Главная / Ҷамъият / Тартиби пардохти андоз

Тартиби пардохти андоз

Моддаи 311-и Кодекси Андоз. Тартиби пардохти андоз

  1. Эъломия дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардида, маблағи ҳисобшудаи андоз ҳармоҳ на дертар аз санаи 5-уми моҳе, ки баъд аз давраи андоз фаро мерасад, пардохт мешавад.
  2. Пардохти андоз аз бизнеси бозӣ аз ҷониби андозсупоранда (шахси ваколатдорнамудаи ў) ба суратҳисобҳои бонкии буҷети маҳаллии маҳалли ҷойгиршавии объекти андозбандӣ амалӣ мешавад.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби субъекти бизнеси бозӣ амалӣ гардидани намудҳои дигарифаъолият, ҳисоби фаъолият оид ба бизнеси бозӣ ва дигар намудҳои фаъолият, инчунин андозбандии онҳо алоҳида ба анҷом расонида мешаванд.
  4. Назоратиистифодаи низомимахсуси андоз барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
  5. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз азбизнеси бозӣ, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо)аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …