Главная / Гуногун / ОЛАМИ МОРО ИҲОТАКУНАНДА

ОЛАМИ МОРО ИҲОТАКУНАНДА

Барои он ки ба саволҳои марбут ба олами моро иҳотакунанда посух гӯем, ба мо аъзои ҳис: чашм, гӯш, бинӣ, дастҳо, забон ва пӯст кӯмак мерасонанд.

Бо ёрии чашмон мо ҳайвонот ва растаниро, дигар одамонро, ғуруби Офтобро, оби кӯлҳоро, дарёҳоро, паррандагони ба осмон парвоз кунандаро ва бад-ин монанд чизҳоро мебинем.

Тавассути гӯшҳо мо виззоси пашшаю хомӯшакҳо ва дигар ҳашаротро; хониши паррандагон, садои шамол, овози нақлиёти ҳаракаткунанда; ак-аки сагон, суҳбати одамон ва дигар овозҳоро мешунавем.

Тавассути бинӣ мо ҳар гуна бӯйҳоро мушаххас мекунем. Аз рӯйи маза себи ши- ринро ва лимӯйи турш фарқ мекунем.

darsi-tabiatshinosi

Табиат – ин тамоми олами моддие мебошад, ки моро иҳота кардааст. Ҳар он чй мо мебинем, онро ламе мекунем. Табиат ва қисмҳои он барои он моддй ҳастанд, ки ба аъзои ҳисси мо таъсир мерасонанд.

Моро садҳо чизу ашё иҳота мекунанд, ки ҷисмҳо номида мешаванд. Баъзе аз онҳо аз тарафи инсон сохта пгудаанд ва баъзеи дигарашон бошад бо роҳҳои табий ба вуҷуд омадаанд. Аз ин рӯ, чизу ашёе, ки аз тарафи одамон сохта шудаанд, ҷисмҳои сунъй номида мешаванд.

Ба онҳо дохил мешаванд: табар, бел, путкча ва гайра. Дигар чизу ашёро ҷисмҳои табий меноманд: Ба онҳо дохил мешаванд: хок, кухдо, санг, per, растаниҳо, ҳайвонот ва ҳамчунин Моху Офтоб.

Сайёраҳо, Офтоб ва дигар ситораҳо олами чизу ашёи бузургро -макрооламро ташкил медиҳанд.

Дар қатори онҳо дар табиат ашёи кӯчак низ мавҷуд мебошанд. Онҳоро танҳо бо ёрии асбобҳои калонкунанда, мисли микроскоп ва лупа дидан мумкин аст. Таври мисол, бактерияҳо, вирусҳо ва гайраро.

Табиат ба зинда ва ғайризинда ҷудо мешавад. Ба табиати зинда дохил мешавад: растаниҳо, ҳайвонот, ҳашарот ва одам. Онҳо таваллуд мешаванд, ба камол мерасанд, афзоиш меёбанд ва нобуд мешаванд.

Ҳаво, об, хок, санг ва дигар ашё ба табиати гайризинда дохил мешаванд. Онҳо ғизо намегиранд, нашъу намо намеёбанд, зиёд намешаванд ва аз байн намераванд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

аллаи модар

Аллаи Модар

Матни суруди – Шеъри АЛЛАИ МОДАР Бибиҷони дилбаста, Дар рӯйи кат нишаста: Кати нарми бобоӣ …