Главная / Биология / НАВЪИ ХОРДАДОРОН: ТАВСИФИ УМУМИИ 

НАВЪИ ХОРДАДОРОН: ТАВСИФИ УМУМИИ 

Хордадорон дар байни дигар навъхо хусусиятхои олии худро доранд. Хордадорон нисбат ба дигар хайвонхо нихоят инкишоф ёфтаанд ва зиёда аз 40 хазор намудро дар бар мегиранд. Намудхои хордадорон дар шароитхои гуногун: сероби, камоби, ботлок, намноки, дар руйи замин, руйи дарахту бутта, дар кабати хоку сангпорахо зиндаги мекунанд.

Хордадорон нисбат ба дигар хайвонхо ахамияти калон доранд, дар хочагй вазифаи мухимро ичро мекунанд. Кариб хамаи хайвонхои хонаги намояндагони хордадорон мебошанд, ки аз онхо махсулоти зиёди хуроквори, либосвори ва дорувори гирифта мешавад.

xordadoron

Аз намояндагони алохидаи хордадорон инсон чун наклиёт, посбон ва дар корхои харби истифода мебарад. Хонаги кардани баъзе намояндахои хордадорон аз даврахои тараккиёти чамъияти ибтидои то хол давом дорад. Инсон кушиш мекунад, ки тавассути тагйир додани табиат намудхои хордадорон зотхои нави сермахсул, ба шароити чудогона мувофик ва ба хар гуна касалихо тобоварро ба вучуд оварда, талаботи рузафзуни ахолиро таъмин кунад.

Махсулоти хайвоноти мухрадор барои саноати ширу гушт, бофандаги, чармбарори, тибби, харби, саноат, савдои дохилию хоричи ва барои баъзе корхонахо чун ашёи хоми зарури хисоб мешавад, Аз ин ру, хочагихои чорводори, мохипарвари, парранда- парварию муинадори дар чамъият мавкеи мухим доранд, Бинобар ин ба таври самаранок мухофизат кардану шикор намудани мухрадорони вахши ва дуруст ба рох мондани хочагихои хайвоноти хонаги яке аз сарчашмахои асосии даромади давлати ва хочагидории шахси мебошад. Дар баробари ахамият доштан онхо зарари калон хам доранд, зеро баъзе намудхои мухрадорон: юрмон, муш, каламуш, хуки ёбои, чайра, гург, баъзан caг, гурба зараррасони хочагии кишоварзи ва гузаронандаи харгуна касалихо мебошанд.

Зоологхо хордадоронро нисбат ба хамаи дигар хайвонот зиёдтар ва хаматарафа омухтаанд, ки тавассути он бисёр масъалахои систематика, анатомияи мукоисави, гистология, эмбриология, экология, зоогеография, палеонтология, филогенетика хал гардида, муваффакиятхои нави илми ба даст овардаанд. Масалан, А.О. Ковалевский дар бораи зоопалеонтология, Ч. Дарвин оид ба пайдоиши намудхо дар табиат, А.Н. Северсов оид ба филогенетикаи хайвонот, И. Ф. Иванов, Г.А. Алиев дар бобати ба вучуд овардани зотхои бехтарини хук ва гусфанд хисса гузоштаанд.

Дар бобати омузиши хаматарафаи олами мухрадорон корхои олимони рус С. Крашенинников, И. Гмелин, П.Павлов, ИЛепехин (дар асри XVIII), Г.С. Карелин, К.М. Бэр, А.Ф. Маддендорф, М.А. Мензбир, Н.М. Пржевальский, К.А. Сотуиин, М.Н. Богданов, Н.А.

Северсов, К.Ф. Руле (дар асри XIX) шоёни диккат аст. Хусусан, тадкикотхои илмии профессори Университети давлатии Москва ба номи М. Ломоносов К.Ф. Руле (1814-1858) дар бобати экологияи хордадорон, ба тулаккунй, пахншавии экологияи хордадорон, инчунин оид ба пахншавии мавсимй ахамияти калон доранд. Баъди инкилоб оид ба масъалахои экологияи мухрадорон як гурух зоологхо Д.Н. Кашкаров. А.Н. Формозов. Е. Н. Павловский, П. П. Сушкин, Н. А. Зарудный, И. А. Абдусаломов ва дигарон хиссаи арзанда гузоштаанд.

