Главная / Маданият ва санъат / Намудҳо ва жанрҳои санъати тасвирӣ

Намудҳо ва жанрҳои санъати тасвирӣ

Санъати тасвирӣ ҳамчун жанр замони пайдоиши инсон ба вуҷуд омад ва ёдгории таърихии мазкур дар соҳаи санъати тасвирӣ то за- мони мо ҳамчун мерос боқӣ бимонд. Аз рӯйи ин асарҳо мо дониста метавонем, ки рӯзгори одамон дар замонҳои қадим чӣ гуна буд. Дар синфҳои ибтидоӣ шумо бо намудҳои санъати тасвирӣ: графи­ка, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, санъати ороишию амалӣ ва меъморӣ ошноӣ пайдо карда будед. Баъзе намудҳои санъати тасвириро ба хотир меорем.

Графика як намуди санъати тасвирӣ маҳсуб меёбад. Графика (аз юн. grapho – менависам, тасвир менамоям) – тасвир дар сатҳ бо ёрии хатҳо, рахҳо, суробҳо, доғҳо ва тобишҳо. Графикаро санъати сиёҳу сафед низ меноманд.

Саймалуу-Таш. Қирғизистон.
Саймалуу-Таш. Қирғизистон.
Шикори гавазн. Испания.
Шикори гавазн. Испания.

Аз қадимулайём мардуми қадими қирғиз урфу одат ва анъана, забони модарӣ, фарҳанг, истиқлолияти хешро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамояд. Мо бояд ёдгориҳои бадеии мардумамон- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро фаромӯш насозем ва аз насл ба насл боқӣ бимонем. Аз забони достонсароёни эпоси «Ма­нас» аз қадимулайём то ин замон мо бобати таърихи мардуми

Сарояндаи Саякбай Каралаев. Б. Жумабаев.
Сарояндаи Саякбай Каралаев.
Б. Жумабаев.

қирғиз, дар бораи ҷанговарони муҳофизи халқи худ аз истилогарони аҷнабӣ маълу- мот пайдо карда метавонем. Эпоси мазкур дар ҷаҳон пурҳаҷмтарин маҳсуб меёбад. «Манас» ганҷинаи тиллоии тафаккури халқӣ буда, таҷрибаи ҳазорсолаи таърих ва ҳаёти маънавии мардуми қирғизро инъикос ме- намояд. Рассомон Б. Жумабаев, Т. Герсен ва дигарон силсилаи аҷиби образҳои графикии қаҳрамонҳо ва сюжетҳоро дар асоси эпоси «Манас» офариданд. Белек Жумабаев дар Қирғизистоне на танҳо ҳамчун яке аз аввалин рассомони графи­ка, наққошӣ, балки инчунин муаллифи корҳо дар техникаи син- кография машҳур аст. Дар техникаи синкография корҳои бадеии «Тулпарлар» (айғирҳо), «Баатир айимдар» (қаҳрамонмодарон) барои китобҳо ба ҷо оварда шудаанд. Ӯ силсилаи портретҳои қаҳрамонҳои асосии эпоси «Манас»- ро тибқи нақлҳои достон- сароёни бузург эҷод намуд. Асарҳои Б. Жумабаев бо завқи ба- ланди бадеӣ, тахайюлоти бойи эҷодӣ тафовут доранд. Тавассути образҳои эпос рассом кӯшиш намуд, ки хислати миллии мардумро ошкор намояд.

«Манас». Т. Герсен
«Манас». Т. Герсен

 

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …