Главная / Ҷамъият / Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўш ба ҳисоби андоз

Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўш ба ҳисоби андоз

Моддаи 261-и Кодекси Андоз. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар ҳолати ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил намудани молҳое, ки маҳсули коркарди молҳои андозбандишаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баҳисобгирии маблағҳои пардохтшудаи андоз аз фурўш нисбат ба манбаи андози муайяннамудаи қисмҳои 1-3 моддаи 258 Кодекси мазкур ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда иҷозат дода мешавад.
  2. Ҳангоми таҳвили маҳсулоти коркарди молҳои андозбандишаванда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисобгирӣ дар асоси қисми 1 ҳамин моддамувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаи 185 Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
  3. Ҳангоми содироти маҳсули коркард ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўш ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд пардохт шавад, анҷом дода намешавад.
  4. Агар фарқи байни андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз рўи таҳвили маҳсулоти коркард ба бозори дохилӣ пардохт шавад ва маблағи дахлдори андоз аз фурўш манфӣ бошад, ҷуброни (баргардонидани) маблағ аз фурўш аз буҷет анҷом дода намешавад. Фарқи мусбии байни маблағҳои дар боло пешбинигардида бояд ба буҷет пардохт шавад.
  5. Дастурамал дар бораи тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андоз аз фурўш, инчунин шаклҳои эъломияҳо (ҳисобҳо) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  6. Назорати пардохти андоз аз фурўш аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

zan-mard-jogah

Хурдани оби мани аз тарафи мард ё зан

Хурдани оби мани аз тарафи зан кори нораво ва носазо аст ва инро тиб маҳкум …