Масалан, дар инкишофи як шохаи хордадорон – мохишиноси, ки ихтиология ном дорад, хиссаи зоологхои рус Н.М. Книпович, Б.К. Солдатов, А.Н. Державин ва дигарон хеле калон мебошад. Дар бобати мутобиккуни ва шикори ширхурону паррандахо бошад, хиссаи проф. Б.М.Житков калон аст.

Дардавраи Иттиходи Шурави ташкил ёфтани пажуишгоххои илми-тадкикоти оид ба омузиши хаматарафаи гуруххои чудогонаи хайвонот ба инкишофи зоологияи мухрадорон ёрии бехамто расониданд.

Хамая он махлукоте, ки ба навъи хордадорон дохил мешаванд, як давраи муайянро аз cap мегузаронанд. Майнаи сари мухрадорон аз 2 нимкураи калони майна (майнаи миёна, майнача) ва майнаи дарозруя иборат аст.

Ба сохти асаби хароммагз ва чуякхои он, ки баданро пурра бо торчахои асаб ба назар ноаёни хискунию чавобгардони таъмин мекунанд, дохил мешаванд.

Тартиби хурокхазмкунии мухрадорон аз кисмхои алохида иборат аст. Ба хазми хурок гадуди талхадони чигар ва гадудхои зери меъда ёри мерасонанд. Аз чигар ду найча баромада, якеаш ба меъда, дигараш ба рудаи дувоздахангушта меравад ва гадуди он равгани истеъмол кардашударо хазм мекунад.

Тартиби хазми хурок аз кисмхои дахон, халк, сурхруда, меъда, рудаи борик, рудаи 12-ангушта, рудаи гафс, рудаи рост иборат буда, хуроки бокимондаи нолозим бо сурохии макъад хорич мешавад.

Меъда дар мухрадорон содда ва мураккаб мешавад. Масалан, меъдаи мураккаб ба хайвонхои алафхури кавшакунакда хос аст.

Тартиби нафаскашии мухрадорон вобаста ба тарзи зиндагиашон галсамаги ва шуши мешавад. Тадкикотхо нишон медиханд, ки аввал узви галсамаги ба вучуд омалааст. Дар мухрадорони дубахра ва паррандаю ширхурхо шуш инкишоф ёфтааст.

Тартиби гардиши хуни мухрадорон пушидааст, яъне хун дар даруни рагхои хунгузар (капилярхо) харакат мекунад. Дар мухрадорон рагхои хунгард артериали ва венаги мешаванд. Хуне, ки аз оксиген бой асту аз дил бо рагхои артерия ба тамоми аъзои бадан меравад, онро хуни тоза меноманд.

Хордадорон ба зернавъхои кирминахордадорон, бекосаисарон, мухрадорон чудо мешаванд. Хорда тири бадан аст, ки аз моддаи хамирашакли хокистарранг иборат аст. Хорда аз варакаи чанинии эктодерма инкишоф меёбад. Аз руйи тадкикоти А.О. Ковалевский, аппендикулярия, ассидия, салпхо дар бахр зиндаги карда, ба зернавъи кирминахордадорон дохил мешаванд. Дар кисми пеши таиаи хордадорон галсама хаст. Инчунин онхо силсилаи асаби маркази доранд.

Микдори суроххои галсама дар хамаи хордадорон як хел нест. Мохихои устухони — 4 чуфт, мохихои тагояки — 6-9 чуфт, дахонгирдон 7-14 чуфт, лансетник (нештаршакл) — 14-1140 чуфт баргакхои галсамагй доранд, ки бо сарпушак пушида шудаанд. Хордадорони хушкигард хам дар давраи эмбриони (чанини) суроххои галсама доранд.

Хордадорон ба бемухрахо аз руйи чойгир будани мушакхои бадан, симметрияи дупахлуги аоштан, афзоиши чинси кардан, галсама доштан алокаманд мебошанд. Бо ин аломатхои хешигари (филогенетики) гуфтан мумкин аст, ки хордадорон аз хайвонхои бемухра ба вучуд омадаанд.

Савол ва супоришко:

  1. Хорда чист?
  2. Дар бораи навъи хордадорон маълумоти умуми дихед.
  3. Дар дафтаратон накшаи навъи хордадоронро тартиб дихед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …