Главная / Биология / Оилаи чиноракхо (чакамугихо)

Оилаи чиноракхо (чакамугихо)

Оилаи чиноракхо зиёда аз 2000 хели растанихоро дарбар гирифта, онхо асосан дар минтакахои иклимашон муътадил ва хунуки кураи Замин васеъ пахн шудаанд. Дар Точикистон 112 хели онхо маълуманд. Чиноракхо растанихои алафии як ё бисёрсола буда, баъзан дар шакли нимбуттаву бутта ва растанихои лианмонанд (чуброст) вомехуранд. Решаашон тирреша ё дар баъзе хелхо патакреша буда, дар аксари дигари хелхояшон решапоя мебошанд.

Расми 17. Растанихои оилаи чиноракхо
Расми 17. Растанихои оилаи чиноракхо

Чойгиршавии барги чиноракхо дар поя ба таври навбати буда, пахнаки баргашон пармонанд, панчашакл, паррадор ё яклухт мебошад.

Андоза (кутр), шакл, ранг ва сохти гули растанихои ба оилаи чиноракхо тааллукдошта хеле гуногунанд. Гулпушашон содда ва дучанда аст. Микдори гардбаргхояшон бисёр буда, меваашон бар- гак ё чормагзмонанди кушоданашаванда аст. Дар баъзе хелхояшон мева шакли гучуммева ё гузаро дошта, тухмашон майда мебошад.

Чиноракхо бештар дар чойхои сернами доманакуххо то баланд- куххои хунук васеъ пахн гардида, дар сохили дарёву чуйхо, маргзор- хо ва баъзе хелхояшои дар канору дохили обхои сустхаракат, кулхо ва обпартовхо нашъунамо мекунанд.

Дар байни растанихои ба оилаи чиноракхо мансуббуда, ки охи- ри фасли бахор гул мекунанд, авлоди чинорак маъмул аст.

Чинорак. Дар Точикистон 40 хели чинорак маълум аст. Онхо растанихои яксола, бисёрсола буда, баргашон пармонанд, панчашакл, паррадор ё яклухт аст. Гулашон аз 5 ё 6-7 гулбарги рангаш зард иборат аст.

Аксарияти хелхои чинорак растанихои захрнок мебошанд. Зеро дар таркибашон гликозидхои захрнок мавчуд асг, ки агар ба пусти одам расад, чояш сузиш мекунад. Баъди хушконидан онхо хосияти захрнокиашонро гум мекунанд. Бинобар он, баъзе хелхои чинорак, ки дар шароити баландкуххо нашъунамо мекунанд, хамчун хуроки чорво (бузу гусфандон) мавриди истифода мебошанд.

Шакоик (бодгул) растании бисёрсолаи патакреша, решапоя ва ё лундарешадор мебошад. Пояаш як ё 2-3-то буда, то 35 см кад мекашад. Испарак растании бисёрсолаи алафи буда, аз 10 то 150 см кад мекашад. Дар Точикистон 17 намуди худруи испарак меруяд. Онхо дар дашту маргзор, пиставу челонзор, буттаву арчазор ва дар чан- галзорхои дарахтонаш пахнбарг дар баландии аз 600 м то 5000 м аз сатхи бахр дучор меоянд. Баргашон панчашакл, ранги гулбарги гулашон кабуд, бунафш, гулоби, зард, сафед мебошад. Гулкуниа- шон аз мохи май то сентябр давом мекунад.кашад. Баргаш панчашакл, гулаш калон—калони яктоги ё дар гунчагули чатрмонанд чойгирифта мебошад. Ранги гулбаргхояш сурх, зард, сафеди гулобтоб буда, мевааш байзашакл (тухммонанд) мебошад. Давраи гулшукуфти шакоик вобаста ба хелхояш аз мохи март то мохи май давом мекунад. Шакоик растании рушноидуст буда, дар Точикистон 9 хели он вомехурад. Дар Точикистон беш- тар шакоики бухорои, бойсуни, Черняева ва шакоики ёзида хелхои аз хама бисёр пахншуда мебошанд. Шакоик низ ба мисли чинорак захрнок мебошад.

Кариб хамаи намудхои испарак захрноканд. Дар тибби муосир барои муоличаи касалихои асаб истифода мебаранд. Аз гул ва баргу пояи испарак ранги сабз ва зард мегиранд.

Адрасмон низ гиёхи худруи бисёрсола аст. Буттааш сер- пояю камшохронда буда, бо муякчахои зиёд руйпуш гарди- дааст. Баргхои кисми поёнии поя аз инкишоф боз монда (таназзул ёфта), ба пулакчахои бурранг мубаддал шудаанд. Баргхои дар кисми болотари поя чойгирифта калону пармо- нанди бедумча мебошанд. Гу- лаш аз 10 – 15 гулбарги зард ранг иборат буда, одатан дар моххои июн-июл шукуфта, дар мохи июл-август мева мебандад.

Адрасмон асосан дар байни растанихои гуногуни дашти, торонзору хучзорхо ва камолу

юганзорхои каторкуххои Зарафшон, Туркистон, Хисору Дарвоз ва Пётри I дар баландихои 2000 – 3200 м аз сатхи бахр вомехурад.

Бо сабаби захрнок будани баргу пояаш онро чорво истеъмол на- мекунад. Вай хамчун ашёи хоми саноати тиб (онро аз огози гулшукуфт то пухтани тухмаш чамъовари мекунанд) маъмул аст. Адрасмон яке аз мухимтарин давочоти касалихои дил ба шумор меравад.

  1. Аломатхои хоси оилаи чиноракхоро номбар кунед.
  2. Чиноракхо дар чи хел шароитхо меруянд ва дар кучохо васеъ пахн шудаанд?
  3. Кадом намояндагони оилаи чиноракхоро медонед?
  4. Чиноракхо чи ахамият доранд?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …