Главная / Гуногун / Насиҳатҳои Шайх Абдолӣ ба фарзандаш

Насиҳатҳои Шайх Абдолӣ ба фарзандаш

1. Бе бисмиллоҳ хӯрок махӯр.
2. Агар сир дошта бошӣ ба касе магӯ.
3. Дар ҳолати ҷанобат хӯрок махӯр.
4. Либосатро дар баданат мадӯз.
5. Рафторе макун, ки сабаби бадном шуданат гардад.
6. Бо бадон рафиқӣ макун, пӯшаймон хоҳӣ шуд.
7. Доимо ҳадафҳо дошта бошӣ, бар гузашта банд машав.
8. Фикри ҳаромиро макун.
9. Ба моли касе чашм мадӯз.
10. Дар маконе мол нагузошта бошӣ, даст дароз макун.
11. Суханронии ду нафарро гӯш макун.
12. Ҳақи нону намакро пос дор.
13. Ба номаҳрам назар макун. Хиёнат макун.
14. Бе даъват ба маконе марав. Агар нафареро ҳамроҳӣ бикунӣ, пас нафари бономусро ҳамроҳӣ бикун.
15. Суханҳои дар маҷлис бударо дар ақлат нигоҳ дор.
16. Аз як хона ба хонаи дигар сухан мабар.

shaix
17. Аз бадӣ кардан дур бош.
18. Боадаб бош.
19. Бо ҳама рафтори накӯ бикун.
20. Якрав ва бадсухан мабош.
21. Пеш- пеши бузургон роҳ марав.
22. Бузургонро эҳтиром бикун.
23. Доимо тоза бош.
24. Ба ҳаром ва чизҳои манъшуда наздик машав.
25. Панҷ вақт намозро дар вактҳояш адо бикун. Худатро бо илму фазилат машғул бикун.
26. Имконҳои дар даст будаатро исроф макун.
27. Боқаноат бош. Қаноат хазинаи тамомнашаванда аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …