Главная / Ҷамъият / Экспертиза

Экспертиза

Моддаи 51-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Экспертиза 

  1. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ҳангоми ба миён омадани зарурати истифодаи дониши махсуси соҳаи илм, техника, санъат, касбу ҳунар ва ғайра барои пешбурди парванда дар бораи таъин намудани экспертиза таъинот ё қарор мебароранд. Таъинот ё қарор барои иҷро аз тарафи коршиносон ва муассисаҳое, ки ба онҳо гузаронидани экспертиза супорида шудааст, ҳатмӣ мебошад.
  2. Дар таъинот ё қарор инҳо зикр мешаванд:

– санаи таъин кардани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падар, вазифаи шахс ё номи мақоме, ки экспертизаро таъин кардааст;

– асосҳо барои таъин намудани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падари коршинос ё номи муассисае, ки дар он бояд экспертиза гузаронида шавад;

– саволҳои дар назди коршинос гузошташуда;

– номгӯйи маводи ба ихтиёри коршинос пешниҳодшаванда.

  1. Дар таъинот ё қарор ҳамчунин бояд дар бораи ба коршинос фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ ва огоҳ кардани коршинос дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ зикр карда шавад. Саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва хулосаи ӯ наметавонанд аз доираи дониши махсуси коршинос берун бошанд.
  2. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди онҳо қарор дорад, ӯҳдадоранд то лаҳзаи барои иҷро фиристодани таъинот ё қарор шахсеро, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад, инчунин ҷабрдидаро бо он шинос намоянд, ба онҳо аз ҷумла ҳуқуқҳояшонро дар бораи изҳори радкунӣ ба коршинос, изҳори дархост дар бораи ба сифати коршинос ҷалб намудани шахсони пешниҳодшуда ва ҳуқуқи додани саволҳоро, ки дар хулосаи коршинос бояд ҷавобашон зикр шавад, ба онҳо фаҳмонанд.
  3. Коршинос хулосаро аз номи худ ба тариқи хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар хулосаи коршинос бояд нишон дода шавад, ки тадқиқот аз тарафи кӣ ва дар кадом асос гузаронида шудааст, мазмуни он аз чӣ иборат аст, инчунин бояд ба саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ҷавобҳои асоснок дода шавад.
  4. Хулосаи коршинос барои судя, мақоми ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор), ки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар пешбурди ӯ қарор дорад, ҳатмӣ намебошад, вале норозигӣ нисбат ба хулосаи коршинос бояд асоснок  карда шавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …