Главная / Биология / Оилаи чиноракҳо (чакамуғиҳо)

Оилаи чиноракҳо (чакамуғиҳо)

Оилаи чиноракҳо зиёда аз 2000 хели растаниҳоро дарбар гирифта, онҳо асосан дар минтақаҳои иқлимашон мӯътадил ва хунуки кураи Замин васеъ паҳн шудаанд. Дар Тоҷикистон 112 хели онхо маълуманд. Чиноракҳо растаниҳои алафии як ё бисёрсола буда, баъзан дар шакли нимбуттаву бутта ва растаниҳои лианмонанд (чӯброст) вомехӯранд. Решаашон тирреша ё дар баъзе хелҳо патакреша буда, дар аксари дигари хелҳояшон решапоя мебошанд.

Расми 17. Растаниҳои оилаи чиноракҳо
Расми 17. Растаниҳои оилаи чиноракҳо

Ҷойгиршавии барги чиноракҳо дар поя ба таври навбатӣ буда, паҳнаки баргашон пармонанд, панҷашакл, паррадор ё яклухт мебошад.

Андоза (қутр), шакл, ранг ва сохти гули растаниҳои ба оилаи чиноракҳо тааллукдошта хеле гуногунанд. Гулпӯшашон содда ва дучанда аст. Микдори гардбаргҳояшон бисёр буда, меваашон бар- гак ё чормағзмонанди кушоданашаванда аст. Дар баъзе хелҳояшон мева шакли ғучуммева ё ғӯзаро дошта, тухмашон майда мебошад.

Чиноракҳо бештар дар ҷойҳои сернами доманакӯҳҳо то баланд- кӯҳҳои хунук васеъ паҳн гардида, дар соҳили дарёву ҷӯйҳо, марғзор- ҳо ва баъзе хелҳояшои дар канору дохили обҳои сустхаракат, кӯлхо ва обпартовҳо нашъунамо мекунанд.

Дар байни растаниҳои ба оилаи чиноракҳо мансуббуда, ки охи- ри фасли баҳор гул мекунанд, авлоди чинорак маъмул аст.

Чинорак. Дар Тоҷикистон 40 хели чинорак маълум аст. Онҳо растаниҳои яксола, бисёрсола буда, баргашон пармонанд, панҷашакл, паррадор ё яклухт аст. Гулашон аз 5 ё 6-7 гулбарги рангаш зард иборат аст.

Аксарияти хелҳои чинорак растанихои заҳрнок мебошанд. Зеро дар таркибашон гликозидҳои заҳрнок мавҷуд асг, ки агар ба пӯсти одам расад, ҷояш сӯзиш мекунад. Баъди хушконидан онҳо хосияти заҳрнокиашонро гум мекунанд. Бинобар он, баъзе хелҳои чинорак, ки дар шароити баландкӯҳҳо нашъунамо мекунанд, ҳамчун хӯроки чорво (бузу гӯсфандон) мавриди истифода мебошанд.

Шақоиқ (бодгул) растании бисёрсолаи патакреша, решапоя ва ё лӯндарешадор мебошад. Пояаш як ё 2-3-то буда, то 35 см қад мекашад. Испарак растании бисёрсолаи алафӣ буда, аз 10 то 150 см қад мекашад. Дар Тоҷикистон 17 намуди худрӯи испарак мерӯяд. Онҳо дар дашту марғзор, пиставу челонзор, буттаву арчазор ва дар ҷан- галзорҳои дарахтонаш паҳнбарг дар баландии аз 600 м то 5000 м аз сатҳи баҳр дучор меоянд. Баргашон панҷашакл, ранги гулбарги гулашон кабуд, бунафш, гулобӣ, зард, сафед мебошад. Гулкуниа- шон аз моҳи май то сентябр давом мекунад.кашад. Баргаш панҷашакл, гулаш калон—калони яктогӣ ё дар ғунчагули чатрмонанд ҷойгирифта мебошад. Ранги гулбаргҳояш сурх, зард, сафеди гулобтоб буда, мевааш байзашакл (тухммонанд) мебошад. Давраи гулшукуфти шақоик вобаста ба хелҳояш аз моҳи март то моҳи май давом мекунад. Шақоиқ растании рӯшноидӯст буда, дар Тоҷикистон 9 хели он вомехӯрад. Дар Тоҷикистон беш- тар шақоики бухороӣ, бойсунӣ, Черняева ва шақоиқи ёзида хелҳои аз ҳама бисёр паҳншуда мебошанд. Шақоиқ низ ба мисли чинорак заҳрнок мебошад.

Қариб ҳамаи намудҳои испарак заҳрноканд. Дар тибби муосир барои муолиҷаи касалиҳои асаб истифода мебаранд. Аз гул ва баргу пояи испарак ранги сабз ва зард мегиранд.

Адрасмон низ гиёҳи худрӯи бисёрсола аст. Буттааш сер- пояю камшохронда буда, бо мӯякчаҳои зиёд рӯйпӯш гарди- дааст. Баргҳои қисми поёнии поя аз инкишоф боз монда (таназзул ёфта), ба пулакчаҳои бӯрранг мубаддал шудаанд. Баргҳои дар қисми болотари поя ҷойгирифта калону пармо- нанди бедумча мебошанд. Гу- лаш аз 10 – 15 гулбарги зард ранг иборат буда, одатан дар моҳҳои июн-июл шукуфта, дар моҳи июл-август мева мебандад.

Адрасмон асосан дар байни растаниҳои гуногуни даштӣ, торонзору хучзорҳо ва камолу

юғанзорҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз ва Пётри I дар баландиҳои 2000 – 3200 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад.

Бо сабаби заҳрнок будани баргу пояаш онро чорво истеъмол на- мекунад. Вай ҳамчун ашёи хоми саноати тиб (онро аз оғози гулшукуфт то пухтани тухмаш ҷамъоварӣ мекунанд) маъмул аст. Адрасмон яке аз муҳимтарин давоҷоти касалихои дил ба шумор меравад.

  1. Аломатҳои хоси оилаи чиноракҳоро номбар кунед.
  2. Чиноракҳо дар чӣ хел шароитҳо мерӯянд ва дар куҷоҳо васеъ паҳн шудаанд?
  3. Кадом намояндагони оилаи чиноракҳоро медонед?
  4. Чиноракҳо чӣ аҳамият доранд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

riba-mohi-tajik-2

МОҲИҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар муҳити обҳои Тоҷикистон то ҳол зиёда аз 40 намуди моҳиҳо маълуманд. Аз онҳо баъзеашон …