Главная / Ҷуғрофия / МУАЙЯН КАРДАНИ КООРДИНАТИ НУҚТАИ ДАРКОРИ ДАР ГЛОБУС ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

МУАЙЯН КАРДАНИ КООРДИНАТИ НУҚТАИ ДАРКОРИ ДАР ГЛОБУС ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

Дар глобус ва харитаи географӣ хар як нуқтаро метавон муайян кард, ки онро координати географӣ меноманд. Барои он ки координати географии нуқтаи даркориро муайян намоем, арз ва тӯли географиро бояд донист.

Арзи гсографӣ. Масофаи ягон нуктаеро, ки дар сатҳи Замин аз хати истиво ба самти Шимол ва ё Ҷануб бо дараҷа ифода ёфтааст, арзи географӣ меноман. Арзи географӣ аз хати истиво ба самти Шимол ва Ҷануб аз 0° то 90(‘ (кутбҳо) тағйир меёбад.

Бинобар ин тамоми нуктаҳое, ки аз хати истиво дар шимол ҷойгиранд. ба арзи Шимолй мансубанд (а.ш). Он нуқтахое, ки аз хати истиво дар ҷануб воқеь гардидаанд, ба арзи Ҷанубӣ (а.ч ) дохил мешаванд. Нуқтаҳое, ки дар як хати мувозӣ ҷойгиранд (хоҳ аз хати истиво дар шимол ва хоҳ дар ҷануби он) як хел арзи географӣ доранд. Арзи хати мувозй дар глобус дар хатҳои нисфирӯзин 0° ва 180°, дар харитаҳо бошад, дар ҳошияи онҳо навишта мсшавад.

Барои муайян кардани арзи географии нуқтаи даркорӣ (масалан, ягон шаҳр) пеш аз ҳама арзи хати мувозиро бояд муайян кард, ки вай дар он ҷо воқеъ гардидааст. Аммо нуқтаи даркорӣ на ҳама вақт бевосита дар арзи хати мувозӣ воқеъ гардидааст. Аксар вақт нуқгаи даркорӣ дар байни ду хати мувозӣ вомехӯрад. Дар ин сурат аввал арзи хати мувозии ба хати истиво наздикро меёбем, ки нуқтаи даркорӣ ба он наздик воқеъ гардидааст. Сипас ба арзи хати мувозии пайдокардаамон миқдори дараҷаи камонаки хати нисфирӯзии (меридиан) байни нуқтаҳои даркорӣ ва хати мувозиро зам менамоем:

Масалан, шаҳри Душаибе аз хати истиво дар 30″ арзи шимолӣ (а.ш.*) воқеъ гардидааст. Баъд миқдори дараҷаи камонаки хати нисфирӯзиро аз хати мувозӣ то нуқтаи шаҳри Душанбе муайян мекунем. Он ба 8| баробар аст. Сонӣ 8″-ро ба 30 ҷамъ мекунем, ки ҳосили он ба 38” баробар мешавад. Он арзи географии Душанберо муайян мекунад.

Савол ва супориш.

  1. Шабакаи географӣ чист?
  2. Қутбҳои географиро номбар кунед.
  3. Хатҳои мувозӣ ва меридианро фаҳмонед.
  4. Арзи географиро шарҳ диҳед.
  5. Аз харитаи табиии нимкураҳо арзи шаҳри Пекинро муайян кунед.
  6. Барои муайян кардани нуқтаи даркори дар глобус ва харита чй кор кардан зарур аст?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …