Главная / Ҷамъият / Тамғаҳои аксиз

Тамғаҳои аксиз

Моддаи 210-и Кодекси Андоз. Тамғаҳои аксиз

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгўи молҳои зераксизии ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои аксизӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Фурўши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро, ки бе тамғаҳои аксизӣ ба фурўш бароварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонмусодира намоянд.
  2. Тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни муҳофизат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
  3. Истеҳсолкунандагон ва шахсон – воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ ҷавобгар мебошанд.
  4. Агар дар ҳамин модда тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, ҳангоми вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксизӣ аксиз дар ҳаҷми навъҳои пешниҳодшудаимолҳоизераксизӣ пардохт мешавад.
  5. Ҳисоби аксизи тамғаҳои аксизии вайронгардида ё гумшуда (аз ҷумла дуздидашуда), ки барои тамғагузории молҳои зераксизӣ мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, бо дарназардошти меъёрҳои муқарраргардида, ки нисбат ба воҳиди ҳаҷми зарфи (зарф, бастаи) дар тамға зикргардида истифода мегарданд, анҷом дода мешавад.
  6. Ҳангоми дар тамға мавҷуд набудани ишора ба ҳаҷми воҳиди зарф (зарф, баста), ҳисоби аксиз аз рўи тамғаҳои аксизии гум ё вайроншуда бо дарназардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарф (зарф, баста), ки ба он рехтани(печонидани, бастубанди) молҳои зераксизӣдар ҷараёни давраи андозе, ки пеш аз давраи вайрон шудан ё гум шудани тамғаҳои аксиз сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.
  7. Ҳангоми вайрон шудан, гум шудани тамғаҳои аксизӣ дар ҳолатҳои зайл аксиз пардохт намешавад:

-вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи сархати  дуюми қисми 1 моддаи 184 Кодекси мазкур тасдиқ гардидаанд;

-тамғаҳои аксизии вайроншуда, ки аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси санади аз ҳисоб баровардан ҷиҳати нобудсозӣ қабул гардидаанд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …