Главная / Биология / Оилаи авранҷиҳо

Оилаи авранҷиҳо

Ба оилаи авранҷиҳо 2500 хели растаниҳо дохил мешаванд. Онҳо дар минтақаҳои тропикӣ, субтропикӣ ва марзҳои иқлимашон мӯътадил, алалхусус, дар Америкаи Марказӣ ва Ҷанубӣ васеъ паҳн гардидаанд.

Растаниҳои оилаи авранҷиҳо асосан алафӣ, буттагӣ ё дарахти начандон калон мешаванд. Ҳамаи намояндагони оилаи авранҷиҳо сохти ба ҳамдигар монанди гул ва мева доранд.

Гулпӯши растаниҳои ин оила дучанда буда, косачаи гул аз 5 косабарги ба ҳам пайваст, гултоҷ бошад, аз 5 гулбарги ба ҳам пайваст иборат буда, ҳар як гул 5 гардбарг ва 1 тухмдон дорад. Аз ин рӯ, формулаи гули авранҷиҳо чунин аст: К(5) Т(5) Г5 Мг

Шакли меваи растаниҳои оилаи авранҷиҳо ғуҷуммева (ангури сагаки сиёҳ, помидор, картошка) ё ғӯза (гули патунй, бангидевона, тамоку, шайтонкоса) мебошад.

Картошка растании ба ҳама маълум ва пурқимати оилаи авранҷиҳо ба ҳисоб меравад, Ватани аслии он Америкаи Ҷанубӣ аст. Дар он ҷо намудҳои худрӯи картошка вомехӯрад. Дар асри 16 картошкаро ба Аврупо мардуми испанӣ овардаанд. Аввал картошкаро чун растании ороишӣ парвариш мекарданд. Фақат дар охирҳои асри 17 дар мамлакатҳои Аврупо картошкаро барои ба даст овардани лӯндатанаи истеъмолшавандааш парвариш мекардагӣ шуданд. Пайдоиш ва паҳншавии картошка дар Россия бо номи Пётри I (охири асри 17) сахт алоқаманд аст. Дар Тоҷикистон бошад, картошкаро аз миёнаҳои асри 19 сар карда, парвариш мекунанд.

Картошка
Расми 48. Картошка

Дар айни вақт бисёр навъҳои пурқимати картошка ба вуҷуд оварда шудаанд, ки аз рӯи ҳосилнокӣ ва сифати лӯнданавдаашон бисёр бартарӣ доранд.

Сохти гули картошка ба гули дигар растаниҳои авранҷӣ монанд аст. Дар гули картошка шахддон дида намешавад. Бинобар он, гули он тавассути ҳашаротҳо гардолуд нашуда, худ аз худ гардолуд мешавад. Аз гули гардолудшуда ғуҷуммеваи сабзранги серобу сертухм ба вуҷуд меояд. Аз тухми картошка дар соли аввали парвариш лӯндатанаи на он қадар калон ҳосил мешавад. Парвариши тухми картошкаро дар корҳои селексионӣ барои рӯёндани навъҳои нави картошка истифода мебаранд. Дар шароити истеҳсолоти кишоварзӣ бошад, картошкаро бо роҳи нашвӣ аз лӯндааш парвариш ме- кунанд.

Ба оилаи авранҷиҳо растаниҳои дигар, аз қабили помидор, бойимҷон, қаламфур ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки дорои аҳамияти калони хӯрокӣ мебошанд.

pomidor-boqilo

Ватани помидор низ Америкаи Ҷанубӣ мебошад. Парвариши помидор дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми асри 20 шурӯъ гардида, дар айни замон он яке аз растаниҳои сабзавотии асосӣ ба ҳисоб меравад. Меваи помидор дар аввал сабз буда, дар вақти пухтанаш (вобаста ба навъҳояш) ранги сурх, норинҷӣ, зард ва ғайраро ба худ мегирад. Шакли мевааш низ гуногун буда, бештар шакли мудаввар, дарозрӯя, олумонанд, нокмонанд, қиранок ва дилшаклро дорад.

Помидорро дар шакли тару тоза истеъмол мекунанд. Аз он ҳар гуна хӯришҳо, пюре, паста (хамира), шарбат тайёр мекунанд ва ё мехушконанд ва инчунин барои хуштаъм кардани хӯрок истифода мебаранд.

Дар узвҳои гуногуни растаниҳои ба оилаи авранҷиҳо тааллуқдошта моддаҳои заҳрнок мавҷуданд, ки метавонанд одам ва ҳайвонотро (дар натиҷаи истеъмолу бо онҳо сарукор доштан) заҳролуд кунанд. Ба ин растаниҳо шайтонкоса, бангидевона, ангури сагак (сиёҳавранҷ) ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Дар натиҷаи заҳролудшавӣ саломатии инсон коҳиш ёфта, дарди сар ва тапиши дил авҷ гирифта, нафаскашӣ душвор мешавад, асаб сахт ба ангезиш (бахурӯш) омада, гавҳараки чашм васеъ мегардад ва даҳон хушк мешавад. Аз тарафи дигар олимон дар натиҷаи омӯзиш аз ин растаниҳо доруҳои пурқиммате ба даст овардаанд, ки барои муо- лиҷаи бисёр касалиҳо давои хубест.

 Расми 51. Тамокуи буё

Расми 51. Тамокуи буё

Хусусан, дар барги тамоку моддаҳои заҳрнок хеле зиёданд. Масалан, никотини таркиби барги тамоку заҳри ҳалоҳил ба ҳисоб меравад. Вай хунро заҳролуд намуда, кори дил ва узвҳои нафаскаширо вайрон мекунад. Кашидани чилиму нос барои наврасон номатлуб аст. Зеро, онҳо хотирпарешону зуд-зуд асабонӣ шуда, бо осонӣ ба касалиҳои илтиҳобиву ҳархела гирифтор мегарданд.

Дар баъзе ҳолатҳо шираи аз баргу пояи тамоку гирифтаро ҳамчун заҳри химиявӣ барои нест кардани ҳашароти зараррасон истифода мебаранд.

Найчагул (тамокуи бӯё) ва гули патуниро ҳамчун растаниҳои ороишӣ парвариш мекунанд. Гули онҳо ба гули картошка монанд аст. Агар гули патунӣ растании яксола бошад, найчагул растании бисёрсола мебошад.

Гули патунӣ қифшакл буда, ранги гулбаргҳояш сафед, зард, бунафш ва норинҷӣ мешавад. Найчагул агарчанде ба гули патунӣ монанд бошад ҳам, лек аз рӯи он ки 5 гулбарги хушранги ба ҳампайвастааш (найчагул) ситораи панҷгушамонанд аст, аз гули патунӣ фарқ мекунад.
Гули аксари растаниҳо дар рӯзҳои абрнок ва ё ҳангоми фаро расидани торикӣ лӯшидаанд ва хиратоб мешаванд. Аммо гули тамокуи бӯё дар ин хел шароит баръакс кушода шуда, бӯи хуши баланд пайдо мекунад.

Аз ин рӯ, ин растанӣ ба бисёр одамон писанд омада, онро дар гулпарварӣ васеъ истифода ме- баранд. Гули патунӣ ва тамокуи бӯё дар марғ- зорҳо ва парваришҷойҳо то фарорасии хунукӣ боавҷ мешукуфанд.

Растаниҳои оилаи авранҷиҳо

  1. Кадом растаниҳои ба оилаи авранҷиҳо тааллуқдоштаро медонед?
  2. Кадом аломатҳои умумӣ барои оилаи авранҷиҳо хос аст?
  3. Растаниҳои сабзавотӣ, ороишӣ ва доругии оилаи авранҷиҳоро номбар кунед.
  4. Кадом растаниҳои заҳрноки оилаи авранҷиҳоро медонед?
  5. Оқибати таъсири зарарноки растаниҳои заҳрноки ин оила чӣ тавр зоҳир мешавад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …