Главная / Гуногун / Оиладории Ориёни қадим чи хел буд?

Оиладории Ориёни қадим чи хел буд?

Савол: Оиладории Ориёни қадим чи хел буд? Оё онҳо якҷоя ҳаёт ба сар мебурданд, никоҳи умумӣ ҳукмрон буд ё ягон тарзи дигар?

Ҷавоб: Дар ин хусус даҳҳо  олимони аврупоӣ тадқиқотҳои ҷиддӣ гузаронидаанд, вале бештари онҳо ба тадқиқоти мукаммали доктор Гаас истинод мекунанд, зеро ў дар ин ҷода накў заҳмат кашида, ҳатто аз навиштаҷоти муаррихи Бобулистони қадим-Бероз ҳам истифода карда буд. Бероз бошад аз навиштаҷоти китобхонаи шаҳри Найнаво пеш аз оташ задани он аз тарафи скифу модҳо, истифода карда, ба забони юнонӣ китоб навишта буд. Ғайр аз ин, матолиби зиёде ки дар асри XVII –и мелодӣ ба даст омада буд ва аз асрори хати мехӣ дарак медод, истифода кардаанд. Аз ин лиҳоз, муаррихи асри XIX  Ленорман, ки китобаш қариб ба ҳамаи забонҳои аврупоиён чоп шудааст, чунин мегўяд: «Оилаи Ориёни ибтидоии Бохтарӣ, ба назари мо хеле обрўманд ва пайванди тавонои он асоси иттиҳоди ҷамъиятиро ташкил медиҳад. Зану шўй рўйдоди муқаддас ва озодест, ки рамзи пайванди ду даст ва созиши пешакиро ифода мекунад. Ҳамсар дар иштироки коҳина, новобаста аз он ки вай фидоӣ ва ё сарвари хонавода мешавад ва ё доҳии қабила, иҷрокунандаи вазифаи коҳина: ҳамсар дасти рости зани худро бо дасти росташ мегирад ва формулаи маъмули муқаддасро эрод мекунад, зан рабуда шуд. Дар аробае ки ду наргови сафед мекашид, падари арўс ба домод модагов пешниҳод мекунад, ки дар ибтидо барои зиёфати ақди никоҳ таин мешуд, дертар ба хонаи шавҳар фиристода мешуд.

Ҳамсари ба хонадони шавҳар овардашудаи ориёни қадим сазовори ҳурмату таваҷҷуҳ мегардид, тавассути ин расм зиндагии наслҳо идома меёфт. Онҳо як зан доштанд, зеро бисёрзанӣ нуқсони вайроншавӣ дониста мешуд, ки метавонист ба Ориён ва мамлакатҳои дигари ба онҳо ҳамҳудуди тамаддунашон вайрон нашуда ворид шавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …