Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи Балҷувон

Ноҳияи Балҷувон

Балҷувон яке аз ноҳияи қӯҳии Тоҷикистон бо масоҳати  1 325 километри мураббаъ, 16-уми марти 1938-ум сол дар тоъбеи вилояти Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Имрӯзҳо дар ноҳияи Балҷувон зиёда аз 30 ҳазор нафар аҳолӣ дар 5 ҷамоати он зиндагонӣ менамоянд. Ноҳия Балҷувонро ба забони русӣ Балджуван ва дар замони англиси Baljuvan (Baljuvon) номгири менамоянд, вале инчунин бо номи Балхуван низ маълум аст.

baljuvon-4

Ҷамоатҳои ноҳияҳо аз инҳо иборатанд: шаҳраки Балҷувон -4,5 ҳазор Дектур -5,5 ҳазор, Сари Хосор -5,4 ҳазор, Саталмуш -4,1 ҳазор, ва ҷамоати Тоҷикистон 3,9 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Масофаи байни Балҷувон то Душанбешаҳр қариб 200 км  ва аз Данғара то Балҷувон қариб 60 километр мебошад.

Ҷуғрофия: Балҷувон дар баландии аз 1100 то 3000 метр ҷойгир буда дар харита координатҳояш 38 *31 шимолӣ ва 69*49 ҷанубӣ аст. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияҳои Файзобод, Роғун, Нуробод ва Тавилдара аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷануб ва шарқ — бо ноҳияҳои Норак, Ховалинг ва Темурмалик аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз мебошад. Яке аз зеботрин ҷойҳо дар Ноҳияи Балҷувон ин деҳаи Сари Хосор мебошад, ки дар он ҷо Шаршараи зеботарини Тоҷикистон мавҷуд аст ва барои ҳамин ҳам ин мавзеро барои тамошои мардуми дохилу хориҷ, ки метаваонанд саёҳ бошанд, тавсия карда мешавад.

Умуман Сари Хосорро ҳамчун боғи табии масоҳаташ 3,8 ҳазор гектардоштаро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  25-уми октябряи соли 2003 эътироф карда шудааст. Дар табиати ноҳия чунин ҳайвонҳои ваҳшӣ аз ҷумла Хирс, Хук, Бузи шохкалони ёбоӣ,  Рубаҳи сангӣ (Martes foina), Сагмуш (Lutra),  Палангпишак (Felis lynx), Паланги барфӣ (Uncia uncia), Кабк, Ҷайра, Шағол, Хорпушт, Мор ва ғайраҳо зиндагонӣ менамоянд.

Тобистони Балҷувон нисбатан салқинтар буда ҳарорати ҳаво то +35 гарм ва зимистон то – 32 селсия хунук мешавад. Боришот ғайр аз моҳи август дигар моҳо қариб ки доимо мвҷуд буда сатҳи  он то 600 мм дар як солро ташкил менамояд. Аз сабаби боришоти пайдарпай баҳорон мардуми Балҷувон барои ҳиҷрат душвориҳои зиёдеро доранд.

Аз дохили ноҳияи Балҷувон ду дарё мегузарад, ки яке Оби мазор  ва дигаре Сурхоб мебошад. Балҷвон асосан дар саршавии водии Вахш ҷойгир буда аз сарзамин хоки сурхбуда ташкил менамояд. Кӯҳҳо 99,9% — и ноҳияро ташкил намуда дар он асосан арчаҳо, писта, дулона, чормағз, ҳаргуна дарахтони бемева ва растаниҳои шифобахш аз ҷумла сиёҳалаф, чукурӣ, шибит, пудина, барги зулф ва дигарон мерӯянд.

Иқтисодиёт ва тамаддун: Бо назардошти Балҷувон ноҳияи кӯҳӣ буданаш дар он асосан заминҳои лалмӣ мавҷуд аст, ки дар он асосан ҷангалҳо, боғҳо, чарогоҳҳо ва даштҳо мавҷуд буда масоҳаташ 132 ҳазор гектарро ташкил менамояд. Заминҳои обӣ ҳамагӣ 100 гектарро ташкил медиҳад ки дар он мардум асосан обчакорӣ менамоян. Даромади асосии аҳолии ин минтақа аз чорводорӣ мебошад. Намудҳои фаъолияти бартариятдошта дар соҳаҳои иқтисодиёт ба ғайр аз кишоварзӣ дигар мавҷуд нест.

Шахсони маъруфи ноҳияи Балҷувон инҳоянд: Ҳамрохон Зарифӣ – Вазири корҳои хориҷӣ (солҳои 2006-2013 ум); Худойназар Асозода – профессор ва Ректори Донишгоҳи омузгорӣ шаҳри Душанбе (1941-2014).

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …