НАВЪҲОИ ҚОФИЯ

Дар боло гуфтем, ки вобаста ба ҳарфи равӣ ва иштироки ҳарфҳои дигар қофияро ба ду навъ ҷудо мекунанд: қофияи муқайяд ва қофияи мутлақ.

Қофияи муқайяд ва қофияи мутлақ ба ҳарфи равӣ вобаста аст. Агар баъди ҳарфи равӣ, ҳарфи дигаре наомада бошад, онро р а в и и м у- қ а й я д ё қофияи муқайяд меноманд. Агар баъди ҳарфи равӣ боз ҳарфи дигаре омада бошад, онро р а в и и м у т л а қ ё қофияи мутлақ мегӯянд. Азбаски ҳарфи равӣ ҳарфи асосии решагии қофия аст, қофияро низ ба қофияи муқайяд ва қофияи мутлақ ҷудо кардаанд.

Хандаи духтари хушру

Донишмандони илми қофия вобаста ба истифодаи ҳарфи равӣ ва ҳарфҳои дигари қофия (таъсис, дахил, ридф, қайд, васл, хурӯҷ, мазид, нойира) дар шеъри форсӣ – тоҷикӣ 35 навъи қофияро муайян кардаанд.

Аз байни ин миқдор 25 навъи он дар ашъори шоирони форс-тоҷик бештар маъмуланд. Ҳар як калимаи решагии қофия вобаста ба он ки дар таркибаш кадом ҳарф ё ҳаракат иштирок дорад, бо номи ҳамон ҳарфҳою ҳаракатҳо ёд карда мешавад. Масалан, агар қофия аз калимаҳои «бурдамешон»-у «озурдамешон» таркиб ёфта бошад, онро қофияи мутлақ бо қайд, васл, хурӯҷ, мазид, нойира меноманд. Сабаби чунин ном гирифтани қофия он аст, ки дар таркиби ҳарфҳои решаи қофия («- урдемашон») садоноки кӯтоҳи «у» ҳ а з в, ҳамсадои «р» қ а й д, ҳамсадои «д» р а в и и м у т л а қ, ҳарфи «е» в а с л, ҳарфи «м» х у р ӯ ҷ, садоноки кӯтоҳи «а» н а ф о з, ҳарфи «ш» м а з и д, ҳарфҳои «о» ва «н» н о й и р а мебошанд.

Аз ҳарфҳое, ки дар сохтани қофия иштирок менамоянд, т а ъ с и с, д а х и л, р и д ф, қ а й д ҳамеша пеш аз равӣ, ҳарфҳои в а с л, х у р ӯ ҷ, м а – з и д, н о й и р а доимо баъди ҳарфи равӣ меоянд. Тарзи ҷойгиршавии ҳаракатҳо низ мисли ҷойгиршавии ҳарфҳои қофияанд, яъне ҳаракатҳои р а с, и ш б о ъ, ҳ а з в, т а в ҷ е ҳ пеш аз ҳарви р а в ӣ, аммо ҳаракатҳои м а ҷ р о ва н а ф о з ҳамеша баъди р а в ӣ меоянд. Илова бар ин, дар илми қофия бо номҳои қофияи пурбаҳо ва қофияи камбаҳо ё ноқис, инчунин, қофияи муҷаррад дучор меоем. Қ о ф и я ҳ о и п у р б а ҳ о гуфта қофияҳоеро меноманд, ки ҳарфҳои решаи онҳо дар ҳамаи мавридҳо бе ҳеҷ гуна нуқс омада бошанд. Ба гурӯҳи қ о ф и я и к а м б а- ҳ о ё н о қ и с қофияҳое дохил мешаванд, ки аз қонунҳои маъмулии он сарфи назар шуда бошад. Масалан, агар ҳарфи р а в ӣ дар калимаҳои қофия тағйир ёфта бошад (мисли т ӯ п бо х у б ва ғайра) ё ин ки дар байни ҳ а з в у т а в ҷ е ҳ ихтилофе афтода бошад (мисли б у р д ва г и р д).

Ҳамин тариқ, дар шеъри шоирони гузашта ва имрӯзаи форс-тоҷик бисту панҷ навъи қофияи пурбаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз инҳо иборатанд:

Е Қофияи муқайяди муҷаррад, яъне қофияие, ки решаи он фақат аз як ҳарфи равӣ иборат мебошад (мисли «д и л» ва «г и л». Мисол:

Даҳани танги ту аз писта шакар мерезад,

Лабат аз ҳуққаи ёқут гуҳар мерезад. (Исмати Бухороӣ)

Мисоли дигар:

То ҷон ба вафои ту даҳани танги ту дам зад,

Аз шаҳри бақо хайма ба саҳрои адам зад. (Хаёлии Бухороӣ)

Боз як мисол:

Хатти тақдир аст холӣ аз ғалат, Аз хато холӣ набошад ҳеҷ хат.

Дар байти аввал калимаҳои «шакар»-у «гуҳар» қофия, ҷузви «-ар» решаи қофия буда, ҳарфи «р» р а в и и м у қ а й я д ва садоноки кӯтоҳи «а» т а в ҷ е ҳ аст.

Дар байти дуюм бошад, калимаҳои «дам» ва «адам» ба вазифаи қофия омада, ҳарфи «м» равии муқайяд, садоноки кӯтоҳи «а», ки пеш аз равӣ омадааст, м а ҷ р о мебошад. Дар байти сеюм «а»-и дуюми калимаи «ғалат» ва «а»-и калимаи «хат» тавҷеҳ, ҳарфи «т»-и ҳарду калима равии муқайяд мебошад.

  1. Қофияи муқайяд бо ҳарфи қайд, яъне қофияе, ки решаи он аз ҳаракати ҳазв, ҳарфи қайд ва ҳарфи равӣ иборат аст (мисли «ф а р қ» ва «б а р қ».

Мисол:

Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,

Марги чунин хоҷа на корест хурд. (Рӯдакӣ)

Мисоли дигар:

Макун тарки раҳил, ай турки сармаст, Ки хоҳад шуд инони ақлам аз даст. (Ҷомӣ)

Дар байти аввал садоноки кӯтоҳи «у» ҳазв, ҳарфи «р» қайд, ҳарфи «д» равии муқайяд; дар байти дуюм садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» равии муқайяд мебошад.

  1. Қофияи муқайяд бо ридфи муфрад (аслӣ), яъне қофияе, ки решаи он аз ридфи муфрад ва равии муқайяд (мисли «х е з» ва «р е з» иборат аст.

Мисол:

Дили зинда ҳаргиз нагардад халок,

Тани мурдадил гар бимирад, чӣ бок? (Мавлавӣ)

Мисоли дигар:

Маро то кай цигархун дорӣ, ай дил? Сиришкамро цигаргун дорӣ, ай дил.

Дар ҳарду байт калимаҳои «ҳалок»-у «бок» ва «ҷигархун»-у «ҷигаргун» қофия, ҷузвҳои «-ок»-у «-ун» решаи қофия буда, садонокҳои «о» ва «у» ридфи муфрад, ҳарфҳои «к» ва «н» равии муқайяд мебошад.

  1. Қофияи муқайяд бо ридфи мураккаб (аслӣ ва зоид), яъне қофияе, ки дар решаи он ҳарфи ридфи муфрад (аслӣ) ва ридфи мураккаб (зоид) омадааст (мисли «г у з о ш т» ва «н а д о ш т»).

Мисол:

Маҷнун чу кушод номаи Дӯст,

Афтод бурун чу писта аз пӯст. (Мактабии Шерозӣ)

Мисоли дигар:

Ишқ аст, ки чун шарора афрӯхт,

Хошоки вуҷуди хушку тар сӯхт. (Шайхам Суҳайлӣ)

Дар байти якум садоноки дарози «ӯ» ридфи муфрад (аслӣ), ҳарфи «с» ридфи мураккаб (зоид), ҳарфи «т» равии муқайяд; дар байти дуюм садоноки дарози «ӯ» ридфи муфрад (аслӣ), ҳарфи «х» ридфи мураккаб (зоид), ҳарфи «т» равии муқайяд мебошад.

  1. Қофия муқайяд бо таъсис ва дахил, яъне қофияе, ки решаи он аз равии муқайяд иборат аст ( мисли «с о ҳ и л» ва «ш о ғ и л»)

Мисол:

Чу равшан гашт мазмуни китобат,

Мутобиқ шуд саволаш бар ицобат. (Ҳозиқ)

Мисоли дигар:

Чашми бадат, ай бадеъ шамойил,

Моҳи манӣ, шамъи ҷамъу мири қабойил. (Саъдӣ)

Дар байти аввал калимаҳои «китобат»-у «иҷобат» қофия буда, садоноки дарои «о» т а ъ с и с, ҳарфи «б» д а х и л, садоноки кӯтоҳи «а» ишбоъ ва ҳарфи «т» р а в и и м у қ а й я д мебошанд. Дар байти сонӣ, дар калимаҳои «шамойил»-у «қабойил» «о» т а ъ с и с, «й» дахил, «и» ишбоъ ва «л» равии муқайяд аст.

  1. Қофияи мутлақи муҷаррад, яъне қофияе, ки решаи он аз ҳаракати т а в ҷ е ҳ, ҳарфҳои равии м у т л а қ у в а с л ва ҳаракати маҷро иборат аст (мисли «модараш» ва «додараш»). Мисол:

Тиру теғ аст бар дилу цигарам,

Ғаму тимори духтару писарам. (Масъуди Саъд)

Мисоли дигар:

Ай хубтар зи пайкари дебои арманӣ,

Ай поктар зи қатраи борони баҳманӣ. (Мунҷик)

Дар байти якум калимаҳои «ҷигарам»-у «писарам» қофия, ҷузви «- арам» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «р» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро ва ҳарфи «м» васл аст. Дар байти дуюм калимаҳои «арманӣ»-ю «баҳманӣ» қофия, ҷузви «-анӣ» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а» т а в ҷ е ҳ, ҳарфи «м» р а в и и м у т – л а қ ва ҳарфи «ӣ» васл аст.

  1. Қофияи мутлақ бо қайд, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳаракати ҳ а з в, ҳарфҳои қ а й д, р а в и и м у т л а қ ва в а с л омадааст (мисли: «р а н г а ш» ва «н а н г а ш»). Мисол:

Аз сад хати ӯ яке нагуфта,

Аз сад гуҳараш яке насуфта. (Туғрал)

Мисоли дигар:

Болои сараш зи ҳушманДӣ,

Метофт ситораи баландӣ. (Саъдӣ)

Дар байти аввал калимаҳои «нагуфта» ва «насуфта» қофия шудаанд, ки садоноки «у» ҳ а з в, ҳарфи «ф» қ а й д, ҳарфи «т» р а в и и м у т л а қ ва ҳарфи «а» васл; дар байти сонӣ дар қофияҳои «хушмандӣ» ва «баландӣ» садоноки «а» ҳ а з в, харфи «н» қ а й д, ҳарфи «д» р а в и и м у т л а қ ва ҳарфи «ӣ» в а с л мебошад.

  1. Қофияи мутлақ бо ридфи муфрад ё аслӣ, яъне қофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлақ, маҷро ва васл омадааст (мисли: «ҷ о м а ш», «н о м а ш»).

Мисол:

Ҳар он шамъе, ки Эзид барфурӯзад,

Ҳар он кас пуф кунад, сиблат[2] бисӯзад. (Абӯшакури Балхӣ)

Мисоли дигар:

Чдҳоне, ҳамоно фусуниву бозӣ, На бар кас камоиву бо кас насозӣ. ( Мусъабӣ)

Дар ҳарду байт калимаҳои «барафрӯзад» бо «бисӯзад» ва «бозӣ» бо «насозӣ» қофия шудаанд. Дар байти якум ҷузви «-ӯзад» решаи қофия буда, садоноки дарозӣ «ӯ» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «з» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «д» васл; дар байти дуюм ҷузви «-озӣ» решаи қофия буда, садоноки дарози «о» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «з» равии мутлақ ва ҳарфи «ӣ» васл аст.

  1. Қофияи мутлақ бо ридфи муфрад (аслӣ) ва ридфи мураккаб ё зоид, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳарфҳои ридфи мураккаб (зоид), равии мутлақ, ҳаракати маҷро ва ҳарфи васл меояд (мисли: «п и н д о ш т а ш» ва «д о ш т а ш»). Мисол:

Агар бо ҷафопеша биштофтӣ,

Ки аз дасти қаҳраш амон ёфтӣ. (Саъдӣ)

Мисоли дигар:

Чу дар дӯстӣ мухлисам ёфтӣ,

Инонам зи сӯҳбат чаро тофтӣ? (Саъдӣ)

Дар ҳарду байт калимаҳои охири онҳо бо ҳам қофия шудаанд, ки ҷузви «-офтӣ» («-ёфтӣ», решаи қофия мебошанд. Дар ин решаи қофия садоноки дарози «о» (дар қофияи ёфтӣ «ё») ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «ф « ридфи мураккаб ё зоид, ҳарфи «т» равии мутлақ, ҳарфи «ӣ» васл аст.

  1. Қофияи мутлақ бо таъсис ва дахил, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳарфҳои таъсис, дахил, равии мутлақ, васл ва ҳаракатҳои ишбоъю маҷро омадааст (мисли: «қ о с и р а м» ва «м о ҳ и р а м»). Мисол:

В-ар ӯ низ дарсохт бо хотираш,

Зи Машриқ амал баркану нозираш. (Саъдӣ)

Мисоли дигар:

Ки бечорагонро ҳаме ёварӣ,

Ба некӣ ба ҳар доварон доварӣ. (Фирдавсӣ)

Дар байти аввал дар калимаҳои «хотираш» ва «нозираш» ҷузви «- отираш» (дар қофияи дуюм – «озираш», решаи қофия буда, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфи «т» («з») дахил, садоноки кӯтоҳи «и» ишбоъ, ҳарфи «р» равии мутлақ, садоноки «а» маҷро, ҳарфи «ш» васл аст. Дар байти сонӣ дар калимаҳои «ёварӣ» ва «доварӣ» ҷузви «-оварӣ» («ёварӣ») решаи қофия буда, ҳарфи «о» («ё») таъсис, ҳарфи «в» дахил, садоноки кӯтоҳи «а» ишбоъ, ҳарфи «р» равии мутлақ ва ҳарфи «ӣ» васл мебошад.

Савол ва супоришхр:

  1. Қофия ба чанд навъ ҷудо мешавад?
  2. Кадом навъи қофияро қофияи муқайяд мегӯянд?
  3. Қофияи мутлақ чист?
  4. Байте бигӯед, ки дар решаи қофияаш равии муқайяд ё аслӣ омада бошад.
  5. Тафовути қофияи муқайяду мутлақ дар чист?
  6. Кадом навъи қофияро қофия муқайяди муҷаррад меноманд?
  7. Қофияе, ки дар решаи он ҳарфи қайд ва равӣ омада бошад, чӣ меноманд?
  8. Дар байти Ҷомӣ кадом навъи қофия омадааст?

Аз шаҳи Юнон Ҳакими тезҳуш

Кард чун афсонаи фарзанд гӯш.

  1. Дар қофияи муқайяде, ки ридфи мураккаб дорад, боз кадом ҳарфҳои қофия омада метавонад?
  2. Дар қофияи муқайяд бо таъсису дахил кадом ҳаракати қофия ҳатман бояд биояд.
  3. Қофияи муқайяди муҷаррад аз қофияи мутлақи муҷаррад чӣ фарқ дорад.
  4. Номи ҳаракатҳоеро гӯед, ки дар қофияи мутлақ бо таъсис ва дахил омадаанд.
  5. Ҳаракатҳои, ки пеш аз ҳарфи равӣ меоянд, кадомҳоянд?
  6. Дар байти:

Хатти тақдир аст холӣ аз ғалат,

Аз хато холӣ набошад ҳеҷ хат.

кадом навъи қофия омадааст?

  1. Ҳарф ва ҳаракатҳои қофияро азёд гӯед.

[2]   Сиблат, саблат, – мӯйлаб, бурут; риш.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …