Главная / Биология / НАВЪИ ХОРДАДОРОН: ТАВСИФИ УМУМИИ 

НАВЪИ ХОРДАДОРОН: ТАВСИФИ УМУМИИ 

Хордадорон дар байни дигар навъҳо хусусиятхои олии худро доранд. Хордадорон нисбат ба дигар ҳайвонҳо нихоят инкишоф ёфтаанд ва зиёда аз 40 хазор намудро дар бар мегиранд. Намудҳои хордадорон дар шароитҳои гуногун: серобӣ, камобӣ, ботлоқ, намнокӣ, дар рӯйи замин, рӯйи дарахту бутта, дар қабати хоку сангпораҳо зиндагӣ мекунанд.

Хордадорон нисбат ба дигар хайвонҳо аҳамияти калон доранд, дар хоҷагй вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Қариб ҳамаи ҳайвонҳои хонагӣ намояндагони хордадорон мебошанд, ки аз онҳо маҳсулоти зиёди хӯрокворӣ, либосворӣ ва доруворӣ гирифта мешавад.

xordadoron

Аз намояндагони алоҳидаи хордадорон инсон чун нақлиёт, посбон ва дар корҳои ҳарбӣ истифода мебарад. Хонагӣ кардани баъзе намояндахои хордадорон аз давраҳои тараққиёти ҷамъияти ибтидоӣ то ҳол давом дорад. Инсон кӯшиш мекунад, ки тавассути тағйир додани табиат намудҳои хордадорон зотхои нави сермаҳсул, ба шароити ҷудогона мувофиқ ва ба хар гуна касалиҳо тобоварро ба вуҷуд оварда, талаботи рӯзафзуни аҳолиро таъмин кунад.

Маҳсулоти ҳайвоноти мӯҳрадор барои саноати ширу гӯшт, бофандагӣ, чармбарорӣ, тиббӣ, ҳарбӣ, саноат, савдои дохилию хориҷӣ ва барои баъзе корхонаҳо чун ашёи хоми зарурӣ ҳисоб мешавад, Аз ин рӯ, хоҷагиҳои чорводорӣ, моҳипарварӣ, парранда- парварию мӯинадорӣ дар ҷамъият мавқеи муҳим доранд, Бинобар ин ба таври самаранок муҳофизат кардану шикор намудани мӯҳрадорони ваҳшӣ ва дуруст ба роҳ мондани хоҷагиҳои ҳайвоноти хонагӣ яке аз сарчашмаҳои асосии даромади давлатӣ ва хоҷагидории шахсӣ мебошад. Дар баробари аҳамият доштан онҳо зарари калон ҳам доранд, зеро баъзе намудҳои мӯҳрадорон: юрмон, муш, каламуш, хуки ёбоӣ, ҷайра, гург, баъзан caг, гурба зараррасони хоҷагии кишоварзӣ ва гузаронандаи ҳаргуна касалиҳо мебошанд.

Зоологҳо хордадоронро нисбат ба ҳамаи дигар ҳайвонот зиёдтар ва ҳаматарафа омӯхтаанд, ки тавассути он бисёр масъалаҳои систематика, анатомияи муқоисавӣ, гистология, эмбриология, экология, зоогеография, палеонтология, филогенетика ҳал гардида, муваффақиятҳои нави илмӣ ба даст овардаанд. Масалан, А.О. Ковалевский дар бораи зоопалеонтология, Ч. Дарвин оид ба пайдоиши намудҳо дар табиат, А.Н. Северсов оид ба филогенетикаи ҳайвонот, И. Ф. Иванов, Ғ.А. Алиев дар бобати ба вуҷуд овардани зотҳои беҳтарини хук ва гӯсфанд ҳисса гузоштаанд.

Дар бобати омӯзиши ҳаматарафаи олами мӯҳрадорон корхои олимони рус С. Крашенинников, И. Гмелин, П.Павлов, ИЛепехин (дар асри XVIII), Г.С. Карелин, К.М. Бэр, А.Ф. Маддендорф, М.А. Мензбир, Н.М. Пржевальский, К.А. Сотуиин, М.Н. Богданов, Н.А.

Северсов, К.Ф. Руле (дар асри XIX) шоёни диққат аст. Хусусан, тадқиқотҳои илмии профессори Университети давлатии Москва ба номи М. Ломоносов К.Ф. Руле (1814-1858) дар бобати экологияи хордадорон, ба тулаккунй, пахншавии экологияи хордадорон, инчунин оид ба пахншавии мавсимй ахамияти калон доранд. Баъди инкилоб оид ба масъалаҳои экологияи мӯҳрадорон як гурӯҳ зоологҳо Д.Н. Қашқаров. А.Н. Формозов. Е. Н. Павловский, П. П. Сушкин, Н. А. Зарудный, И. А. Абдусаломов ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд.

Масалан, дар инкишофи як шохаи хордадорон – моҳишиносӣ, ки ихтиология ном дорад, ҳиссаи зоологхои рус Н.М. Книпович, Б.К. Солдатов, А.Н. Державин ва дигарон хеле калон мебошад. Дар бобати мутобиқкунӣ ва шикори ширхӯрону паррандаҳо бошад, ҳиссаи проф. Б.М.Житков калон аст.

Дардавраи Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфтани пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши ҳаматарафаи гурӯхҳои ҷудогонаи хайвонот ба инкишофи зоологияи мӯҳрадорон ёрии беҳамто расониданд.

Ҳамая он махлуқоте, ки ба навъи хордадорон дохил мешаванд, як давраи муайянро аз cap мегузаронанд. Майнаи сари мӯҳрадорон аз 2 нимкураи калони майна (майнаи миёна, майнача) ва майнаи дарозрӯя иборат аст.

Ба сохти асаби хароммағз ва ҷӯякҳои он, ки баданро пурра бо торчаҳои асаб ба назар ноаёни ҳискунию ҷавобгардонӣ таъмин мекунанд, дохил мешаванд.

Тартиби хӯрокҳазмкунии мӯҳрадорон аз қисмҳои алоҳида иборат аст. Ба ҳазми хӯрок ғадуди талхадони ҷигар ва ғадудҳои зери меъда ёрӣ мерасонанд. Аз ҷигар ду найча баромада, якеаш ба меъда, дигараш ба рӯдаи дувоздаҳангушта меравад ва ғадуди он равғани истеъмол кардашударо ҳазм мекунад.

Тартиби ҳазми хӯрок аз қисмҳои даҳон, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, рӯдаи борик, рӯдаи 12-ангушта, рӯдаи ғафс, рӯдаи рост иборат буда, хӯроки боқимондаи нолозим бо сӯрохии мақъад хориҷ мешавад.

Меъда дар мӯҳрадорон содда ва мураккаб мешавад. Масалан, меъдаи мураккаб ба ҳайвонҳои алафхӯри кавшакунакда хос аст.

Тартиби нафаскашии мӯҳрадорон вобаста ба тарзи зиндагиашон ғалсамагӣ ва шушӣ мешавад. Тадқиқотхо нишон медиҳанд, ки аввал узви ғалсамагӣ ба вуҷуд омалааст. Дар мӯҳрадорони дубаҳра ва паррандаю ширхӯрҳо шуш инкишоф ёфтааст.

Тартиби гардиши хуни мӯҳрадорон пӯшидааст, яъне хун дар даруни рагҳои хунгузар (капилярҳо) ҳаракат мекунад. Дар мӯҳрадорон рагҳои хунгард артериалӣ ва венагӣ мешаванд. Хуне, ки аз оксиген бой асту аз дил бо рагҳои артерия ба тамоми аъзои бадан меравад, онро хуни тоза меноманд.

Хордадорон ба зернавъҳои кирминахордадорон, бекосаисарон, мӯҳрадорон ҷудо мешаванд. Хорда тири бадан аст, ки аз моддаи хамирашакли хокистарранг иборат аст. Хорда аз варақаи ҷанинии эктодерма инкишоф меёбад. Аз рӯйи тадқиқоти А.О. Ковалевский, аппендикулярия, ассидия, салпҳо дар баҳр зиндагӣ карда, ба зернавъи кирминахордадорон дохил мешаванд. Дар қисми пеши таиаи хордадорон галсама ҳаст. Инчунин онҳо силсилаи асаби марказӣ доранд.

Миқдори сӯрохҳои галсама дар ҳамаи хордадорон як хел нест. Моҳиҳои устухонӣ — 4 ҷуфт, моҳиҳои тағоякӣ — 6-9 ҷуфт, даҳонгирдон 7-14 ҷуфт, лансетник (нештаршакл) — 14-1140 ҷуфт баргакҳои ғалсамагй доранд, ки бо сарпӯшак пӯшида шудаанд. Хордадорони хушкигард ҳам дар давраи эмбрионӣ (ҷанинӣ) сӯрохҳои ғалсама доранд.

Хордадорон ба бемӯҳрахо аз рӯйи ҷойгир будани мушакҳои бадан, симметрияи дупахлӯгӣ аоштан, афзоиши ҷинсӣ кардан, галсама доштан алоқаманд мебошанд. Бо ин аломатҳои хешигарӣ (филогенетикӣ) гуфтан мумкин аст, ки хордадорон аз ҳайвонҳои бемӯҳра ба вуҷуд омадаанд.

Савол ва супоришқо:

  1. Хорда чист?
  2. Дар бораи навъи хордадорон маълумоти умумӣ диҳед.
  3. Дар дафтаратон нақшаи навъи хордадоронро тартиб диҳед.
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

dandon-pizishk

Ҳомиладорон читавр дандонҳоро нигоҳубин намоянд

Ташрифи дандонпизишк ҳар ним сол, як маротиба тавсия карда мешавад. Бо фаро расидани давраи ҳомиладорӣ …