ОБХСС

Вазорати корхои дохилии шурави бахше дошт, ки масъули мубориза бо сиркати амволи сусиёлисти буд ва номи мухтасари онро ба руси ОБХСС мегуфтанд. Ин бахш бештар аз болои низоми савдои шурави назорат мебурд. Кормандони ин бахши милиса савдогарон ё ба ибораи худашон «ханнотон»- ро низ шадидан таъкиб мекарданд, балки онхоро душмани синфии худ мехисобиданд. Дар низоми шурави харидуфуруш барои даромад гирифтан мамнуъ буд ва чиноят ба хисоб мерафт.

o-nevyezde-2Дар катори дуздиву сиркату ришва хар гуна фаъолияти иктисодии шахрвандонро «даромади гайримехнати» меномиданд ва он шадидан таъкиб мешуд. Касоне, ки махсулоти аз замини наздихавлигии худ руёндаашонро фурухтани шаванд, аз макомоти махал тасдикнома мегирифтанд, ки ин махсулот вокеан дар замини наздихавлигияшон руёнда шудааст ва баъд метавонистанд онро дар бозор бифурушанд. Савдо дар Иттиходи шурави асосан аз тарики низоми давлати амали мешуд.

Баъд аз пошхурии Шурави вакте ки сохибкории хусуси ичозат дода шуд, ин бахши милиса Бахши мубориза бо чиноёти иктисоди ном гирифт. Вале кормандони он хамон кормандони кабли буданд ва мафкураашон хамон мафкураи шурави буд. Онхо тибки одат, сохибкоронро хилофкор мехисобиданд ва ба корашон халал мерасонданд. Зуд-зуд тафтишот мегузаронданд, хурдагири мекарданд, беасос ба аснод эрод мегирифтанд ва вакти сохибкорро зоеъ мекарданд. Ёд дорам, боре як мошини боркаши моро нигох дошта буданд ва маро барои бозпурси ба Шуъбаи мубориза бо чиноёти иктисоди даъват карданд. Вакте ба саволхои корманди милиса чавоб медодам ва аз кучову ба кучо рафтани он борро мефахмондам, як корманди дигар даромада гузориш дод:

  • Рафик сардор, рафта хонаашро дидам, як хавлии хеле бузург, даромада натавонистам, вале аз роги дарвоза нигох кардам, калону навсохта аст. Ин хеле бой метобад, – ва бо сар ба суи ман ишора кард. Гап дар бораи ман мерафт.
  • Чандошёна аст хонааш? – пурсид сардор.
  • Якошёна, вале хеле калон, – чавоб дод корманд.
  • Мошин хам дорад? – боз пурсид сардор.
  • Не, дар он чо мошин набуд, – чавоб дод кормандаш. Хамин тавр, бо чанд саволи дигар дороихои маро мушаххас карду ба ман нигох карда пурсид:
  • Ба ин чи мегуи?
  • Чи гуям? – хайрон шудам ман сарфахм нарафта.
  • Аз кучо пул ёфта, хона хариди?
  • Тичорат мекунам, – чавоб додам.
  • Хозир рафта, хоната кофтуков мекунем, – тахдид кард сардор.
  • Чи мекобед? – пурсидам ман.
  • Баъд мебини! Хамаи шумо ханнотонро зиндон кардан лозим! – бо мушт ба миз зад у. «Хайрият, нобуд кардан лозим нест» аз дил гузарондам ман. Ин вакт аз дар як нафар бо либоси низоми даромад ва сардор аз чояш часта хеста, кад кашид ва дасташро ба чаккаи сараш бурда, саломи низоми дод.
  • Чи гап? – омирона пурсид низоми.
  • Рафик сардор, ана хаминро капидем, як мошин борро кучое бурда, обу лой карданист. Корманди фавриро фиристодам, хавлияшро дида омад, хеле калон ва ба даромади як нафар мувофик нест, – бо садои бурро гузориш дод сардор. Низоми асноди борро аз руи миз гирифта аз назар гузаронд ва:
  • Уро чавоб дех ва ба назди ман даро, – гуфту аснодро ба дасти сардор дода, баргашта аз дар баромад. Сардор маро ба берун бароварда, «хамин чо ист», гуфту ба утоки дигар даромада рафт. Садои низоми аз дохили уток меомад, ки мегуфт:
  • Чанд бор ба ту гуфтам, ки замона иваз шуд, сохибкори ичозат дода шудааст, ба хонаи мардум кор нагир?! Аснодаш дуруст аст, борашро чаро нигох дошти?! Корро аз чиноят фарк намекуни?! Дафъаи дигар чазо мегири!

Сардор бо абруйи гирифта баромада, аснодро ба дастам доду ангушти ишораташро суям тег карда, дахонашро наку- шода, аз байни дандонхояш гичиррос зад:

  • Хох-нохох, як руз ба дастам меафти!

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …