Главная / Биология / Мубодилаи неъруги. Гигиенаи Хурок

Мубодилаи неъруги. Гигиенаи Хурок

Мубодилаи неру дар организм. Барои равандхои гуногуни фаъолияти хаётии организм (ба вучуд омадани моддахо, кори мушакхо, нигохдории харорати бадан) дар як шабонаруз кариб 10500 кЧ (2500 ккал) энергия (неру) зарур аст. Манбаи он неруест, ки дар бандхои кимиёвии молекулахои моддахои узви (сафеда, чарб, карбогидрат) мавчуд аст ва аз хурок гирифта мешавад.

gigienai-xurok

Дар организм мунтазам раванди мураккаби мубодилаи неруи ба амал меояд. Дар натичаи баъзе мубодилахо организм аз неру бой шуда, дар дигарашон онро талаф медихад. Чунончи, хангоми оксидшави ва тачзияи глюкоза, инчунин дигар пайвастагихои узви дар хучайрахо неруи кимиёви озод шуда, ба неруи барки ва механики табдил меёбад.

Масалан, неруи баркии импулси асаб ба торхои асаб додани ахборро таъмин карда, неруи механики кашишхурии мушакхои скелет, мушакхои дилу диафрагмаро таъмин мекунад. Хамаи ин намудхои неру ба неруи гарми табдил меёбанд. Як кисми гарми барои мунтазам нигох доштани харорати бадан истифода шуда, зиёдатии онро организм ба мухити атроф ихроч мекунад.

Хамин тарик организми одам ба конуни бакои неру итоат мекунад, неру пайдо ва нест намешавад, вай танхо тагйир меёбад. Сарф кардани неру дар корхои гуногун. Неруи организм сарфакардаро хурок пурра месозад. Микдори неруи дар як шабонаруз сарфкардаи одамони касбу корашон гуногунро дониста, барояшон меъёри хурок мукаррар намудан лозим аст.

Муайян шудааст, ки одами ба мехнати чисмони машгул буда зиёдтар неру сарф мекунад. Аз назар гузаронидани чадвали 1 ба ин гувохи медихад.  Касбхо – Кимати умумии энергияи меъёри хурок ба хисоби кЧ:

  1. Касбхое, ки ба мехнати чисмони алока надоранд 13 474
  2. Касбхое, ки бо мехнати механиконида алокаманданд 15 086
  3. Касбхое, ки бо мехнати механиконида ё кисман механиконида алокаманданд – 17 270
  4. Касбхое, ки бо мехнати вазнини механиконида алокаманданд- 19 942

Муайян кардани меъёри хурок. Барои нигохдоштани саломати ва кобилияти кории одам мухим аст, ки хуроки харрузаи у чои неруи дар як шабонаруз сарфкардаашро гирифта тавонад. Бо ин максад барои одамони гуногункасб меъёри хурок тартиб медиханд. Барои муайян кардани чунин меъёр пеш аз хама донистан лозим аст, ки озука чи микдор захираи неруи доранд, кимати неругиаш чи гуна аст. Усулхои тадкикоти хозиразамон имконият медиханд, ки меъёри хуроки хар як одам дуруст муайян карда шавад. Хангоми тартиб додани меъёри хурок талаботи организм ба тамоми моддахои гизои – сафедахо, чарбхо,

карбогидратхо, витаминхо ва намакхои минерали ба эътибор гирифта мешавад. Ба одамони калонсол дар як шабонаруз кариб 85-110 гр сафеда (аз чумла 48 гр сафедаи аз хайвонот гирифташуда), 100-104 гр чарб (аз чумла 30 гр равгани наботот) ва кариб 580 гр карбогидратхо заруранд.

Меъёри хурок эхтиёчи неругии организмро конеъ гардонида, ба ивази хучайрахои талафшуда пайдо шудани хучайрахои нав, коршоямии хуби одам ва ба беморихои сирояткунанда мукобилият карда тавонистани уро таъмин мекунад.

Ботартиб хурок хурдан гарави саломатист. Ягон махсулот талаботи организмро ба тамоми моддахои зарури пурра конеъ кунонда наметавонад. Масалан, гушт хар хел аминокислотахои зарури дошта бошад хам, ба микдори кофи моддахои минерали ва витаминхоро надорад. Нон бисёр карбогидрат дошта, дигар моддахои ба организм заруриро надорад. Аз хамин сабаб ба хуроки одам махсулоти серсафеда, равгани хайвонот ва наботот, сабзавоти сервитамину аз намакхои минерали бойро илова мекунанд. Хуроки растаниги бисёр насч (клетчатка) дорад ва он боиси кашишхурии деворахои меъдаю руда мегардад.

Бетартиб истеъмол кардани хурок боиси бисёр беморихо мегардад. Аксар одамони сергушт азоби фарбехи мекашанд. Фарбехи танхо сергушти набуда, бемориест, ки дар он вайроншавии мубодилаи моддахо, кори дил, рагхо ва узвхои харакат ба вучуд меояд. Фарбехи кобилияти кории одамонро кам мекунад. Далелхои омори (статистики) аз он шаходат медиханд, ки дар синни аз 40 то 50-солаги одамони фарбех нисбат ба одамони вазнашон муътадил ду баробар бештар мефавтанд.

Сабаби фарбехшави пурхури ва суст шудани фаъолияти мушакхо мебошад. Дар натича мувозинати байни дохилшави ва сарфи неру дар организм вайрон мешавад. Истеъмоли беандозаи чарбу карбогидратхо (маснуоти канноди) одамро фарбех мекунад. Аз ин хисоб арзиши неруи меъёри якшабонарузии одам нисбат ба неруи сарфкардаи у бештар вобаста ва чуссааш торафт гафстар мешавад. Вайрон кардани речаи хурок (рузе, як ду бор кам хурдан ва пурхури пеш аз хоб) одамро фарбех мекунад.

Барои фарбех нашудан бисёртар сайругашт карда, ба варзиш ва кори чисмони машгул шудан лозим аст. Кори чисмони на танхо сарфи неруи организмро зиёд мекунад, балки ба системаи дилу рагхо, нафаскаши, мушакхо ва асаб таъсири мусбат мерасонад.

Речаи дурусти хурокхури дар вакти муайян 3-4 маротиба дар як руз аст. Хуроки шомро бояд соати 19.00 истеъмол намуд. Речаи хуроки мактаббача. Ба талаба зарур аст, ки пеш аз саршавии дарс хуроки гуштдор, чурготдор, мохидор ё ширдор хурад. Сафедаи онхо барои сабзиши организми кудакон зарур аст. Нахории сергизо кобилияти кори фикри ва чисмонии одамро бехтар мекунад.

Тахминан соати 11 (баъд аз дарси сеюм) чой ё кахваро бо нону равган ё бо нон хурдан лозим аст. Соати 2-3 дар хона ё ошхонаи мактаб хуроки пешин хурдан лозим аст. Хуроки пешин бояд гарм, гуштдор ё мохидор буда, аз нушобаи мева ва шарбати мева иборат бошад. Хуроки шоми мактаббача бояд ширдор ё сабзавотдор бошад ва онро 2 соат пеш аз хоб истеъмол кардан зарур аст.

Бисёр истеъмол кардани равгани хайвонот, карбогидратхои зудхазм (нон, булочка, ширавори), дар хурок кам кардани равгани наботот, ширу махсулоти шири, меваю сабзавот боиси вайроншавии мубодилаи чарбхо ва авчи бармахали беморихои дилу рагхо мегардад. Ин хуроки нодуруст мебошад.

Нимгуруснагии доими, пархез, нимсери ба организми инкишофёбанда зарари калон дорад. Пагохирузи кам ё саросемавор хурок хурдан ё умуман бе нахори ба мактаб рафтани бачагон норавост. Рохравон, хангоми китобхони ё тамошои телевизор хурок хурдан мумкин нест.

Хангоми дамгири ё корхо сахрои хусусиятхои реча ва хуроки мактаббача бояд бо меъёри мукарраршудаи гигиени мувофикат кунад. Хуроке, ки дар вакти саёхат ё бошишгохи сахрои пухта мешавад, бояд хушсифат, болаззат ва хархела бошад. Мувофики коидахои санитари хурок бояд дар давоми 2 соати пас аз пухта шуданаш истеъмол карда шавад.

Саволхо:

  1. Дар организм кадом мубодилахои неру ба амал меоянд?
  2. Барои чи сарфи шабонарузии неруро муайян кардан зарур аст?
  3. Меъёри хурок чи хел тартиб дода мешавад?
  4. Речаи бо тартиби хурок чист?
  5. Фарбехшави ё гуруснаги чи окибат дорад?
  6. Речаи хуроки мактаббачагон бояд чи хел бошад?
  7. Чаро сокинони кишвархои кутби бисёр хуроки равганин мехуранд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …