Главная / Илм / МУТАТСИЯ

МУТАТСИЯ

mutatsiyaМУТАТСИЯ (лот. Mutatio – тагйирёби), тагйирёбии хомилини ахбори ирсии организм, ки ба рекомбинатсияи генхо вобастаги надорад. Тамоми набототу хайвонот ба М. кобиланд. Тагйироти ногахонии ирсие, ки боиси пайдоиши организмхои дорои хислатхои нав мегарданд, кайхо боз маълуманд. Чунончи, тагйири шакл ё ранги баргу меваи наботот, пайдо шудани болхои иловаги дар хашарот ва г. ходисаи мукаррарист. Тахкики илмии М. дар а. 20 ба туфайли кашф шудани механизмхои асосии интиколи ахбори ирси (ниг. Ирсият), тадкикоти сохт ва вазифаи ген муяссар гашт.
Се навъи М. – гени, хромосоми ва геноми мавчуд аст. М.-и гени тагйирёбии сохти ягон ген мебошад. Дар ин хол дар молекулаи кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН), ки мабдаи сохти ген мебошад (ниг. Кислотахои нуклеат), чузъхои чудогона (нуклеотидхо) мумкин аст иваз шаванд; аз молекулаи КДН кисматхои дарозтар бархам мехуранд ё баръакс, ба он чузъхои иловаги хамрох мешаванд.
М.-хои хромосоми тагйирёбии гуногуни сохти хромосомахо, яъне ташкилихои тахсисёфтаи хомилини молекулахои КДН-и ядрои хучайра мебошанд. Хромосомахо мумкин аст комилан ва кисман дучанд шаванд, китъахои чудогонаи хешро талаф диханд; як кисми хромосома ба 180° вожгун шавад ё дар дигар чои хамон хромосома чой гирад ва г.
Тагйироти адади умумии хромосомахоро М.-хои геноми меноманд. Дар ин хол мумкин аст микдори умумии хромосомахои даста ба тарики карати (дучанд, сечанд ва г.) зиёд шавад, хромосомахои чудогона талаф ёбанд ё баръакс, хромосомахои барзиёд ба вучуд оянд.
Тагйироти нишонахои ирсии организм, ки дар натичаи М. рух медихад, гуногун мешавад. Агар М. китъахои дуюмдарачаи сохти ирсиро дарбар гирифта бошад, он гох табаддулоти руйдода ба фаъолияти хаётии организм чандон таъсир намегузорад ва М. ноаён мемонад. Дар баъзе мавридхо М. вазифаи организмро халалдор накунад хам, хусусиятхои ирсии онро ба таври назаррас дигаргун месозад (мас., дигаргун шудани ранги пашми насли хайвонот ва г.). Билохир дар натичаи М. мумкин аст фаъолияти хаёти ба таври чидди халал ёфта, хатто организм бармахал халок гардад. Чунин М.-хо як катор беморихои инсон, ба истилох беморихои ирсиро ба вучуд меоранд.
Дар баъзе мавридхо М. сифати мутобиксозандаи нофеъ дорад (мас., тагйир ёфта ба ранги наботот монанд шудани ранги хашарот).
Зухуроти М. ба хучайраи мутахаввил вобаста аст. М. дар хучайрахои чанини (барои инсон – тухмхучайра ё нутфа) боиси рушди организми комилан мутагайир гардида, аз насл ба насл мегузарад. М.-хои дигар хучайрахо (ба истилохи М.-хои бадани) вобаста ба мархалаи инкишофи организм, ки дар он М. сурат гирифтааст, як кисми муайяни баданро фаро мегиранд. Дар натичаи М.-и бадани, мас., дар инабияи чашм холхои рангоранг, дар пуст догхои сафеди бепигмент ва г. падид меоянд. М.-хои бадани аз насл ба насл намегузаранд.
М.-хое, ки бидуни таъсири ягон омили беруни дар шароити мукаррарии хаёти организмхо ба вучуд меоянд, «худруста» ном доранд. Ин кабил М.-хо нихоят кам вомехуранд (мас., дар хучайрахои чанини инсон бо басомади 1:100000).
Соли 1925 ба олимони шурави Г. А. Надсон ва Г. С. Филиппов ба таври сунъи зиёд кардани басомади М. муяссар гардид. Як катор омилхое, ки бунёди физики, химияви ё биологи доранд, яъне мутагенхо М.-ро ба вучуд оварда метавонанд. Самараи мутаген ба микдор, давомияти таъсири он ва хусусиятхои организм вобаста аст. Хама навъхои нурафкании ионхо, афканишоти ултрабунафш, бисёр пайвастхои химияви ва баъзе вирусхо ва дорухо хосияти мутагени зохир менамоянд. Чандин алкалоиди наботи, баъзе антибиотикхо, сулфаниламидхо ва моддахои гандзудой мутагенхои кави ба шумор мераванд. Ба баъзе махсули метаболизми хучайра (переоксидхо, радикалхои озод ва г.) низ фаъолии мутагени хос аст. Басомади М.-хои инсон ва хайвонро мавчудоти туфайлие, ки дар бадани онхо зиндаги мекунанд, метавонанд тагйир диханд.
Масъалаи мутагенез (рушди М.) вактхои охир ба муносибати ифлосии мухити зист ахамияти хоса пайдо кард. Тамаркузи миёнаи мутагенхо, ки имруз дар мухити зист муайян карда мешавад, ба чонварони озмуни таъсири манфи намерасонад. Вале бояд дар назар дошт, ки омилхои гуногуни ифлоссозандаи мухити зист ба якдигар таъсири мутакобила расонда, тахаввулоти мураккаби химияви ва биологиро аз сар мегузаронанд ва дар нихояти кор комплексхои фаъоли мутагени хосил мекунанд.
Осеби молекулаи КДН хатман боиси М. нагардида, мумкин аст ба туфайли системахои муассире, ки дар хучайра вучуд доранду осебхои генетикиро бартараф месозанд, беасар аз байн равад. Зухуроти гени мутанти мумкин аз таъсири гени дигар фуру нишинад. Дар ин маврид гени мутанти аз насл банасл мегузарад ва факат дар сурате падид меояд, ки дар хучайраи чанин ду гени мутантии яксон бо якдигар дучор шаванд. Бархе аз М.-хо факат дар шароити муайяни зиндаги (мас., дар харорати муайяни парвариши микроорганизмхои мутанти) зохир мешаванд.
Кобилияти мутатсиони (тагйирдихи)-и генхо зери назорати генетики аст. Дар дастаи умумии генхо генхое ёфт шудаанд, ки ба фаъолии ферментхо асар карда, басомади тахаввули генхои чудогона ё кулли генхоро дигаргун месозанд. Чанде аз онхо басомади тахаввулро зиёд, дигархояшон кам мекунанд. Агар балоравии басомади тахаввул боиси афзудани дигаргунихои барои организм номатлуб гардад, пас камшавии тагйирот барои тамоми намуди мазкур созгор намебошад, зеро имкониятхои мутобикатии онро махдуд месозад.

Р. А. Рахмонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …