Главная / Гуногун / Муштзан

Муштзан

Муштзанеро ҳикоят кунанд, ки аз даҳри мухолиф ба фиғон омода ва халқи фаррох аз дасти танг ба ҷои расида. Шикоят пеши падар бурду иҷозат хост, ки азми сафар дорам, магар ба қуввати бозу домани коме фарочанг орам:
Фазлу ҳунар зоеъ аст, то нанамоянд,
Уд бар оташ ниҳанду мушк бисоянд.
Падар гуфт:
– Эй писар, хаёли муҳол аз сар бадар кун ва пои қаноат дар домани саломат каш, ки бузургон гуфтаанд: «Давлат на ба кўшидан аст, чора кам ҷушидан аст».

unnamedКас натавонад гирфит домани давлат ба зўр,
Кўшиши бефоидааст вусма бар абрўи кўр.

***
Чи кунад зурманди ворунбахт,
Бозўи бахт беҳ, ки бозўи сахт.

***
Агар ба ҳар сари мўет сад хирад бошад,
Хираб ба кор наёяд, чу бахт бад бошад.

Писар гуфт:
– Эй падар, фавоиди сафар бисёр аст аз нузҳати хотиру ҷарри манофеъ ва дидани аҷоибу шунидани ғароиб ва тафреҳи булдону муҳовирати ҳуллон ва таҳсили чоҳу адаб ва мазиди молу муқтасаб ва маърифати ёрону таҷрибати рўзгор чунон ки солиқони тариқат гуфтаанд:

То ба дуккону хона дар гаравӣ,
Ҳаргиз, эй хом, одамӣ нашавӣ.
Бирав, андар ҷаҳон тафарруҷ кун
Пеш аз он рўз, к-аз ҷаҳон биравӣ.

Падар гуфт:
– Эй Писар, манофеи сафар, чунин ки гуфтӣ, бешумор аст, валекин муссалам чанд тоифарост: нахустин, бозаргоне, ки бо вучуди неъмату мукнат ғуломону канизон дорад диловез ва шогирдони чобук, ҳар рўз ба шаҳреву ҳар шаб ба мақоме ва ҳар дам тафарруҷгохе аз наими дунё мутаматтўъ:

Мунъим ба кўҳу дашту биёбон ғариб нест,
Ҳар ҷо ки рафт, хайма заду хобгоҳ сохт.
В-онро, ки бар муроди ҷахон нест дастрас,
Дар зоду буми хеш ғариб асту ношинохт.

Даввум, олиме, ки ба мантиқи ширин ва қуввати фасоҳату мояи балоғат харҷ о равад, ба хидмати ў иқдом намоянд ва икром кунанд.
Вуҷуди мардуми доно мисоли зари тилост,
Ки ҳар куҷо биравад, қадру қиматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шаҳр сомонад,
Ки дар диёри ғарибаш ба ҳеҷ настонад.
Сеюм, хубрўе, ки даруни соҳибдилон ба муҳолатати ў майл кунад, ки бузургон гуфтаанд: «Андаке ҷамол беҳ аз бисёре мол». Ва гўянд: «Рўи зебо марҳами дилҳои хастаасту калиди дарҳои баста». Лоҷарам сўҳбати ўро ҳама ҷой ғанимат шиносанд ва хидматашро миннат донанд.

Шоҳид он ҷо ки равад, ҳурмату иззат бинад,
В-ар биронанд ба қаҳраш падару модари хеш.
Пари товус дар авроқи масоҳиф дидам,
Гуфтам: «Ин манзалат аз қадри ту мебинам беш».
Гуфт: «хомўш, ки ҳар кас, ки ҷамоле дорад,
Ҳар куҷо пой ниҳад, даст надорандаш пеш»

***
Чун дар писар мувофиқию дилбари бувад,
Андеша нест, гар падар аз вай барин бувад.
Ў гавҳар аст, гў, садафаш дар ҷаҳон мабош,
Дури ятимро ҳама кас муштари бувад.

Чаҳорум, хушовозе, ки ба ханҷари Довуди об аз ҷараёну мурғ аз таярон боздорад. Пас ба василати ин фазилат дили муштоқон сайд кунад ва рабоби маънӣ ба мунодамати ў рағбат намоянд ва ба анвоъ хидмат кунанд.

Чи хуш бошад оҳанги нарми хазин
Ба гўши ҳарифони масти сабўҳ.
Беҳ аз рўи зебост овози хуш,
Ки он хаззи нафс асту ин қути рўх.

Панҷум, камина пешраве, ки ба саъи бозу кафофеҳосил кунад, то обрўй аз баҳри нон рехта нагардад, чунон ки хирадмандон гуфтаанд:

Гар ба ғариби равад аз шаҳри хеш,
Сахтиву меҳнат набарад пинадўз.
В-ар ба хароби фитад ар мамлакат,
Гурсна хусбад малики нимрўз.

Чунин сифатҳо, ки баён кардам, эй фарзанд, дар сафар муҷиби ҷамъияти хотир аст ва дояи тийби айш ва он ки аз ин ҷумла бебаҳра аст, ба хаёли ботил дар ҷаҳон биравад ва дигар касаш ному нишон нашунавад:

Ҳар он ки гардиши гети ба кини ў бархост,
Ба ғайри маслиҳаташ раҳбари кунад айём.
Кабутаре, ки дигар ошён нахоҳад дид,
Казо ҳаме барадш то ба сўи донаву дом.

Писар гуфт:
– Эй падар, қавли ҳукаморо чӣ гуна мухолифат кунам, ки гуфтаанд: «Ризқ агар чӣ мақсум аст, ба асбоби хусули он таалуқ шарт аст ва бало, гар чи мақдур, аз авбоби духули он эхтироз воҷиб».

Ризқ агарчанд бегумон бирасад,
Шарти ақл аст ҷустан аз дарҳо.
В-арчи кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо.

Дар ин сурат, ки манам, бо пили дамон бизанам ва бо шери жаён панҷа дарафканам. Пас маслиҳати он аст, эй падар, ки сафар кунам, ки аз ин беш тоқати бенавои намеорам:

Чун мард дарфитод зи ҷою мақоми хеш,
Дигар чи ғам хўрад, ҳама офоқ ҷои ўст.
Шаб ҳар тавонгаре ба сарое ҳама раванд,
Дарвеш ҳар куҷо, ки шаб ояд, сарои ўст».
Ин бигуфт ва падарро видоъ каруд ҳиммат хост ва равон шуд ва бо худ ҳаме гуфт:
Ҳунарвар чу бахташ набошад ба ком,
Ба ҷое равад, к-аш надонад ном.

Ҳамчунин то бирасид ба канори обе, ки санг аз салобати ў бар санг ҳаме омаду хурўш ба фарсанг мерафт.

Сахмгин обе, қи мурғоби дар ў эман набудӣ
Камтарин мавҷ осиёсанг аз канораш даррабудӣ.

Гурўҳе мардумонро дид, ҳар як ба курозае дар меъбар нишаста вар ахти сафар баста. Ҷавонро дасти ато баста буд, забони сано баркушуд, чандон ки зори кард, ёри накарданд.

Бе зар натавони, ки куни бар кас зўр,
В-ар зар дорӣ, ба зўр мўҳтоҷ наӣ.

Маллоҳи бемурувват ба ханда баргардиду гуфт:

«Зар надорӣ, натавон рафт ба зўр аз дарё,
Зўри даҳ мард чӣ бошад, зари якмарда бисёр!» .

Ҷавонро дил аз таънаи маллоҳ ба ҳам баромад, хост, ки аз ў интиқом кашад. Кишти рафта буд, овоз доду гуфт:
– Агар бад-ин ҷома, ки пўшидаам, қаноат кунӣ, дареғ нест. Маллоҳ тамаъ кард ва киштӣ бозгардонид.

Бидўзад шараҳ дидаи хушманд,
Дарорад тамаъ мурғу моҳӣ ба банд.

Чандон ки ришу гиребни маллоҳ ба дасти ҷавон афтод, ба худ даркашид ва бе муҳобо кўфтан гирифт. Ёраш аз кишти бадар омад, то пушти кунад, ҳамчунин дурушти диду пушт бидод. Ҷуз ин чора надоштанд, ки бо ў ба мусалаҳат гароянд ва ба уҷрат мусохамат намоянд.

Чу пархош бинӣ, таҳаммул биёр,
Ки саҳли бибандад дарӣ корзор.
Ба ширинзабонию лутфу хушӣ
Тавони, ки пиле ба мўе кашӣ.
Латофат кун он ҷо, ки бини ситез,
Набуррад кази нармро теғи тез.

Ба узри мози дар қадамаш фитоданд ва бўсае чанд ба нифоқ бар сару чашмаш доданд. Пас ба кишти дароварданду рваон шуданд, то бирасиданд ба сутуне, ки аз иморати Юнон дар об истода. Маллоҳ гуфт:
– Киштиро халале ҳаст, яке аз шумо, ки диловар аст, бояд, ки бад-ин сутун биравад ва хитоми киштӣ бигирад, то иморат кунем.
Ҷавон ба ғурури диловари, ки дар сар дошт, аз хасми дилозўрда наяндешид ва қавли ҳукамо муътабар надошт, ки гуфтаанд: «ҳар киро ранҷе ба дил расонидӣ, агар дар ақиби он сад роҳат бирасонӣ, аз подоши он як ранҷиш эмин мабош, ки пайкон аз ҷароҳат бадар ояд ва озор дар дил бимонад.
Чӣ хуш гуфт Бектош бо хайли Тош:
«Чу душман харошиди, эмин мабош!»

***
Машав эмин, ки тангдил гарди,
Чун зи дастат диле ба танго яд.
Санг бар бораи ҳисор мазан,
Ки бувад, к-аз ҳисор санг ояд.

Чандон ки миквади киштӣ ба соид барпечиду болои сутун рафт, маллоҳ зимом аз кафаш даргусалонид ва кишти биронд. Бечора мутахйир бимонд, рўзе ду балову меҳнат кашӣ два сахти дид, саввум рўз хобаш гиребон гирифт ва ба об андохт. Баъд аз шабонарўзе дигар ба канор афтод, аз ҳаёташ рамақе монда. Барги дарахтон хўрдан гирифт ва бехи гиёҳон баровардан, то андаке қувват ёфт. Сар дар биёбон ниҳод ва ҳаме рафт, то ташнаву бетоқат ба сари чоҳе расид: қавме бар ў гирд омада, шарбате об ба пашизе ҳаме ошомиданд. Ҷавонро пашизе набуд, талаб карду бечорагӣ намуд, раҳмат наёварданд, дасти таади дароз кард, муяссар нашуд. Ба зарурат тане чандро фурў кўфт. Мардон ғалаба карданду бе муҳобош бизаданд ва маҷрўҳ шуд.

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,
Бо ҳама тундию салобат, ки ўст.
Мурчагонро чу бувад иттифоқ,
Шерри жаёнро бидаронанд пўст.

Ба ҳукми зарурат дар паи корвоне афтоду бирафт. Шабонгаҳ бирасиданд ба макоме, ки аз дуздон пурхатар буд. Корвониёнро дид, ларза бар андо афтода ва дил ба ҳар ҳалок ниҳода. Гуфт:
– Андеша мадоред, ки яке маннам дар ин миён, ки ба танҳо панҷоҳ мардро ҷавоб диҳам ва дигар ҷавонон ҳам ёри кунанд.
Ин бигуфт ва мардуми корвонро ба лофи ў дил қави гашт ва ба сўҳбаташ шодмони кардаанд ва ба зоду обаш дастгири воҷиб донистанд. Ҷавонро оташи меъда боло гирифта буд ва инони тоққат аз даст рафта. Луқмае чанд аз сари иштиҳо тановул кард ва даме чанд об дар сараш ошомид, тодеви дарунаш биёромидва бихўфт. Пирамарде ҷаҳондида дар он миён буд, гуфт:
– Эй ёрон, ман аз ин бадрақи шумо андешанокам, начандон ки аз дуздон, чунон ки ҳикоят кунанд, ки араберо дираме чанд гирд омода буд ва ба шаб аз ташвиши лўриён дар хона танҳо хобаш намебурд. Якеро пеши худ овард, то ваҳшати танҳои ба дидори ў мунсариф кунад ва шабе чанд дар сўҳбати ў буд, чандон ки бар дирамҳояш иттилоъ ёфт, бибурду сафар кард. Бомдодон диданд арабро гирёну урьён. Гуфтанд: «ҳол чист? Магар он дирамҳои туро дузд бурд?»
Гуфт:
– Ло, валлоҳ, бадрақа бурд!

Ҳаргиз эмин зи мор нанишастам,
Ки бидонистам, он чӣ хислати ўст.
Захми дандони душмане батар аст,
Ки намояд ба чашми мардум дўст.

Чӣ донед, агар ин ҳам аз ҷумлаи дуздон бошад, ки ба айёри дар миёни мо таъбия шудааст, то ба вақти фурсат ёронро хабар кунад. Маслиҳат он бинам, ки мар ўро хуфта бимонему биронем.
Ҷавононро тадбири пир устувор омад ва маҳобате аз муштзан дар дил гирифтанд ва рахт бардоштанду ҷавонро хуфта бигузоштанд. Он гаҳ хабар ёфт, ки офтобаш дар китф тофт. Сар баровард, корвон рафта дид. Бечора басе бигардиду раҳ ба ҷое набурд, ташнаву бенаво рўй бар хоку дил бар ҳалок ниҳода ҳаме гуфт:

Дуруштӣ кунад бо ғарибон касе,
Ки нобуда бошад ба ғурбат басе.
Мискин дар ин сухан буд, ки подшоҳписаре ба сайд аз лашкариён дур афтода буд, болои сараш истода ҳаме ҳаме шунид ва дар ҳайъаташ нигаҳ мекард: сурати зоҳираш покиза ва сифати ҳолаш парешон.
Пурсид:
– Аз куҷоӣ ва бад-ин ҷойгах чун афтодӣ?
Бархе аз он чӣ бар сари ў рафта буд, иодат кард. Маликзодаро бар ҳоли табоҳи ў раҳмат омад, хилъату неъмат дод ва муътамаде бо вай фиристод, то ба шаҳри хеш омад. Падар ба дидори ў шодмони кард ва бар саломати ҳолаш шукр гуфт. Шабонгаҳ аз он чӣ бар сари ў рафта буд – аз ҳолати киштиву ҷаври маллоҳ ва рустоён бар сари чоҳ ва ғадри корвониён – бо падар мегуфт. Падар гуфт:
– Эй писар, нагуфтамат ҳангоми рафтан, ки тиҳидастонро дасти далерӣ бастааст ва сарпанҷаи шери шикаста:

Чӣ хуш гуфт он тиҳидасти силаҳшўр:
«ҷаве зар беҳтар аз панҷоҳ ман зўр!».

Писар гуфт:
– Эй падар, хароин ато ранҷ набарӣ, ганҷ барнадорӣ ва то ҷон дар хатар наниҳӣ, бар душман зафар наёби ва то дона парешон накунӣ, хирман барнагирӣ. Набинӣ, ба андак моя ранҷе, ки бурдам, чӣ таҳсили роҳат кардам ва ба неше, ки хўрдам, чӣ моя асал овардам?

Гарчи берун зи ризқ натвон хўрд,
Дар талаб коҳили нашояд кард.

***
Ғаввос агар андеша кунад коми наҳанг,
Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.

Осиёсанги зерин мутаҳҳарик нест, лоҷарам таҳаммули бори гарон ҳаме кунад.
Чӣ хўрад шери шарза дар буни ғор?
Бози афтодаро чӣ қут бувад?
То ту дар хона сайд хоҳи кард,
Дасту поят чу анкабут бувад.

Падар гуфт:
– Эй писар, туро дар ин навбат фалак ёварӣ кард ва иқбол раҳбарӣ, ки соҳибдавлате дар ту расид ва бар ту бубахшоид ва қасри ҳолатро ба тафаққуде ҷабр кард ва чунин иттифоқ нодир афтад ва бар нодир ҳукм натавон кард. Зинҳор, то бад-ин тамаъ дигарбора гирди валаъ нагардӣ!

Сайёд на ҳар бор шикоре бибарад,
Афтад, ки яке рўз палангаш бидарад.
Чунон ки якеро аз мулуки порс нигине гаронмоя бар ангуштарин буд. Боре ба ҳукми тафарруҷ бо тане чанд хосон ба Мусаллои Шероз бурун рафт фармуд, то ангуштариро бар гунбади Азд насб карданд, то ҳар ки тир аз ҳалқаи ангуштарӣ бигузаронад, ҳотам ўро бошад. Иттифоқан чаҳорсад қадрандоз, ки дар хидмати ў буданд, ҷумла хато карданд. Магар кўдаке бар боми работе ба бозича тир аз ҳар тарафе меандохт, боди сабо тири ўро ба ҳалқаи ангуштар дарбигузаронид ва хилъату неъмат ёфт ва ҳотам ба вай арзонӣ надошт. Писар тиру камонро бисўхт, гуфтанд:
– Чаро чунин кардӣ?
Гуфт:
– То равнақи нахустин бар ҷой бимонад!

Гаҳ бувад, к-аз ҳакими равшанрой
Барнаёяд дуруст тадбире.
Гоҳ бошад, ки кўдаке нодон
Ба ғалат бар ҳадаф занад тире.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …