ОБХСС

Вазорати корҳои дохилии шӯравӣ бахше дошт, ки масъули мубориза бо сирқати амволи сусиёлистӣ буд ва номи мухтасари онро ба русӣ ОБХСС мегуфтанд. Ин бахш бештар аз болои низоми савдои шӯравӣ назорат мебурд. Кормандони ин бахши милиса савдогарон ё ба ибораи худашон «ҳаннотон»- ро низ шадидан таъқиб мекарданд, балки онҳоро душмани синфии худ меҳисобиданд. Дар низоми шӯравӣ харидуфурӯш барои даромад гирифтан мамнӯъ буд ва ҷиноят ба ҳисоб мерафт.

o-nevyezde-2Дар қатори дуздиву сирқату ришва ҳар гуна фаъолияти иқтисодии шаҳрвандонро «даромади ғайримеҳнатӣ» меномиданд ва он шадидан таъқиб мешуд. Касоне, ки маҳсулоти аз замини наздиҳавлигии худ рӯёндаашонро фурӯхтанӣ шаванд, аз мақомоти маҳал тасдиқнома мегирифтанд, ки ин маҳсулот воқеан дар замини наздиҳавлигияшон рӯёнда шудааст ва баъд метавонистанд онро дар бозор бифурӯшанд. Савдо дар Иттиҳоди шӯравӣ асосан аз тариқи низоми давлатӣ амалӣ мешуд.

Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ вақте ки соҳибкории хусусӣ иҷозат дода шуд, ин бахши милиса Бахши мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ ном гирифт. Вале кормандони он ҳамон кормандони қаблӣ буданд ва мафкураашон ҳамон мафкураи шӯравӣ буд. Онҳо тибқи одат, соҳибкоронро хилофкор меҳисобиданд ва ба корашон халал мерасонданд. Зуд-зуд тафтишот мегузаронданд, хурдагирӣ мекарданд, беасос ба аснод эрод мегирифтанд ва вақти соҳибкорро зоеъ мекарданд. Ёд дорам, боре як мошини боркаши моро нигоҳ дошта буданд ва маро барои бозпурсӣ ба Шуъбаи мубориза бо ҷиноёти иқтисодӣ даъват карданд. Вақте ба саволҳои корманди милиса ҷавоб медодам ва аз куҷову ба куҷо рафтани он борро мефаҳмондам, як корманди дигар даромада гузориш дод:

  • Рафиқ сардор, рафта хонаашро дидам, як ҳавлии хеле бузург, даромада натавонистам, вале аз роғи дарвоза нигоҳ кардам, калону навсохта аст. Ин хеле бой метобад, – ва бо сар ба сӯи ман ишора кард. Гап дар бораи ман мерафт.
  • Чандошёна аст хонааш? – пурсид сардор.
  • Якошёна, вале хеле калон, – ҷавоб дод корманд.
  • Мошин ҳам дорад? – боз пурсид сардор.
  • Не, дар он ҷо мошин набуд, – ҷавоб дод кормандаш. Ҳамин тавр, бо чанд саволи дигар дороиҳои маро мушаххас карду ба ман нигоҳ карда пурсид:
  • Ба ин чӣ мегӯӣ?
  • Чӣ гӯям? – ҳайрон шудам ман сарфаҳм нарафта.
  • Аз куҷо пул ёфта, хона харидӣ?
  • Тиҷорат мекунам, – ҷавоб додам.
  • Ҳозир рафта, хоната кофтуков мекунем, – таҳдид кард сардор.
  • Чӣ мекобед? – пурсидам ман.
  • Баъд мебинӣ! Ҳамаи шумо ҳаннотонро зиндон кардан лозим! – бо мушт ба миз зад ӯ. «Хайрият, нобуд кардан лозим нест» аз дил гузарондам ман. Ин вақт аз дар як нафар бо либоси низомӣ даромад ва сардор аз ҷояш ҷаста хеста, қад кашид ва дасташро ба чаккаи сараш бурда, саломи низомӣ дод.
  • Чӣ гап? – омирона пурсид низомӣ.
  • Рафиқ сардор, ана ҳаминро қапидем, як мошин борро куҷое бурда, обу лой карданист. Корманди фавриро фиристодам, ҳавлияшро дида омад, хеле калон ва ба даромади як нафар мувофиқ нест, – бо садои бурро гузориш дод сардор. Низомӣ асноди борро аз рӯи миз гирифта аз назар гузаронд ва:
  • Ӯро ҷавоб деҳ ва ба назди ман даро, – гуфту аснодро ба дасти сардор дода, баргашта аз дар баромад. Сардор маро ба берун бароварда, «ҳамин ҷо ист», гуфту ба утоқи дигар даромада рафт. Садои низомӣ аз дохили утоқ меомад, ки мегуфт:
  • Чанд бор ба ту гуфтам, ки замона иваз шуд, соҳибкорӣ иҷозат дода шудааст, ба хонаи мардум кор нагир?! Аснодаш дуруст аст, борашро чаро нигоҳ доштӣ?! Корро аз ҷиноят фарқ намекунӣ?! Дафъаи дигар ҷазо мегирӣ!

Сардор бо абрӯйи гирифта баромада, аснодро ба дастам доду ангушти ишораташро сӯям теғ карда, даҳонашро наку- шода, аз байни дандонҳояш ғиҷиррос зад:

  • Хоҳ-нохоҳ, як рӯз ба дастам меафтӣ!
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

mongolia_during_the_manchu_rule

Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон

Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …