Главная / Чамъият / Экспертиза

Экспертиза

Моддаи 51-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Экспертиза 

  1. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, хангоми ба миён омадани зарурати истифодаи дониши махсуси сохаи илм, техника, санъат, касбу хунар ва гайра барои пешбурди парванда дар бораи таъин намудани экспертиза таъинот ё карор мебароранд. Таъинот ё карор барои ичро аз тарафи коршиносон ва муассисахое, ки ба онхо гузаронидани экспертиза супорида шудааст, хатми мебошад.
  2. Дар таъинот ё карор инхо зикр мешаванд:

– санаи таъин кардани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падар, вазифаи шахс ё номи макоме, ки экспертизаро таъин кардааст;

– асосхо барои таъин намудани экспертиза;

– насаб, ном ва номи падари коршинос ё номи муассисае, ки дар он бояд экспертиза гузаронида шавад;

– саволхои дар назди коршинос гузошташуда;

– номгуйи маводи ба ихтиёри коршинос пешниходшаванда.

  1. Дар таъинот ё карор хамчунин бояд дар бораи ба коршинос фахмонидани хукуку ухдадорихои у ва огох кардани коршинос дар бораи ба чавобгарии маъмури кашидан барои дидаю дониста додани хулосаи бардуруг зикр карда шавад. Саволхои дар назди коршинос гузошташуда ва хулосаи у наметавонанд аз доираи дониши махсуси коршинос берун бошанд.
  2. Судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди онхо карор дорад, ухдадоранд то лахзаи барои ичро фиристодани таъинот ё карор шахсеро, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, инчунин чабрдидаро бо он шинос намоянд, ба онхо аз чумла хукукхояшонро дар бораи изхори радкуни ба коршинос, изхори дархост дар бораи ба сифати коршинос чалб намудани шахсони пешниходшуда ва хукуки додани саволхоро, ки дар хулосаи коршинос бояд чавобашон зикр шавад, ба онхо фахмонанд.
  3. Коршинос хулосаро аз номи худ ба тарики хатти пешниход менамояд. Дар хулосаи коршинос бояд нишон дода шавад, ки тадкикот аз тарафи ки ва дар кадом асос гузаронида шудааст, мазмуни он аз чи иборат аст, инчунин бояд ба саволхои дар назди коршинос гузошташуда чавобхои асоснок дода шавад.
  4. Хулосаи коршинос барои судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмури дар пешбурди у карор дорад, хатми намебошад, вале норозиги нисбат ба хулосаи коршинос бояд асоснок  карда шавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …