Главная / Чугрофия / Нохияи Балчувон

Нохияи Балчувон

Балчувон яке аз нохияи кухии Точикистон бо масохати  1 325 километри мураббаъ, 16-уми марти 1938-ум сол дар тоъбеи вилояти Кулоби Чумхурии Точикистон ташкил ёфтааст. Имрузхо дар нохияи Балчувон зиёда аз 30 хазор нафар ахоли дар 5 чамоати он зиндагони менамоянд. Нохия Балчувонро ба забони руси Балджуван ва дар замони англиси Baljuvan (Baljuvon) номгири менамоянд, вале инчунин бо номи Балхуван низ маълум аст.

baljuvon-4

Чамоатхои нохияхо аз инхо иборатанд: шахраки Балчувон -4,5 хазор Дектур -5,5 хазор, Сари Хосор -5,4 хазор, Саталмуш -4,1 хазор, ва чамоати Точикистон 3,9 хазор нафар ахоли дорад. Масофаи байни Балчувон то Душанбешахр кариб 200 км  ва аз Дангара то Балчувон кариб 60 километр мебошад.

Чугрофия: Балчувон дар баландии аз 1100 то 3000 метр чойгир буда дар харита координатхояш 38 *31 шимоли ва 69*49 чануби аст. Дар шимол ва гарб бо нохияхои Файзобод, Рогун, Нуробод ва Тавилдара аз нохияхои тобеи чумхури, дар чануб ва шарк — бо нохияхои Норак, Ховалинг ва Темурмалик аз нохияхои вилояти Хатлон хаммарз мебошад. Яке аз зеботрин чойхо дар Нохияи Балчувон ин дехаи Сари Хосор мебошад, ки дар он чо Шаршараи зеботарини Точикистон мавчуд аст ва барои хамин хам ин мавзеро барои тамошои мардуми дохилу хорич, ки метаваонанд саёх бошанд, тавсия карда мешавад.

Умуман Сари Хосорро хамчун боги табии масохаташ 3,8 хазор гектардоштаро бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз  25-уми октябряи соли 2003 эътироф карда шудааст. Дар табиати нохия чунин хайвонхои вахши аз чумла Хирс, Хук, Бузи шохкалони ёбои,  Рубахи санги (Martes foina), Сагмуш (Lutra),  Палангпишак (Felis lynx), Паланги барфи (Uncia uncia), Кабк, Чайра, Шагол, Хорпушт, Мор ва гайрахо зиндагони менамоянд.

Тобистони Балчувон нисбатан салкинтар буда харорати хаво то +35 гарм ва зимистон то – 32 селсия хунук мешавад. Боришот гайр аз мохи август дигар мохо кариб ки доимо мвчуд буда сатхи  он то 600 мм дар як солро ташкил менамояд. Аз сабаби боришоти пайдарпай бахорон мардуми Балчувон барои хичрат душворихои зиёдеро доранд.

Аз дохили нохияи Балчувон ду дарё мегузарад, ки яке Оби мазор  ва дигаре Сурхоб мебошад. Балчвон асосан дар саршавии водии Вахш чойгир буда аз сарзамин хоки сурхбуда ташкил менамояд. Куххо 99,9% — и нохияро ташкил намуда дар он асосан арчахо, писта, дулона, чормагз, харгуна дарахтони бемева ва растанихои шифобахш аз чумла сиёхалаф, чукури, шибит, пудина, барги зулф ва дигарон меруянд.

Иктисодиёт ва тамаддун: Бо назардошти Балчувон нохияи кухи буданаш дар он асосан заминхои лалми мавчуд аст, ки дар он асосан чангалхо, богхо, чарогоххо ва даштхо мавчуд буда масохаташ 132 хазор гектарро ташкил менамояд. Заминхои оби хамаги 100 гектарро ташкил медихад ки дар он мардум асосан обчакори менамоян. Даромади асосии ахолии ин минтака аз чорводори мебошад. Намудхои фаъолияти бартариятдошта дар сохахои иктисодиёт ба гайр аз кишоварзи дигар мавчуд нест.

Шахсони маъруфи нохияи Балчувон инхоянд: Хамрохон Зарифи – Вазири корхои хоричи (солхои 2006-2013 ум); Худойназар Асозода – профессор ва Ректори Донишгохи омузгори шахри Душанбе (1941-2014).

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …