Главная / Ҷамъият / Тартиби иҷрои қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт

Тартиби иҷрои қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт

Моддаи 234-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Тартиби иҷрои қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт 

  1. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёти намуди дахлдор ё дигар намудҳои техника мувофиқан бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ё шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи киштиҳои хурдҳаҷм ё шаҳодатномаи тракторчӣ-мошинист иҷро карда мешавад, агар ронанда, киштирон ё тракторист-мошинист аз ҳуқуқи идораи ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт, киштиҳои хурдҳаҷм ва техникаи дигар маҳрум карда шуда бошад. Агар ронанда аз ҳуқуқи идораи на ҳамаи намуди воситаҳои нақлиёт маҳрум карда шуда бошад, дар шаҳодатномаи ронандагӣ қайд карда мешавад, ки ӯ аз ҳуқуқи идораи кадом намуди воситаи нақлиёт маҳрум карда шудааст ва шаҳодатномаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт баргардонида мешавад.
  2. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад бо роҳи гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад иҷро карда мешавад. Тартиби гирифтани иҷозатномаи махсус барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ё таҷҳизоти баландбасомад аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии соҳаи алоқаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма доранд, муқаррар карда мешавад.
  3. Қарори маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи шикор бо роҳи гирифтани шаҳодатномаи шикорчӣ иҷро карда мешавад.
  4. Баъди ба охир расидани мӯҳлати ҷазои маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус ҳуҷҷатҳое, ки аз шахси ба ин намуди ҷазои маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашидашуда гирифта шуда буданд, ба ӯ баргардонида мешаванд.
Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

jyudoshavo-oila

Сабаби ҷудошавии оилаҳо: 10-тои асосӣ

Вайрон шудани оилаҳо дар замони ҳозира боз ҳам зиёд шуда истодааст ва сабаби он Падару …