Главная / Гуногун / Муштзан

Муштзан

Муштзанеро хикоят кунанд, ки аз дахри мухолиф ба фигон омода ва халки фаррох аз дасти танг ба чои расида. Шикоят пеши падар бурду ичозат хост, ки азми сафар дорам, магар ба куввати бозу домани коме фарочанг орам:
Фазлу хунар зоеъ аст, то нанамоянд,
Уд бар оташ ниханду мушк бисоянд.
Падар гуфт:
– Эй писар, хаёли мухол аз сар бадар кун ва пои каноат дар домани саломат каш, ки бузургон гуфтаанд: «Давлат на ба кушидан аст, чора кам чушидан аст».

unnamedКас натавонад гирфит домани давлат ба зур,
Кушиши бефоидааст вусма бар абруи кур.

***
Чи кунад зурманди ворунбахт,
Бозуи бахт бех, ки бозуи сахт.

***
Агар ба хар сари мует сад хирад бошад,
Хираб ба кор наёяд, чу бахт бад бошад.

Писар гуфт:
– Эй падар, фавоиди сафар бисёр аст аз нузхати хотиру чарри манофеъ ва дидани ачоибу шунидани гароиб ва тафрехи булдону муховирати хуллон ва тахсили чоху адаб ва мазиди молу муктасаб ва маърифати ёрону тачрибати рузгор чунон ки соликони тарикат гуфтаанд:

То ба дуккону хона дар гарави,
Харгиз, эй хом, одами нашави.
Бирав, андар чахон тафарруч кун
Пеш аз он руз, к-аз чахон бирави.

Падар гуфт:
– Эй Писар, манофеи сафар, чунин ки гуфти, бешумор аст, валекин муссалам чанд тоифарост: нахустин, бозаргоне, ки бо вучуди неъмату мукнат гуломону канизон дорад диловез ва шогирдони чобук, хар руз ба шахреву хар шаб ба макоме ва хар дам тафарручгохе аз наими дунё мутаматтуъ:

Мунъим ба куху дашту биёбон гариб нест,
Хар чо ки рафт, хайма заду хобгох сохт.
В-онро, ки бар муроди чахон нест дастрас,
Дар зоду буми хеш гариб асту ношинохт.

Даввум, олиме, ки ба мантики ширин ва куввати фасохату мояи балогат харч о равад, ба хидмати у икдом намоянд ва икром кунанд.
Вучуди мардуми доно мисоли зари тилост,
Ки хар кучо биравад, кадру киматаш донанд.
Бузургзодаи нодон ба шахр сомонад,
Ки дар диёри гарибаш ба хеч настонад.
Сеюм, хубруе, ки даруни сохибдилон ба мухолатати у майл кунад, ки бузургон гуфтаанд: «Андаке чамол бех аз бисёре мол». Ва гуянд: «Руи зебо мархами дилхои хастаасту калиди дархои баста». Лочарам сухбати уро хама чой ганимат шиносанд ва хидматашро миннат донанд.

Шохид он чо ки равад, хурмату иззат бинад,
В-ар биронанд ба кахраш падару модари хеш.
Пари товус дар авроки масохиф дидам,
Гуфтам: «Ин манзалат аз кадри ту мебинам беш».
Гуфт: «хомуш, ки хар кас, ки чамоле дорад,
Хар кучо пой нихад, даст надорандаш пеш»

***
Чун дар писар мувофикию дилбари бувад,
Андеша нест, гар падар аз вай барин бувад.
У гавхар аст, гу, садафаш дар чахон мабош,
Дури ятимро хама кас муштари бувад.

Чахорум, хушовозе, ки ба ханчари Довуди об аз чараёну мург аз таярон боздорад. Пас ба василати ин фазилат дили муштокон сайд кунад ва рабоби маъни ба мунодамати у рагбат намоянд ва ба анвоъ хидмат кунанд.

Чи хуш бошад оханги нарми хазин
Ба гуши харифони масти сабух.
Бех аз руи зебост овози хуш,
Ки он хаззи нафс асту ин кути рух.

Панчум, камина пешраве, ки ба саъи бозу кафофехосил кунад, то обруй аз бахри нон рехта нагардад, чунон ки хирадмандон гуфтаанд:

Гар ба гариби равад аз шахри хеш,
Сахтиву мехнат набарад пинадуз.
В-ар ба хароби фитад ар мамлакат,
Гурсна хусбад малики нимруз.

Чунин сифатхо, ки баён кардам, эй фарзанд, дар сафар мучиби чамъияти хотир аст ва дояи тийби айш ва он ки аз ин чумла бебахра аст, ба хаёли ботил дар чахон биравад ва дигар касаш ному нишон нашунавад:

Хар он ки гардиши гети ба кини у бархост,
Ба гайри маслихаташ рахбари кунад айём.
Кабутаре, ки дигар ошён нахохад дид,
Казо хаме барадш то ба суи донаву дом.

Писар гуфт:
– Эй падар, кавли хукаморо чи гуна мухолифат кунам, ки гуфтаанд: «Ризк агар чи максум аст, ба асбоби хусули он таалук шарт аст ва бало, гар чи макдур, аз авбоби духули он эхтироз вочиб».

Ризк агарчанд бегумон бирасад,
Шарти акл аст чустан аз дархо.
В-арчи кас бе ачал нахохад мурд,
Ту марав дар дахони аждархо.

Дар ин сурат, ки манам, бо пили дамон бизанам ва бо шери жаён панча дарафканам. Пас маслихати он аст, эй падар, ки сафар кунам, ки аз ин беш токати бенавои намеорам:

Чун мард дарфитод зи чою макоми хеш,
Дигар чи гам хурад, хама офок чои уст.
Шаб хар тавонгаре ба сарое хама раванд,
Дарвеш хар кучо, ки шаб ояд, сарои уст».
Ин бигуфт ва падарро видоъ каруд химмат хост ва равон шуд ва бо худ хаме гуфт:
Хунарвар чу бахташ набошад ба ком,
Ба чое равад, к-аш надонад ном.

Хамчунин то бирасид ба канори обе, ки санг аз салобати у бар санг хаме омаду хуруш ба фарсанг мерафт.

Сахмгин обе, ки мургоби дар у эман набуди
Камтарин мавч осиёсанг аз канораш даррабуди.

Гурухе мардумонро дид, хар як ба курозае дар меъбар нишаста вар ахти сафар баста. Чавонро дасти ато баста буд, забони сано баркушуд, чандон ки зори кард, ёри накарданд.

Бе зар натавони, ки куни бар кас зур,
В-ар зар дори, ба зур мухточ наи.

Маллохи бемурувват ба ханда баргардиду гуфт:

«Зар надори, натавон рафт ба зур аз дарё,
Зури дах мард чи бошад, зари якмарда бисёр!» .

Чавонро дил аз таънаи маллох ба хам баромад, хост, ки аз у интиком кашад. Кишти рафта буд, овоз доду гуфт:
– Агар бад-ин чома, ки пушидаам, каноат куни, дарег нест. Маллох тамаъ кард ва кишти бозгардонид.

Бидузад шарах дидаи хушманд,
Дарорад тамаъ мургу мохи ба банд.

Чандон ки ришу гиребни маллох ба дасти чавон афтод, ба худ даркашид ва бе мухобо куфтан гирифт. Ёраш аз кишти бадар омад, то пушти кунад, хамчунин дурушти диду пушт бидод. Чуз ин чора надоштанд, ки бо у ба мусалахат гароянд ва ба учрат мусохамат намоянд.

Чу пархош бини, тахаммул биёр,
Ки сахли бибандад дари корзор.
Ба ширинзабонию лутфу хуши
Тавони, ки пиле ба муе каши.
Латофат кун он чо, ки бини ситез,
Набуррад кази нармро теги тез.

