Главная / Биология / Мухити зиндаги ва рафтори мохихо

Мухити зиндаги ва рафтори мохихо

Окун кариб дар хамаи дарёю кулхо дучор мешавад. Вай бештар дар кулхои обаш на он кадар шури Киргизистон ва обхои камнамаки Балтика, Каспий, Арал зиндаги мекунад. Окунхои калон дар чукурии об ва хурдашон дар байни растанихои обии на он кадар чукур зиндаги мекунанд. Онхо гурух шуда, зимистонро дар каъри об мегузаронанд.

mohi-oila

Рафтори мохиён мураккаб буда, ба назари мо бошуурона намояд хам, вале дар хакикат аз як катор рефлексхои бешарти мухофизати иборат аст. Мохи хама амалиёташро бешуурона (батаври инстинктиви) ичро мекунад. Ба ин рафтори мохиён равиши тухмгузории онхо мисол шуда метавонад. Дар мохиёни аквариум ба воситаи лампочка ё ягон чизи дигар рефлекси шарти ба вучуд овардан мумкин аст.

Хормохии нарина аз обсабзахо лона месозад ва тухмакхои дар он гузоштаро посбони мекунад. Аспакмохии бахрии нарина тухмакхояшро дар халзаи махсусе, ки дар руйи шикамаш хаст, гирифта мегардад. Мохии наринаи тилапия, ки дар обхои ширини Африка зиндаги мекунад, тухмакхояшро дар дахонаш гирифта мегардад. Хатто мохичахои он дар лахзаи хатарнок ба дахони мохии нарина даромада, пинхон мешаванд.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …