Главная / Гуногун / Мусофир

Мусофир

Ҳамчунин  дар қоъи басит мусофире гум шуда буд ва қути қувваташ ба охир омада ва дираме чанд дар миён дошт. Бисёре бигардид ва раҳ ба ҷое набурд. Пас ба сахти ҳалок шуд. Тоифае бирасиданду дирамҳо диданд пеши рўяш ниҳода ва бар хок набишта:

«Гар ҳама зарри ҷаъфари дорад,
Марди бетўша барнагирад гом.
Дар биёбон фақири сўхтаро
Шалғами пухта беҳ, ки нуқраи хом».

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hayot

Панди беҳтарин аз Саъдии Шерозӣ

Илм аз баҳри дин парвардан аст, на аз баҳри дунё хурдан! Ҳар кӣ парҳезу илму …