Ба узри мози дар кадамаш фитоданд ва бусае чанд ба нифок бар сару чашмаш доданд. Пас ба кишти дароварданду рваон шуданд, то бирасиданд ба сутуне, ки аз иморати Юнон дар об истода. Маллох гуфт:
– Киштиро халале хаст, яке аз шумо, ки диловар аст, бояд, ки бад-ин сутун биравад ва хитоми кишти бигирад, то иморат кунем.
Чавон ба гурури диловари, ки дар сар дошт, аз хасми дилозурда наяндешид ва кавли хукамо муътабар надошт, ки гуфтаанд: «хар киро ранче ба дил расониди, агар дар акиби он сад рохат бирасони, аз подоши он як ранчиш эмин мабош, ки пайкон аз чарохат бадар ояд ва озор дар дил бимонад.
Чи хуш гуфт Бектош бо хайли Тош:
«Чу душман харошиди, эмин мабош!»

***
Машав эмин, ки тангдил гарди,
Чун зи дастат диле ба танго яд.
Санг бар бораи хисор мазан,
Ки бувад, к-аз хисор санг ояд.

Чандон ки миквади кишти ба соид барпечиду болои сутун рафт, маллох зимом аз кафаш даргусалонид ва кишти биронд. Бечора мутахйир бимонд, рузе ду балову мехнат каши два сахти дид, саввум руз хобаш гиребон гирифт ва ба об андохт. Баъд аз шабонарузе дигар ба канор афтод, аз хаёташ рамаке монда. Барги дарахтон хурдан гирифт ва бехи гиёхон баровардан, то андаке кувват ёфт. Сар дар биёбон ниход ва хаме рафт, то ташнаву бетокат ба сари чохе расид: кавме бар у гирд омада, шарбате об ба пашизе хаме ошомиданд. Чавонро пашизе набуд, талаб карду бечораги намуд, рахмат наёварданд, дасти таади дароз кард, муяссар нашуд. Ба зарурат тане чандро фуру куфт. Мардон галаба карданду бе мухобош бизаданд ва мачрух шуд.

Пашша чу пур шуд, бизанад пилро,
Бо хама тундию салобат, ки уст.
Мурчагонро чу бувад иттифок,
Шерри жаёнро бидаронанд пуст.

Ба хукми зарурат дар паи корвоне афтоду бирафт. Шабонгах бирасиданд ба макоме, ки аз дуздон пурхатар буд. Корвониёнро дид, ларза бар андо афтода ва дил ба хар халок нихода. Гуфт:
– Андеша мадоред, ки яке маннам дар ин миён, ки ба танхо панчох мардро чавоб дихам ва дигар чавонон хам ёри кунанд.
Ин бигуфт ва мардуми корвонро ба лофи у дил кави гашт ва ба сухбаташ шодмони кардаанд ва ба зоду обаш дастгири вочиб донистанд. Чавонро оташи меъда боло гирифта буд ва инони токкат аз даст рафта. Лукмае чанд аз сари иштихо тановул кард ва даме чанд об дар сараш ошомид, тодеви дарунаш биёромидва бихуфт. Пирамарде чахондида дар он миён буд, гуфт:
– Эй ёрон, ман аз ин бадраки шумо андешанокам, начандон ки аз дуздон, чунон ки хикоят кунанд, ки араберо дираме чанд гирд омода буд ва ба шаб аз ташвиши луриён дар хона танхо хобаш намебурд. Якеро пеши худ овард, то вахшати танхои ба дидори у мунсариф кунад ва шабе чанд дар сухбати у буд, чандон ки бар дирамхояш иттилоъ ёфт, бибурду сафар кард. Бомдодон диданд арабро гирёну урьён. Гуфтанд: «хол чист? Магар он дирамхои туро дузд бурд?»
Гуфт:
– Ло, валлох, бадрака бурд!

Харгиз эмин зи мор нанишастам,
Ки бидонистам, он чи хислати уст.
Захми дандони душмане батар аст,
Ки намояд ба чашми мардум дуст.

Чи донед, агар ин хам аз чумлаи дуздон бошад, ки ба айёри дар миёни мо таъбия шудааст, то ба вакти фурсат ёронро хабар кунад. Маслихат он бинам, ки мар уро хуфта бимонему биронем.
Чавононро тадбири пир устувор омад ва махобате аз муштзан дар дил гирифтанд ва рахт бардоштанду чавонро хуфта бигузоштанд. Он гах хабар ёфт, ки офтобаш дар китф тофт. Сар баровард, корвон рафта дид. Бечора басе бигардиду рах ба чое набурд, ташнаву бенаво руй бар хоку дил бар халок нихода хаме гуфт:

Дурушти кунад бо гарибон касе,
Ки нобуда бошад ба гурбат басе.
Мискин дар ин сухан буд, ки подшохписаре ба сайд аз лашкариён дур афтода буд, болои сараш истода хаме хаме шунид ва дар хайъаташ нигах мекард: сурати зохираш покиза ва сифати холаш парешон.
Пурсид:
– Аз кучои ва бад-ин чойгах чун афтоди?
Бархе аз он чи бар сари у рафта буд, иодат кард. Маликзодаро бар холи табохи у рахмат омад, хилъату неъмат дод ва муътамаде бо вай фиристод, то ба шахри хеш омад. Падар ба дидори у шодмони кард ва бар саломати холаш шукр гуфт. Шабонгах аз он чи бар сари у рафта буд – аз холати киштиву чаври маллох ва рустоён бар сари чох ва гадри корвониён – бо падар мегуфт. Падар гуфт:
– Эй писар, нагуфтамат хангоми рафтан, ки тихидастонро дасти далери бастааст ва сарпанчаи шери шикаста:

Чи хуш гуфт он тихидасти силахшур:
«чаве зар бехтар аз панчох ман зур!».

Писар гуфт:
– Эй падар, хароин ато ранч набари, ганч барнадори ва то чон дар хатар нанихи, бар душман зафар наёби ва то дона парешон накуни, хирман барнагири. Набини, ба андак моя ранче, ки бурдам, чи тахсили рохат кардам ва ба неше, ки хурдам, чи моя асал овардам?

Гарчи берун зи ризк натвон хурд,
Дар талаб кохили нашояд кард.

***
Гаввос агар андеша кунад коми наханг,
Харгиз накунад дурри гаронмоя ба чанг.

Осиёсанги зерин мутаххарик нест, лочарам тахаммули бори гарон хаме кунад.
Чи хурад шери шарза дар буни гор?
Бози афтодаро чи кут бувад?
То ту дар хона сайд хохи кард,
Дасту поят чу анкабут бувад.

Падар гуфт:
– Эй писар, туро дар ин навбат фалак ёвари кард ва икбол рахбари, ки сохибдавлате дар ту расид ва бар ту бубахшоид ва касри холатро ба тафаккуде чабр кард ва чунин иттифок нодир афтад ва бар нодир хукм натавон кард. Зинхор, то бад-ин тамаъ дигарбора гирди валаъ нагарди!

Сайёд на хар бор шикоре бибарад,
Афтад, ки яке руз палангаш бидарад.
Чунон ки якеро аз мулуки порс нигине гаронмоя бар ангуштарин буд. Боре ба хукми тафарруч бо тане чанд хосон ба Мусаллои Шероз бурун рафт фармуд, то ангуштариро бар гунбади Азд насб карданд, то хар ки тир аз халкаи ангуштари бигузаронад, хотам уро бошад. Иттифокан чахорсад кадрандоз, ки дар хидмати у буданд, чумла хато карданд. Магар кудаке бар боми работе ба бозича тир аз хар тарафе меандохт, боди сабо тири уро ба халкаи ангуштар дарбигузаронид ва хилъату неъмат ёфт ва хотам ба вай арзони надошт. Писар тиру камонро бисухт, гуфтанд:
– Чаро чунин карди?
Гуфт:
– То равнаки нахустин бар чой бимонад!

Гах бувад, к-аз хакими равшанрой
Барнаёяд дуруст тадбире.
Гох бошад, ки кудаке нодон
Ба галат бар хадаф занад тире.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …