абдулҳаким гуфтааст: «Беҳтар буд, ки ман дар Амрико асп зода шавам, то дар Ӯзбакистон одам».

Инглисҳо дар дунё бо шӯхтабъии хос маъруфанд. Ҷон аз ин қоида истисно набуд.

Рӯзе сари чошт дар меҳмонии Ҷон моҳӣ мехӯрдем. Умуман мо тоҷикҳо моҳӣ кам мехӯрем. Абдулҳаким бо корду чангол чанде саъй кард ва душворӣ кашида, аз Ҷон пурсид:

  • Мистер Стэд, иҷозат ҳаст ман бо дастҳоям бихӯрам?

Ҷон билофосила ҷавоб дод:

  • Метавонӣ бо пойҳоят бихӯрӣ.

Ман ба кӯҳу кӯҳнавардӣ иштиёқи зиёд дорам. Аз ин сабаб мошини махсуси кӯҳнавардӣ харида будам. Ин мошини «Ни- ва»-и тавлиди Русия буд. Ин мошин дар муқоиса бо аналогҳои хориҷияш, мошини хубе нест. Имтиёзи асосияш нархи нисбатан пасташ аст вагарна дар роҳатӣ, масрафи сӯхт ва ғайра нисбат ба ҳамтоҳои хориҷияш хеле бадтар аст. Бахусус сифати бади мошинҳои истеҳсоли Шӯравӣ дар хориҷа вирди забонҳост.

Рӯзе бо Ҷон нияти сайри кӯҳ кардем. Вақте аз офис берун омадем, ранги сафеди «Нива»-и напа-нави ман дар офтоб ме- дурахшид. Ман аз Ҷон:

  • Мошини ҷипи ман ба ту маъқул аст? – гуфта пурсидам.
  • Мошини ҷипи ту ба ту маъқул аст? – баргардонд Ҷон.

Бо хонуми Ҷон – Ҷени ман шинос ва дӯст будам. Ҷени низ мисли Ҷон шахси наҷибест. Ҷени дар кӯча ҳеч гоҳ аз назди як саг ё гурбаи маҷрӯҳ бетафовут гузашта наметавонист. Онҳоро ба мошини худ савор карда меовард ва табобат мекард. Ин буд, ки ҳавлияш пур аз сагу гурба буд. Ӯ метавонист соатҳо дар бораи онҳо, аз куҷо ва дар чӣ ҳол ёфтанаш, нақл кунад. Вақ- ти дар бораи ҳоли зори онҳо нақл кардан, чашмонаш пуроб мешуданд. Ман ҳам ҳар вақт ки аз Тоҷикистон занг мезадам, ҳатман аз сагу гурбаҳояш мепурсидам.

Мардуми кишвари мо ва умуман, мардумони кишварҳои ҷаҳони ба истилоҳ, дувуму севум орзу мекунанд, ки дар киш- варҳои ғарбӣ зиндагӣ кунанд. Ҷузъиёти зиндагии онҳоро надо- ниста, фикр мекунанд, ки дар ғарб ҳама сӯ ҷӯйҳои шир равон аст. Рифоҳи мардуми кишварҳои ғарбӣ маҳсули талоши соки- нонаш будааст, ки агар мо ҳам миён бандем, зиндагиамонро бо назму тартиб хуб ташкил карда метавонем. Вале тавре зикраш рафт, зиндагии одамон дар олами сармоя мушкилоти хоси худашро дорад.

Бори аввал вақте ки ман ба Амрико рафтам, Ҷон мизбони ман буд. Ман дар иди «Рӯзи сипос» (Thanksgiving) ба хонаи ӯ меҳмон ҳам шуда будам. Ӯ маро аз меҳмонхона бо мошини модели «Ренҷ Ровер»-и гаронқимати худ гирифта, ба хонааш бурд. Хонааш дар дохили ҷангал дар ҷои хушобуҳавое хеле боҳашамат сохта шуда буд. Ӯ дар назди хонааш тавила ё ис- табле ҳам дошт, ки дар он чанд сар аспро нигаҳдорӣ мекард. Ҷон ва Ҷени дар назари аввал барои худашон як ҳаёти ормоние ташкил карда буданд, вале тавре ки баъд маълум шуд, он ҳама шукӯҳу ҷалолро бо вомҳо сохта будааст. Мутаассифона, Ҷон дар охири ҳаёташ ба маризии сахте – саратони сурхрӯда мубтало ва бознишаста шуд. Ману Абдулҳаким ба аёдати ӯ рафтем. Ӯ моро бо мошини хурди хонумаш пешвоз гирифт. Мошинаш- ро пас аз бознишаста шудан бонк гирифта буд. Хонаашро низ барои пардохти воми маскан ба фурӯш гузошта буданд. Аз он зиндагии ормонӣ санге рӯи санг намонда буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …