Главная / Чамъият / Тартиби ичрои карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёт

Тартиби ичрои карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёт

Моддаи 234-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби ичрои карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёт 

  1. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситаи наклиёти намуди дахлдор ё дигар намудхои техника мувофикан бо рохи гирифтани шаходатномаи ронандаги ё шаходатномаи хукуки идораи киштихои хурдхачм ё шаходатномаи тракторчи-мошинист ичро карда мешавад, агар ронанда, киштирон ё тракторист-мошинист аз хукуки идораи хамаи намуди воситахои наклиёт, киштихои хурдхачм ва техникаи дигар махрум карда шуда бошад. Агар ронанда аз хукуки идораи на хамаи намуди воситахои наклиёт махрум карда шуда бошад, дар шаходатномаи ронандаги кайд карда мешавад, ки у аз хукуки идораи кадом намуди воситаи наклиёт махрум карда шудааст ва шаходатномаи хукуки идораи воситаи наклиёт баргардонида мешавад.
  2. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад бо рохи гирифтани ичозатномаи махсус барои истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад ичро карда мешавад. Тартиби гирифтани ичозатномаи махсус барои истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад аз тарафи макомоти ваколатдори давлати, ки назорати давлатии сохаи алокаро дар Чумхурии Точикистон ба зимма доранд, мукаррар карда мешавад.
  3. Карори махрум кардани шахси вокеи аз хукуки шикор бо рохи гирифтани шаходатномаи шикорчи ичро карда мешавад.
  4. Баъди ба охир расидани мухлати чазои махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус хуччатхое, ки аз шахси ба ин намуди чазои маъмури ба чавобгари кашидашуда гирифта шуда буданд, ба у баргардонида мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …