Главная / Биология / Муҳити зиндагӣ ва рафтори моҳиҳо

Муҳити зиндагӣ ва рафтори моҳиҳо

Окун қариб дар ҳамаи дарёю кӯлҳо дучор мешавад. Вай бештар дар кӯлҳои обаш на он қадар шӯри Қирғизистон ва обҳои камнамаки Балтика, Каспий, Арал зиндагӣ мекунад. Окунҳои калон дар чуқурии об ва хурдашон дар байни растаниҳои обии на он қадар чуқур зиндагӣ мекунанд. Онҳо гуруҳ шуда, зимистонро дар қаъри об мегузаронанд.

mohi-oila

Рафтори моҳиён мураккаб буда, ба назари мо бошуурона намояд ҳам, вале дар ҳақиқат аз як қатор рефлексҳои бешарти муҳофизатӣ иборат аст. Моҳӣ ҳама амалиёташро бешуурона (батаври инстинктивӣ) иҷро мекунад. Ба ин рафтори моҳиён равиши тухмгузории онҳо мисол шуда метавонад. Дар моҳиёни аквариум ба воситаи лампочка ё ягон чизи дигар рефлекси шартӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст.

Хормоҳии нарина аз обсабзаҳо лона месозад ва тухмакҳои дар он гузоштаро посбонӣ мекунад. Аспакмоҳии баҳрии нарина тухмакҳояшро дар халзаи махсусе, ки дар рӯйи шикамаш ҳаст, гирифта мегардад. Моҳии наринаи тилапия, ки дар обҳои ширини Африка зиндагӣ мекунад, тухмакҳояшро дар даҳонаш гирифта мегардад. Ҳатто моҳичаҳои он дар лаҳзаи хатарнок ба даҳони моҳии нарина даромада, пинҳон мешаванд.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …