Главная / Ҷамъият / Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

Моддаи 155-и Кодекси Меҳнат. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

  1. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рўи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохт карда мешавад.

2.Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.

  1. Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо назардошти ҳамин коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …