Главная / Гуногун / ОЛАМИ МОРО ИХОТАКУНАНДА

ОЛАМИ МОРО ИХОТАКУНАНДА

Барои он ки ба саволхои марбут ба олами моро ихотакунанда посух гуем, ба мо аъзои хис: чашм, гуш, бини, дастхо, забон ва пуст кумак мерасонанд.

Бо ёрии чашмон мо хайвонот ва растаниро, дигар одамонро, гуруби Офтобро, оби кулхоро, дарёхоро, паррандагони ба осмон парвоз кунандаро ва бад-ин монанд чизхоро мебинем.

Тавассути гушхо мо виззоси пашшаю хомушакхо ва дигар хашаротро; хониши паррандагон, садои шамол, овози наклиёти харакаткунанда; ак-аки сагон, сухбати одамон ва дигар овозхоро мешунавем.

Тавассути бини мо хар гуна буйхоро мушаххас мекунем. Аз руйи маза себи ши- ринро ва лимуйи турш фарк мекунем.

darsi-tabiatshinosi

Табиат – ин тамоми олами моддие мебошад, ки моро ихота кардааст. Хар он чй мо мебинем, онро ламе мекунем. Табиат ва кисмхои он барои он моддй хастанд, ки ба аъзои хисси мо таъсир мерасонанд.

Моро садхо чизу ашё ихота мекунанд, ки чисмхо номида мешаванд. Баъзе аз онхо аз тарафи инсон сохта пгудаанд ва баъзеи дигарашон бошад бо роххои табий ба вучуд омадаанд. Аз ин ру, чизу ашёе, ки аз тарафи одамон сохта шудаанд, чисмхои сунъй номида мешаванд.

Ба онхо дохил мешаванд: табар, бел, путкча ва гайра. Дигар чизу ашёро чисмхои табий меноманд: Ба онхо дохил мешаванд: хок, кухдо, санг, per, растанихо, хайвонот ва хамчунин Моху Офтоб.

Сайёрахо, Офтоб ва дигар ситорахо олами чизу ашёи бузургро -макрооламро ташкил медиханд.

Дар катори онхо дар табиат ашёи кучак низ мавчуд мебошанд. Онхоро танхо бо ёрии асбобхои калонкунанда, мисли микроскоп ва лупа дидан мумкин аст. Таври мисол, бактерияхо, вирусхо ва гайраро.

Табиат ба зинда ва гайризинда чудо мешавад. Ба табиати зинда дохил мешавад: растанихо, хайвонот, хашарот ва одам. Онхо таваллуд мешаванд, ба камол мерасанд, афзоиш меёбанд ва нобуд мешаванд.

Хаво, об, хок, санг ва дигар ашё ба табиати гайризинда дохил мешаванд. Онхо гизо намегиранд, нашъу намо намеёбанд, зиёд намешаванд ва аз байн намераванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …