Главная / Гуногун / Назорати камерали санҷиши андоз нест

Назорати камерали санҷиши андоз нест

Тавре сардори шуъбаи ташкили назорати камералии Сарраёсати назорати ан дози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Азимов қайд намуд, мақсади гузаронидани назорати камералӣ пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз дар фаъолияти андозсупоранда ва додани имконият ба андозсупо ранда барои то оғози санҷиши маҷмӯии андоз бартараф наму дани камбудиҳои ҷойдошта ва пешгирӣ аз татбиқи ҷаримаҳои маъмурӣ нисбат ба андозсупо ранда мебошад.

Ба таъкиди номбурда, на зорати камералӣ санҷиши ан доз набуда, қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо аст ва бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз ва (ё) пардохтҳо гузаронида мешавад.

 Назорати камералӣ ба андозсупорандагон им коният медиҳад, ки то дав раи санҷиши ҳуҷҷатии ан доз номутобиқатиҳои дар эъломияҳои (ҳисоботи) андоз ва (ё) пардохтҳо ҷойдоштаро бо роҳи пешниҳоди эъломияҳои иловагии андоз ва ҳисобот мустақилона ислоҳ намоянд,  мегӯяд Р. Азимов.  Он танҳо аз ҷониби корманди мақомоти андоз дар биноҳои маъмурии мақомоти андоз аз ҷониби кормандони мақомоти андоз гузаронида мешавад. Гузарони дани назорати камералӣ берун аз бинои маъмурии мақомоти андоз манъ аст.

Зимни гузаронидани назо рати камералӣ, даъвати андоз супоранда (ё шахсони масъули андозсупоранда), ба истиснои ихтиёран ба мақомоти андоз ҳозир шудани андозсупоранда манъ аст. Назорати камералӣ ба рои давраи муайяни андоз баъ ди гузашти муҳлати пешниҳоди эъломияи (ҳисоботи) андоз, ки Кодекси андоз муқаррар на мудааст, гузаронида мешавад.

Мақомоти андоз барои амалӣ намудани назорати камералӣ дар асоси талаботи моддаҳои 37 ва 89 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Раиси Кумитаи ан дози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба назорати камералӣ» аз 17 сентябри соли 2019 №434, Фармоиш «Оид ба Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупо рандагон» аз 27 ноябри соли 2012 № 336 ва дигар мактубҳои дастурии Кумитаи андоз вобаста ба гузаронидани на зорати камералӣ таҳияшуда, амалӣ карда мешавад.

Оғози назорати камералӣ, тибқи Стандарти ягонаи давла тии хизматрасонӣ ба андозсу порандагон баъд аз пешниҳоди эъломияҳо ва ҳисобот ба нозироти андоз гузаронида мешавад. Он аз тарафи кор мандони мақомоти андоз дар асоси вазифаҳои хизматии функсионалӣ, бе ягон қарори махсуси (амрнома)и роҳбари мақомоти андоз, амалӣ карда мешавад.

Равшан Азимов гуфт, ки ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ ҳолати баҳисобгирии (қайди андозӣ) объектҳои андозбандӣ ва ба андозбандӣ алоқаманд, ҳолати пешниҳоди эъломияҳои (ҳисоботи) андоз, ду рустии пур кардани реквизитҳои эъломияи (ҳисоботи) андоз, риояи тартиби пур кардани сатр ва сутунҳои эъломияҳои (ҳисоботи) андоз, пурра ва му каммал нишон додани маълумот дар эъломияҳо, дурустӣ ва му каммалии ҳисоби андозҳо, ки ан дозсупоранда дар эъломияҳои (ҳисоботи) андоз дарҷ намудааст, мутобиқатии нишондиҳандаҳои дар эъломияҳои (ҳисоботи) андоз дарҷ гардида, нисбат ба замимаҳои эъломияҳо, дигар ҳуҷҷатҳо ё маълумоти дар мақомоти андоз нисба ти фаъолияти андозсупоранда ҷойдошта, назорати мутобиқатии нишондиҳандаҳои эъломияҳои андози бо ҳамдигар алоқаманд, гузаронида мешавад.

Бақайдгирӣ ба сифати су порандаи андоз аз арзиши иловашуда, қонунӣ будани истифодаи низомҳои ан доз, асоснокии истифодаи меъёрҳои андоз, алоқамандии нишондиҳандаҳои тавозуни муҳосибӣ ба мақомоти ан доз пешниҳодгардида бо эъломияҳои андоз, муқоисаи нишондиҳандаҳои эъломияҳои (ҳисоботи) ан доз бо нишондиҳандаҳои давраҳои ҳисоботии гузашта ва нишондиҳандаҳои андозсупо рандагони шабеҳи фаъолият, мутобиқатии даромади умумии дар эъломияҳои андоз аз фои да, андоз аз арзиши иловашуда, андози низоми содакардашуда нисбат ба маълумоти дар ам бори электронӣ дар махзани барномаи компютерии СМИИА ҷойдошта вобаста ба таҳвили молҳо,асоснокии маълумот оид ба таҳвили молҳои дар ҳисобнома  фактураи андоз аз арзиши иловашуда дарҷгардида ва муқоисаи онҳо бо маълумоти барономаи анбори электронӣ, ба ҳисоб нагирифтани амалиёт аз рӯи ҳисобнома  фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва маблағи андози он, бино бар бо андозсупорандаи бемасъулият анҷом додани амалиётҳо, асос нокии баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда дар доираи амалиёти андозбандишаванда, аз дигар масъалаҳоеанд, ки ҳангоми назорати камералӣ таҳти назорат қарор мегиранд.

Мавсуф зикр намуд, ки дар ҷараёни назорати каме ралии эъломияҳо ва ҳисоботи андозсупорандагон, инчу нин, муқоисаи онҳо бо маъ лумоти дар мақомоти андоз ҷойдошта, муайян гардида ни номутобиқатиҳо ба андоз супоранда барои бартараф намудани номутобиқатиҳои дар ҳисоботи андоз ҷойдошта огоҳинома ирсол карда меша вад. Огоҳинома ба андозсу поранда тариқи утоқи шахсии андозсупоранда дар шакли электронӣ ва (ё) хаттӣ ирсол кар да мешавад. Огоҳиномаи қоғазӣ ба андозсупоранда метавонад, ки тавассути почта фиристода шавад.

 Агар дар натиҷаи муқоисаи эъломияҳои андози пешниҳоднамудаи андозсупо ранда ва маълумоти аз дигар манбаъҳо дастрасгардида ҷой доштани ҳолатҳои эҳтимолии қонунвайронкуниҳои андоз ошкор гардад, аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тар тиби муқарраргардида ба андозсупоранда Огоҳинома оиди дар муҳлати 10 рӯз бо роҳи пешниҳоди эъломияҳои иловагии андоз мустақилона бартараф намудани номутобиқатиҳои ҷойдошта ва ё пешниҳоди тавзеҳоти асосно ки хаттӣ ирсол карда мешавад,  гуфт Р. Азимов.

Баъд аз баррасии маъ лумот ва ҳуҷҷатҳои илова пешниҳоднамудаи андозсу поранда, инчунин, мувофиқи дигар маълумоти дастрасгар дида, агар ҳолатҳои эҳтимолии қонунвайронкуниҳои андоз тасдиқи пешакии худро ёбанд, маълумотномаи назорати камералӣ тартиб дода меша вад. Маълумотномаи назорати камералӣ тариқи электронӣ ва ё хаттӣ (аз ҷумла тавассути почта) ба андозсупоранда да страс карда мешавад. Дар маъ лумотномаи назорати камералӣ гирифтани дастхати андозсупо ранда ҳатмӣ нест.

Дар сурати аз ҷониби андоз супоранда пас аз 10 рӯзи дастрас шудани маълумотномаи назора ти камералӣ номутобиқатиҳои дар эъломияҳои андоз ҷойдошта мустақилона бартараф карда нашавад, аз натиҷаи назорати камералӣ қарори дахлдор қабул карда мешавад.

Ба гуфтаи Равшан Ази мов, санади назорати ка мералиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ан доз барои санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз тартиб медиҳанд. Агар мақомоти андоз дар эъломияҳои андози (ҳисоботи) пешниҳоднамудаи андозсупо ранда хато ва ё номутобиқатиро ошкор насозад, санад тартиб дода намешавад. Тартиби ба расмиятдарории натиҷаи назо рати камералӣ аз ошкор шудан ё нашудани хато дар ҳуҷҷатҳои пуркардашуда ё ин ки мухоли фат байни маълумоти дар онҳо мавҷудбуда вобаста аст. Агар хато ва мухолифат мавҷуд на бошад, нозир дар эъломия имзо гузошта дар варақи якум санаи назоратро дарҷ менамояд.

Инчунин, ҳангоми ба охир расидани назорат, агар хато ошкор гардад, нозир вазифадор аст санад тартиб диҳад. Санад дар ду нусха тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ан доз тартиб дода мешавад. Дар санад бояд тамоми маълумот ва талаботе, ки тибқи муқаррароти Кодекси андоз барои таҳияи санади санҷиши андоз зарур аст, дарҷ карда шавад. Санад аз ҷониби нозир ва андозсупо ранда ва ё намояндаи вай имзо карда мешавад.

Дар асоси меъёрҳои дар боло зикр шуда санади на зорати камералӣ аз қисмҳои умумӣ, шарҳдиҳӣ (ошкор кунии далелҳо) ва хулосавӣ (натиҷагирии мақомоти ан доз, пешниҳодҳо оид ба бар тараф намудани камбудиҳо бо нишон додани моддаҳо оид ба масъул будан барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ) иборат ме бошад.

Мазҳаб ҶУМЪА

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …