Главная / Чамъият / Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд

Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд

Моддаи 155-и Кодекси Мехнат. Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд

  1. Музди мехнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд, мутаносибан бо вакти ичрошудаи кор аз руи натичаи кор ё дигар шартхои пешбининамудаи шартномахои мехнати пардохт карда мешавад.

2.Хангоми барои кормандони бо музди мехнати вактбайъ дар ду (якчанд) чой коркунанда мукаррар намудани супоришхои меъёри, музди мехнат барои натичаи нихоии хачми кори ичрошудаи вокеи пардохт карда мешавад.

  1. Ба шахсони дар ду (якчанд) чой коркунандаи нохияхое, ки дар онхо ба музди мехнат коэффитсиенти нохияви ва иловапулихо мукаррар шудаанд, музди мехнат бо назардошти хамин коэффитсиентхо ва иловапулихо пардохт карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …