Главная / Чугрофия / МУАЙЯН КАРДАНИ КООРДИНАТИ НУКТАИ ДАРКОРИ ДАР ГЛОБУС ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

МУАЙЯН КАРДАНИ КООРДИНАТИ НУКТАИ ДАРКОРИ ДАР ГЛОБУС ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФИ

Дар глобус ва харитаи географи хар як нуктаро метавон муайян кард, ки онро координати географи меноманд. Барои он ки координати географии нуктаи даркориро муайян намоем, арз ва тули географиро бояд донист.

Арзи гсографи. Масофаи ягон нуктаеро, ки дар сатхи Замин аз хати истиво ба самти Шимол ва ё Чануб бо дарача ифода ёфтааст, арзи географи меноман. Арзи географи аз хати истиво ба самти Шимол ва Чануб аз 0° то 90(‘ (кутбхо) тагйир меёбад.

Бинобар ин тамоми нуктахое, ки аз хати истиво дар шимол чойгиранд. ба арзи Шимолй мансубанд (а.ш). Он нуктахое, ки аз хати истиво дар чануб вокеь гардидаанд, ба арзи Чануби (а.ч ) дохил мешаванд. Нуктахое, ки дар як хати мувози чойгиранд (хох аз хати истиво дар шимол ва хох дар чануби он) як хел арзи географи доранд. Арзи хати мувозй дар глобус дар хатхои нисфирузин 0° ва 180°, дар харитахо бошад, дар хошияи онхо навишта мсшавад.

Барои муайян кардани арзи географии нуктаи даркори (масалан, ягон шахр) пеш аз хама арзи хати мувозиро бояд муайян кард, ки вай дар он чо вокеъ гардидааст. Аммо нуктаи даркори на хама вакт бевосита дар арзи хати мувози вокеъ гардидааст. Аксар вакт нукгаи даркори дар байни ду хати мувози вомехурад. Дар ин сурат аввал арзи хати мувозии ба хати истиво наздикро меёбем, ки нуктаи даркори ба он наздик вокеъ гардидааст. Сипас ба арзи хати мувозии пайдокардаамон микдори дарачаи камонаки хати нисфирузии (меридиан) байни нуктахои даркори ва хати мувозиро зам менамоем:

Масалан, шахри Душаибе аз хати истиво дар 30″ арзи шимоли (а.ш.*) вокеъ гардидааст. Баъд микдори дарачаи камонаки хати нисфирузиро аз хати мувози то нуктаи шахри Душанбе муайян мекунем. Он ба 8| баробар аст. Сони 8″-ро ба 30 чамъ мекунем, ки хосили он ба 38” баробар мешавад. Он арзи географии Душанберо муайян мекунад.

Савол ва супориш.

  1. Шабакаи географи чист?
  2. Кутбхои географиро номбар кунед.
  3. Хатхои мувози ва меридианро фахмонед.
  4. Арзи географиро шарх дихед.
  5. Аз харитаи табиии нимкурахо арзи шахри Пекинро муайян кунед.
  6. Барои муайян кардани нуктаи даркори дар глобус ва харита чй кор кардан зарур аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …