Главная / Биология / Мубодилаи неърӯгӣ. Гигиенаи Хӯрок

Мубодилаи неърӯгӣ. Гигиенаи Хӯрок

Мубодилаи нерў дар организм. Барои равандҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии организм (ба вуҷуд омадани моддаҳо, кори мушакҳо, нигоҳдории ҳарорати бадан) дар як шабонарўз қариб 10500 кҶ (2500 ккал) энергия (нерў) зарур аст. Манбаи он нерўест, ки дар бандҳои кимиёвии молекулаҳои моддаҳои узвӣ (сафеда, чарб, карбогидрат) мавҷуд аст ва аз хўрок гирифта мешавад.

gigienai-xurok

Дар организм мунтазам раванди мураккаби мубодилаи нерўӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи баъзе мубодилаҳо организм аз нерў бой шуда, дар дигарашон онро талаф медиҳад. Чунончи, ҳангоми оксидшавӣ ва таҷзияи глюкоза, инчунин дигар пайвастагиҳои узвӣ дар ҳуҷайраҳо нерўи кимиёвӣ озод шуда, ба нерўи барқӣ ва механикӣ табдил меёбад.

Масалан, нерўи барқии импулси асаб ба торҳои асаб додани ахборро таъмин карда, нерўи механикӣ кашишхўрии мушакҳои скелет, мушакҳои дилу диафрагмаро таъмин мекунад. Ҳамаи ин намудҳои нерў ба нерўи гармӣ табдил меёбанд. Як қисми гармӣ барои мунтазам нигоҳ доштани ҳарорати бадан истифода шуда, зиёдатии онро организм ба муҳити атроф ихроҷ мекунад.

Ҳамин тариқ организми одам ба қонуни бақои нерў итоат мекунад, нерў пайдо ва нест намешавад, вай танҳо тағйир меёбад. Сарф кардани нерў дар корҳои гуногун. Нерўи организм сарфакардаро хўрок пурра месозад. Миқдори нерўи дар як шабонарўз сарфкардаи одамони касбу корашон гуногунро дониста, барояшон меъёри хўрок муқаррар намудан лозим аст.

Муайян шудааст, ки одами ба меҳнати ҷисмонӣ машғул буда зиёдтар нерў сарф мекунад. Аз назар гузаронидани ҷадвали 1 ба ин гувоҳӣ медиҳад.  Касбҳо – Қимати умумии энергияи меъёри хўрок ба ҳисоби кҶ:

  1. Касбҳое, ки ба меҳнати ҷисмонӣ алоқа надоранд 13 474
  2. Касбҳое, ки бо меҳнати механиконида алоқаманданд 15 086
  3. Касбҳое, ки бо меҳнати механиконида ё қисман механиконида алоқаманданд – 17 270
  4. Касбҳое, ки бо меҳнати вазнини механиконида алоқаманданд- 19 942

Муайян кардани меъёри хўрок. Барои нигоҳдоштани саломатӣ ва қобилияти кории одам муҳим аст, ки хўроки ҳаррўзаи ў ҷои нерўи дар як шабонарўз сарфкардаашро гирифта тавонад. Бо ин мақсад барои одамони гуногункасб меъёри хўрок тартиб медиҳанд. Барои муайян кардани чунин меъёр пеш аз ҳама донистан лозим аст, ки озуқа чӣ миқдор захираи нерўӣ доранд, қимати нерўгиаш чӣ гуна аст. Усулҳои тадқиқоти ҳозиразамон имконият медиҳанд, ки меъёри хўроки ҳар як одам дуруст муайян карда шавад. Ҳангоми тартиб додани меъёри хўрок талаботи организм ба тамоми моддаҳои ғизоӣ – сафедаҳо, чарбҳо,

карбогидратҳо, витаминҳо ва намакҳои минералӣ ба эътибор гирифта мешавад. Ба одамони калонсол дар як шабонарўз қариб 85-110 гр сафеда (аз ҷумла 48 гр сафедаи аз ҳайвонот гирифташуда), 100-104 гр чарб (аз ҷумла 30 гр равғани наботот) ва қариб 580 гр карбогидратҳо заруранд.

Меъёри хўрок эҳтиёҷи нерўгии организмро қонеъ гардонида, ба ивази ҳуҷайраҳои талафшуда пайдо шудани ҳуҷайраҳои нав, коршоямии хуби одам ва ба бемориҳои сирояткунанда муқобилият карда тавонистани ўро таъмин мекунад.

Ботартиб хўрок хўрдан гарави саломатист. Ягон маҳсулот талаботи организмро ба тамоми моддаҳои зарурӣ пурра қонеъ кунонда наметавонад. Масалан, гўшт ҳар хел аминокислотаҳои зарурӣ дошта бошад ҳам, ба миқдори кофӣ моддаҳои минералӣ ва витаминҳоро надорад. Нон бисёр карбогидрат дошта, дигар моддаҳои ба организм заруриро надорад. Аз ҳамин сабаб ба хўроки одам маҳсулоти серсафеда, равғани ҳайвонот ва наботот, сабзавоти сервитамину аз намакҳои минералӣ бойро илова мекунанд. Хўроки растанигӣ бисёр насҷ (клетчатка) дорад ва он боиси кашишхўрии девораҳои меъдаю рўда мегардад.

Бетартиб истеъмол кардани хўрок боиси бисёр бемориҳо мегардад. Аксар одамони сергўшт азоби фарбеҳӣ мекашанд. Фарбеҳӣ танҳо сергўштӣ набуда, бемориест, ки дар он вайроншавии мубодилаи моддаҳо, кори дил, рагҳо ва узвҳои ҳаракат ба вуҷуд меояд. Фарбеҳӣ қобилияти кории одамонро кам мекунад. Далелҳои оморӣ (статистикӣ) аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар синни аз 40 то 50-солагӣ одамони фарбеҳ нисбат ба одамони вазнашон мўътадил ду баробар бештар мефавтанд.

Сабаби фарбеҳшавӣ пурхўрӣ ва суст шудани фаъолияти мушакҳо мебошад. Дар натиҷа мувозинати байни дохилшавӣ ва сарфи нерў дар организм вайрон мешавад. Истеъмоли беандозаи чарбу карбогидратҳо (маснуоти қаннодӣ) одамро фарбеҳ мекунад. Аз ин ҳисоб арзиши нерўи меъёри якшабонарўзии одам нисбат ба нерўи сарфкардаи ў бештар вобаста ва ҷуссааш торафт ғафстар мешавад. Вайрон кардани реҷаи хўрок (рўзе, як ду бор кам хўрдан ва пурхўрӣ пеш аз хоб) одамро фарбеҳ мекунад.

Барои фарбеҳ нашудан бисёртар сайругашт карда, ба варзиш ва кори ҷисмонӣ машғул шудан лозим аст. Кори ҷисмонӣ на танҳо сарфи нерўи организмро зиёд мекунад, балки ба системаи дилу рагҳо, нафаскашӣ, мушакҳо ва асаб таъсири мусбат мерасонад.

Реҷаи дурусти хурокхўрӣ дар вақти муайян 3-4 маротиба дар як рўз аст. Хўроки шомро бояд соати 19.00 истеъмол намуд. Реҷаи хўроки мактаббача. Ба талаба зарур аст, ки пеш аз саршавии дарс хўроки гўштдор, ҷурғотдор, моҳидор ё ширдор хўрад. Сафедаи онҳо барои сабзиши организми кўдакон зарур аст. Наҳории серғизо қобилияти кори фикрӣ ва ҷисмонии одамро беҳтар мекунад.

Тахминан соати 11 (баъд аз дарси сеюм) чой ё қаҳваро бо нону равған ё бо нон хўрдан лозим аст. Соати 2-3 дар хона ё ошхонаи мактаб хўроки пешин хўрдан лозим аст. Хўроки пешин бояд гарм, гўштдор ё моҳидор буда, аз нўшобаи мева ва шарбати мева иборат бошад. Хўроки шоми мактаббача бояд ширдор ё сабзавотдор бошад ва онро 2 соат пеш аз хоб истеъмол кардан зарур аст.

Бисёр истеъмол кардани равғани ҳайвонот, карбогидратҳои зудҳазм (нон, булочка, шираворӣ), дар хўрок кам кардани равғани наботот, ширу маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот боиси вайроншавии мубодилаи чарбҳо ва авҷи бармаҳали бемориҳои дилу рагҳо мегардад. Ин хўроки нодуруст мебошад.

Нимгуруснагии доимӣ, парҳез, нимсерӣ ба организми инкишофёбанда зарари калон дорад. Пагоҳирўзӣ кам ё саросемавор хўрок хўрдан ё умуман бе наҳорӣ ба мактаб рафтани бачагон норавост. Роҳравон, ҳангоми китобхонӣ ё тамошои телевизор хўрок хўрдан мумкин нест.

Ҳангоми дамгирӣ ё корҳо саҳроӣ хусусиятҳои реҷа ва хўроки мактаббача бояд бо меъёри муқарраршудаи гигиенӣ мувофиқат кунад. Хўроке, ки дар вақти саёҳат ё бошишгоҳи саҳроӣ пухта мешавад, бояд хушсифат, болаззат ва ҳархела бошад. Мувофиқи қоидаҳои санитарӣ хўрок бояд дар давоми 2 соати пас аз пухта шуданаш истеъмол карда шавад.

Саволҳо:

  1. Дар организм кадом мубодилаҳои нерў ба амал меоянд?
  2. Барои чӣ сарфи шабонарўзии нерўро муайян кардан зарур аст?
  3. Меъёри хўрок чӣ хел тартиб дода мешавад?
  4. Реҷаи бо тартиби хўрок чист?
  5. Фарбеҳшавӣ ё гуруснагӣ чӣ оқибат дорад?
  6. Реҷаи хўроки мактаббачагон бояд чӣ хел бошад?
  7. Чаро сокинони кишварҳои қутбӣ бисёр хўроки равғанин мехўранд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …