Ҳаргиз аз даври замон нанолида будаму рўй аз гардиши осмон дарҳам накашада, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоати пойпўшӣ надоштам. Ба ҷомеи Кўфа даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати ҳақ ба ҷой овардам ва бар бекафши сабр кардам:
Мурғи бирён ба чашми мардуми сер
Камтар аз барги тара бар хон аст.
В-он киро дастгоҳу қувват нест,
Шалғами пухта мурғи бирён аст.