Главная / Гуногун / Чон номи Одам

Чон номи Одам

Чон Стед аслан зодаи Инглис буд ва тичорати пахта кас- би хонаводагияш. Накл мекард, ки бобояш корхонаи ресандаги доштааст. Дар аввалхои асри бист хукумати инглис барномае руи даст гирифта буд, ки корхонахои ресандагиро аз кишвар берун кунад. У мегуфт хукумат ба сохибони корхонахои ресандаги ва бофандаги ба ивази бастан ё аз кишвар берун бур- дани корхонаашон пули калон медод. Бобои Чон зери фишори моли мачбур шуда буд, пул гирифта, корхонаашро бандад.

Чон ба касби бобояш дил баста, точири сохаи пахта шуда буд. Солхои дароз дар кишвархои мухталиф хамчун намояндаи ширкатхои пахта кор карда, нихоят дар Амрико маскун гашт. У дар тичорати пахта донишу тачрибаи зиёд дошта, дар дунёи пахта хеле маъруф буд ва бо камоли майл донишу тачрибаи худро ба чавонон меомухт.

Ман бо Чон Стед, дустии хеле наздик пайдо карда будам. У ба ман на факат дуст, балки устод ва бародар гашта буд. Тамоми чузъиёти тичорати пахтаро ба ман омузонда буд. Соле ду-се бор ба Точикистон меомад, ду-се бори дигар маро хамрохаш ба конфронсхои пахта дар Тошканду Ливерпул бурда, бо хамаи точирон ва дигар мутахассисони соха шинос карда буд. Ба хо- наи мо мехмон шуда, хамаи оилаамонро хуб мешинохт, ман хам ахли оилаашро мешинохтам ва самимона дуст медоштам.

Насихатхои Чон рохнамои ман дар тичорат ва хатто рози муваффакиятам будааст. У мегуфт, ки точир бояд дарозмуддат андешад. Яке аз пандхое, ки Чон ба ман додааст, ин буд, ки дар муомилаи тичорати харду тараф бояд баранда бошанд. Пеш аз хама, муомила бояд шаффоф бошад ва риояи инсоф такозо мекунад, ки харду тарафи карордод фоида бинанд. Дар ин хол хамкори бардавом ва пурбаракат мешавад, ки ин рози муваффакият дар тичорат аст. Дар акси хол нобовари ва норозиги ба миён омада, сабабгори катъи хамкори ё даъвову низоъ мешавад. Ман ин насихати уро, ки мантики кави дорад, ба чон пазируфтам ва хамеша саъй кардам, ки аз инсоф нагузарам ва хушбахтона, метавонам бо итминон бигуям, ки дар аксари кулли мавридхо хампаймонхоям дуст гаштаанд. Шаффофият ва инсоф чой барои нобовариву низоъ нагузоштаанд.

Соле, ки Абдулхаким дар Амрико тахсил мекард, Чон ва хонумаш сарпарасти у буданд ва хар сари чанд вакт уро ба хона- ашон даъват мекарданд. Хамрохи у дар мактаби пахта чанд на- фар аз Вазорати робитахои иктисодии хоричии Узбакистон низ мехонданд. Номи яке аз онхо Асадулло буд ва бо Абдулхаким дусти дошт. У баччаи зарофатгуй буд. Боре у низ хамрохи Аб- дулхаким ба хонаи Чон мехмон шуда будааст ва тавила ё ис- табли бархаво ва зебои Чонро мучаххаз бо хама шароит дида, ба Абдулхаким гуфтааст: «Бехтар буд, ки ман дар Амрико асп зода шавам, то дар Узбакистон одам».

Инглисхо дар дунё бо шухтабъии хос маъруфанд. Чон аз ин коида истисно набуд.

Рузе сари чошт дар мехмонии Чон мохи мехурдем. Умуман мо точикхо мохи кам мехурем. Абдулхаким бо корду чангол чанде саъй кард ва душвори кашида, аз Чон пурсид:

  • Мистер Стэд, ичозат хаст ман бо дастхоям бихурам?

Чон билофосила чавоб дод:

  • Метавони бо пойхоят бихури.

Ман ба куху кухнаварди иштиёки зиёд дорам. Аз ин сабаб мошини махсуси кухнаварди харида будам. Ин мошини «Ни- ва»-и тавлиди Русия буд. Ин мошин дар мукоиса бо аналогхои хоричияш, мошини хубе нест. Имтиёзи асосияш нархи нисбатан пасташ аст вагарна дар рохати, масрафи сухт ва гайра нисбат ба хамтохои хоричияш хеле бадтар аст. Бахусус сифати бади мошинхои истехсоли Шурави дар хорича вирди забонхост.

Рузе бо Чон нияти сайри кух кардем. Вакте аз офис берун омадем, ранги сафеди «Нива»-и напа-нави ман дар офтоб ме- дурахшид. Ман аз Чон:

  • Мошини чипи ман ба ту маъкул аст? – гуфта пурсидам.
  • Мошини чипи ту ба ту маъкул аст? – баргардонд Чон.

Бо хонуми Чон – Чени ман шинос ва дуст будам. Чени низ мисли Чон шахси начибест. Чени дар куча хеч гох аз назди як саг ё гурбаи мачрух бетафовут гузашта наметавонист. Онхоро ба мошини худ савор карда меовард ва табобат мекард. Ин буд, ки хавлияш пур аз сагу гурба буд. У метавонист соатхо дар бораи онхо, аз кучо ва дар чи хол ёфтанаш, накл кунад. Вак- ти дар бораи холи зори онхо накл кардан, чашмонаш пуроб мешуданд. Ман хам хар вакт ки аз Точикистон занг мезадам, хатман аз сагу гурбахояш мепурсидам.

Мардуми кишвари мо ва умуман, мардумони кишвархои чахони ба истилох, дувуму севум орзу мекунанд, ки дар киш- вархои гарби зиндаги кунанд. Чузъиёти зиндагии онхоро надо- ниста, фикр мекунанд, ки дар гарб хама су чуйхои шир равон аст. Рифохи мардуми кишвархои гарби махсули талоши соки- нонаш будааст, ки агар мо хам миён бандем, зиндагиамонро бо назму тартиб хуб ташкил карда метавонем. Вале тавре зикраш рафт, зиндагии одамон дар олами сармоя мушкилоти хоси худашро дорад.

Бори аввал вакте ки ман ба Амрико рафтам, Чон мизбони ман буд. Ман дар иди «Рузи сипос» (Thanksgiving) ба хонаи у мехмон хам шуда будам. У маро аз мехмонхона бо мошини модели «Ренч Ровер»-и гаронкимати худ гирифта, ба хонааш бурд. Хонааш дар дохили чангал дар чои хушобухавое хеле бохашамат сохта шуда буд. У дар назди хонааш тавила ё ис- табле хам дошт, ки дар он чанд сар аспро нигахдори мекард. Чон ва Чени дар назари аввал барои худашон як хаёти ормоние ташкил карда буданд, вале тавре ки баъд маълум шуд, он хама шукуху чалолро бо вомхо сохта будааст. Мутаассифона, Чон дар охири хаёташ ба маризии сахте – саратони сурхруда мубтало ва бознишаста шуд. Ману Абдулхаким ба аёдати у рафтем. У моро бо мошини хурди хонумаш пешвоз гирифт. Мошинаш- ро пас аз бознишаста шудан бонк гирифта буд. Хонаашро низ барои пардохти воми маскан ба фуруш гузошта буданд. Аз он зиндагии ормони санге руи санг намонда буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …