Главная / Без рубрики / Мошин барои иҷора (Намунаи шартномаи нақлиёт)

Мошин барои иҷора (Намунаи шартномаи нақлиёт)

ш. Душанбе                                                                                      “____“ соли 2018

Зайнулоев Сафарали Олимович, соли таваллуд 10.11.1970 дорандаи шиносномаи силсилаи А00995305 аз тарафи ШВКД-1 дар ноҳияи Синои ш. Душанбе дода шудааст, истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Р. Набиев хонаи №26 кв. №11, минбаъд «Иҷорадеҳ» номида мешавад, аз як тараф ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони нав” дар шахсияти Бобоев Ислом., ки дар асосои Оиннома фаъолият мекунад, ки минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад, аз тарафи дигар, дар якҷоягӣ «Тарафҳо» номида шуда, Шартномаи мазкурро дар мазмуни зерин ба имзо расониданд:

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. «Иҷорадеҳ» уҳдадор мешавад, ки воситаи нақлиёти тағаи Audi-a4 рақами бақайдгирии давлатиаш 1010АР07 ба ӯ тааллуқдоштаро ба ихтиёрдорӣ ва истифодаи муваққатии «Иҷорагир» барои зарурияти истеҳсолӣ ба иҷора супорад.

1.2. Супоридани «Воситаи нақлиёт» дар асоси санади қабулу супоридан, бо қайд намудани ҳолати техникии он анҷом дода мешавад.

1.3. «Воситаи нақлиёт», ки дар банди 1.1. шартномаи мазкур пешбини гардидааст, моликияти «Иҷорадеҳ» ба шумор меравад.

  1. МУҲЛАТИ АМАЛИ ШАРТНОМА

2.1. Муҳлати амали шартнома як сол, дар давраи аз “01” июли 2015 сол то 30 июни 2020 сол муқаррар карда мешавад. Пас аз ба охир расидани муҳлати амали шартнома агар тарафҳо хоҳиши бекор кардани шартномаро надошта бошанд, пас шартнома бо ҳамин шарту тартиб ба муҳлати нав амал мекунад.

  1. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ «ТАРАФҲО»

3.1. «Иҷорадеҳ» ӯҳдадор аст:

3.1.1. Сари вақт на дертар аз 5 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба имзо расонидани шартномаи мазкур «Воситаи нақлиёт» – ро ба «Иҷорагир» супорад.

3.2. «Иҷорадеҳ» ҳуқуқ дорад:

3.2.1. Аз «Иҷорагир» ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи истифодаи воситаи нақлиёти «Иҷорагир» ба амволи «Иҷорадеҳ» расонида шудааст, талаб намояд.

3.2.2. Ҳангоми тағйир ёфтани санадҳои меъёри ҳуқуқӣ, шартнома тағйиру иловаҳо ва ислоҳоти дахлдор дар мувофиқа бо “ Иҷорагир” пешниҳод намояд.

3.3. “ Иҷорагир” ӯҳдадор аст:

3.3.1. “Воситаи нақлиёт” – и ба иҷора гирифтаашро мувофиқи таъиноти он, тибқи банди 1.1-и шартномаи мазкур истифода намояд.

3.3.2. Сари вақт дар ҳаҷми пурра маблағи иҷораро пардохт намояд.

3.3.3. Бо назардошти зарурияти ба миён омада азнавсозӣ ва азнавтаҷҳизонии “Воситаи нақлиёт” – и ба иҷорагирфитаро, пас аз гирифтани иҷозати хаттии “Иҷорадеҳ” анҷом диҳад.

3.3.4. Баъд аз қатъи амали шартнома ё пеш аз муҳлат бекор кардани он “Воситаи нақлиёт” – и ба иҷора гирифтаро дар асоси санади қабулу супоридан баргардонад.

3.4. “Иҷорагир” ҳуқуқ дорад:

3.5.1. “Воситаи нақлиёт” – и ба иҷора гирифтаашро мустақилона танҳо мувофиқи мақсад ва шартҳои пешбининамудаи ҳамин шартнома анҷом диҳад.

3.5.2. Баъди имзои санади қабулу супоридан ба истифодаи “Воситаи нақлиёт” – и ба иҷора гирифтааш шуруъ намояд.

  1. ПАРДОХТҲО ВА ҲИСООББАРОБАРКУНӢ

4.1. Барои истифодаи “Воситаи нақлиёт” – и пшниҳодгардида бо назардошти ҳудуду ҳашафти он, “Иҷорагир” ба “Иҷорадеҳ” маблағи шартномавии иҷораро дар ҳаҷми 1000,00(ҳазор) сомонӣ бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда дар як моҳ пардох менамояд.

4.2. Пардохти маблағи иҷора ҳар моҳ то 10-уми моҳи ҷорӣ баъд аз моҳи тақвимӣ тариқи гузаронидан ба суратҳисоби “Иҷорадеҳ” дар асоси ҳисобномаи пешниҳодгардидаи ӯ ё ба таври нақдӣ дар асоси ваколатнома оид ба гирифтани ин маблағ сурат мегирад.

  1. МАСЪУЛИЯТИ “ТАРАФҲО”

5.1. “Тарафҳо” барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои ба зимма гирифта ё иҷрои номатлуби шартҳои ҳамин шартнома ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

  1. ТАҒЙИРОТ ВА ҚАТЪИ АМАЛИ ШАРТНОМА

6.1. Тағйироту иловаҳо ба шартнома дар шакли созишномаи иловагӣ таҳия гардида, аз рӯзи ба имзо расонидани ҳарду “Тарафҳо” эътибор пайдо мекунад ва замимаи ҷудошавандаи шартномаи мазкур ба ҳисоб меравад.

6.2. “Иҷорадеҳ” вазифадор аст, дар мӯҳлати на камтар аз 1 (як) моҳ “Иҷорагир”-ро бо тариқи хатти барои озод намудани ҷои иҷора ҳангми хотимаи мӯҳлат ё қатъи он пеш аз мӯҳлат огоҳ намояд.

  1. ШАРТҲОИ ДИГАР

7.1. Ҳамаи баҳсҳо ва ихтилофҳои ба миёномада оид ба шартномаи мазкур бо роҳи гуфтугӯи “Тарафҳо” ҳал карда мешавад. Дар сурати бо роҳи гуфтушунид ҳал нашудани ихтилофҳо “Тарафҳо” ҳуқуқ доранд ба судҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ муроҷиат намоянд:

7.2. Ҳамин Шартнома дар ду нусха барои ҳар як тараф як нусхагӣ таҳия гардида, дорои эътибори ҳуқуқии баробар мебошанд.

  1. СУРОҒАИ ҲУҚУҚИИ ТАРАФҲО
ИҶОРАДЕҲ: ИҶОРАГИР:
Зайнуддинов Сафарали Олимович

истиқоматкунандаи ш. Душанбе кӯчаи Киром хонаи №45 кв. №12

тел.: 556699

РМА: 047838100

 

Зайнуллоев С.___________

 

 **************************************** ************************ ***

***********

 

Инчунин кобед

699999

Мардум дар оростани хони идона набояд ба исрофкорию худнамоӣ ва зиёдаравӣ роҳ диҳанд

ДУШАНБЕ, 28.08.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси …