Главная / Чамъият / Мафхумхои асоси

Мафхумхои асоси

Моддаи 1-и Кодекси Мехнат. Мафхумхои асоси

Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

азнавтайёркуни – шакли тахсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медихад;

аттестатсияи корманд – тартиби муайян намудани мувофикати корманд ба вазифаи (мансаби) ишголнамудааш (кори ичро менамудааш) бо рохи арзёбии ичрои ухдадорихои вазифави, сатхи дониш, малака ва тайёрии касби;

аттестатсияи чойи кор оид ба шароити мехнат – низоми бахисобгири, тахлил ва арзёбии мачмуии баходихи ба омилхои мухити истехсоли, раванди мехнати вазнин ва пуршиддат марбут ба чойи кори муайян, ки ба кобилияти кори ва саломатии корманд дар рафти фаъолияти мехнати таъсир мерасонанд;

бахси мехнатии коллективи – ба мувофика нарасидани корфармоён (иттиходияхои корфармоён) ва коллективи кормандон (намояндагони кормандон) оид ба масъалахои мукаррар намудан ва тагйир додани шароити мехнат дар ташкилот, бастан ва ичрои созишнома ва шартномахои коллективи, инчунин татбики мукаррароти Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи;

бахси мехнатии фарди – ба мувофика нарасидани корфармо ва корманд оид ба масъалахои татбики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шароити мехнати дар шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи пешбинишуда;

бекори – зухуроти ичтимоию иктисодие, ки ба набудани талабот ба кисми муайяни кувваи кори дар бозори мехнат вобастаги дорад;

бемории касби – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилхои хатарнок ё зараровари истехсоли гирифтор шудааст;

бехатарии мехнат – мачмуи чорабинихо, ки барои таъмини хифзи кормандон дар раванди фаъолияти мехнати равона шуда, таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсолиро истисно мекунанд;

бозори мехнат – доираи ташаккули талабот ва пешниход ба кувваи кори;

брон – банд кардани чойхои кории холи барои гурухи муайяни шахсон;

вазифа (мансаб) – мавкеи хизматии корманд, ки ба доираи ухдадорихо, хукукхои вазифави ва хусусиятхои масъулияти у вобастаги дорад;

вайрон кардани интизоми мехнат – аз тарафи корманд риоя накардани талаботи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва коидахои тартиботи дохилии ташкилот;

вакти истирохат – вакте, ки корманд дар давоми он мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон аз ичрои ухдадорихои мехнати озод буда, онро мувофики хохишаш барои конеъ гардонидани манфиатхои шахси ва баркарор намудани кобилияти мехнатиаш истифода мебарад;

вакти кори – вакте, ки дар давоми он корманд тибки коидахои тартиботи дохили, речаи кори ва ё шартхои шартномаи мехнати ухдадорихои мехнатии худро бояд ичро намояд;

вахта – фаъолияти мехнати берун аз чойи истикомати доими, ки хангоми он бозгашти хамарузаи кормандон ба чойи истикомати доими таъмин карда намешавад;

воситахои мухофизати инфироди ва коллективии кормандон – воситахое, ки барои пешгири ва кам кардани таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсоли ба кормандон истифода бурда мешаванд;

вохидхо – коргох, китъа, бригада, шуъба, идора ва дигар вохидхои сохтории ташкилот;

дагалона вайрон кардани интизоми мехнат – ба чойи кор дар холати масти бар асари истеъмоли машруботи спирти, воситахои нашъадор, моддахои психотропи ё моддахои дигари мадхушкунанда хозир шудан, бе сабабхои узрнок дар давоми рузи кори зиёда аз 3 соат дар чойи кор набудан, касдан вайрон намудан ё дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани коидахои техникаи бехатари, бехатари аз сухтор, ки боиси окибатхои вазнин, аз он чумла марг ё чарохати инсон, садама ё сухтор гардидааст;

дарачаи тахассус – сатхи омодагии умуми ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи хуччатхои тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардида (аттестат, диплом, шаходатнома ва дигар хуччатхои дахлдор) тасдик мешавад;

дар ду (якчанд) чой кор кардан – тибки шартномаи мехнати аз тарафи корманд дар баробари кори асоси ва ё берун аз он ичро намудани кори дигар ё ишгол намудани дигар вазифаи доимии музднок;

изофакори – коре, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вакти кории харрузаи барои корманд мукарраргардида ва ё зиёда аз микдори мукаррарии соатхои кории давраи бахисобгири ичро мекунад;

интизоми мехнат – риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва коидахои тартиботи дохилии ташкилот;

иттифоки касаба – ташкилоти чамъиятии ихтиёрие, ки шахрвандонро вобаста ба манфиатхои умуми дар сохахои фаъолияти истехсоли ва гайриистехсоли барои хифзи хукукхои мехнати, ичтимоию иктисоди ва дигар хукуку манфиатхояшон муттахид менамояд;

иттиходияи корфармоён – ташкилоти гайритичоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндаги ва хифзи манфиатхои аъзои худ дар доираи шарикии ичтимои таъсис медиханд;

ихтисос – мачмуи дониш, кордони ва малакаи тавассути омодагии махсус ва тачрибаи кории андухташудае, ки барои ичрои навъи муайяни фаъолияти мехнати дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо хуччатхои дахлдор дар бораи тахсилот тасдик мешавад;

касб – намуди фаъолияти мехнатие, ки донишу малакаи тавассути омузиш ва тачриба андухташударо такозо менамояд;

кафолати хукукхои кормандон ба хифзи мехнат – шароит ва воситахое, ки ба корманд имконияти пурраи истифода бурдани хукукхои тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукарраргардидаро оид ба хифзи мехнат медиханд;

квота – хиссаи (кисми) чойхои корие, ки ташкилот, новобаста ба шакли ташкилию хукуки, барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба хифзи ичтимои эхтиёч дорад, пешниход мекунад;

кори мувофик – коре, ки онро шахс ичро карда метавонад, ба чинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касби, собикаи мехнати ва тачрибаи кори, шароитхои чойи кори охирин (ба истиснои корхои чамъиятии музднок), вазъи саломатии у мувофик буда, аз махалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар рох) чойгир шудааст ва музди мехнат барои он дар сатхи на камтар аз музди мехнати хадди акали расман мукарраршуда кафолат дода мешавад;

кори фосилави (дистансиони) – шакли махсуси амали намудани раванди мехнат берун аз махалли чойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсиони дар раванди кор;

корманд (корманди кироя) – шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи мехнатии басташуда дар муносибатхои мехнати карор дорад;

корманди мавсими – корманде, ки вобаста ба шароити табиию иклими дар тамоми давраи соли таквими корро ичро карда наметавонад ва онро дар давраи муайяни мавсим ичро мекунад;

корманди хонаги – шахсе, ки корро (хизматро) дар хочагии корфармо – шахси вокеи ичро менамояд;

корманди хонакор – шахсе, ки корро дар хонаи худ ё чойи барои ичрои кор мувофик бо мехнати шахси анчом медихад;

корфармо – шахси хукуки, филиал ва намояндагихои он, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва шахси вокеи, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хукуки бо корманд бастан ва катъ намудани шартномаи мехнатиро доранд;

коидахои хифзи мехнат – санади меъёрии хукукии дорои талабот оид ба хифзи мехнат, ки ичрои он барои шахсони вокеи ва хукуки хангоми машгул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз чумла хангоми лоихакаши, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва тачхизоти дигар, тахияи равандхои технологи, ташкили истехсолот ва мехнат хатми мебошад;

макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли – макомоти давлатии идора ва танзими шугли ахолии кобили мехнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шугли ахоли ва ба шахрвандон таъмин намудани кафолатхои давлатиро дар сохаи мехнат ва шугли ахоли амали менамояд;

мехнат – фаъолияти инсон, ки барои ба вучуд овардани арзишхои модди, маънави ва дигар неъматхо равона гардида, барои хаёт ва конеъ намудани талаботи инсон ва чомеа зарур аст;

меъёрхои мехнат – меъёрхои коркард, вакт, хизматрасони, шумора, супоришхои бамеъёргирифташуда барои кормандон мутобики сатхи дастовардхои техники, технология, ташкили истехсолоту мехнат ва барои гурухи алохидаи кормандон, бо назардошти омилхои физиологи, чинси ва синну сол;

музди мехнат – мачмуи подошхои бо вохиди пули хисобкардашудае, ки корфармо ухдадор аст онхоро ба корманди кироя барои корхои амалан ичрошуда, хамчунин барои он муддате, ки ба вакти кори дохил мешавад, пардохт намояд;

музокироти коллективи – раванди тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидхои коллективи, ки муносибати байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) – ро чихати таъмини имконияти иштироки озодона дар халли масъалахои танзими муносибатхои мехнати ва шарикии ичтимои, мухокимаи онхо, тайёр ва бамувофикарасонии лоихаи созишнома ва шартномахои коллективи, ба имзо расонидани онхо таъмин мекунад;

муносибатхои мехнати – муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амали намудани хукук ва ухдадорихои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ба вучуд меоянд;

мунтазам вайрон кардани интизоми мехнат – аз тарафи корманд такроран вайрон кардани ухдадорихои мехнати дар давраи амали чазои интизомии ба у татбикшуда;

мутахассис – шахси дорои тахсилоти касби, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва махорати касбиро сохиб шудааст, ки ба у имконият медихад дар сохаи муайян фаъолияти касби намояд;

мутахассиси чавон – шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рузонаи муассисаи таълимии тахсилоти касби бо роххати муассисаи мазкур ба кор кабул шудааст;

намояндагони кормандон дар ташкилотхо (минбаъд – намояндагони кормандон) – шахсоне, ки аз тарафи коллективи кормандон тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон барои химояи манфиатхои онхо интихоб гардидаанд;

намояндаи ваколатдори корфармо – рохбари (муовинони у) ташкилот (вохиди таркиби) ё корманди дигаре, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё корфармо ба у хукуки кабули карорхоро, ки аз муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои ба онхо алокаманд бармеоянд, додааст;

намояндаи иттифоки касаба – рохбари иттифоки касаба ё шахси дигаре, ки мутобики оиннома (низомнома) ё бо карори макоми дахлдори иттифоки касаба барои намояндаги ваколатдор карда шудааст;

омили зараровари истехсоли – омили истехсолие, ки таъсири он метавонад боиси беморшавии корманд гардад;

омили хатарноки истехсоли – омили истехсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси гирифтани чарохат гардад;

омилхои истехсолии фаъолияти мехнати – шароитхои техники, санитарию гигиени, истехсолию маиши ва дигар шароитхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян намудаанд;

омилхои ичтимоии фаъолияти мехнати – андозаи музди мехнат, давомнокии вакти кори, рухсати ва дигар шартхое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин созиши тарафхо муайян намудаанд;

рухсати – вакте, ки дар давоми он корманд тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо шарти нигох доштани чойи кору мансаб аз ичрои ухдадорихои мехнати озод буда, онро бо хохиши худ барои фарогат, баркарор намудани кобилияти мехнати ва конеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд;

санадхои меъёрии дохили (локали) – санадхои меъёрии аз тарафи макомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии макомоти намояндагии кормандон кабулнамудае, ки муносибатхои мехнати ва дигар муносибатхои ба онхо алокамандро танзим намуда, дар худуди ташкилот амал мекунанд;

сафари хизмати – тибки супориши корфармо ба мухлати муайян ба махалли дигар барои ичрои ухдадорихои хизмати фиристодани корманд;

созишнома – санади хукуки, ки муносибатхои ичтимои – мехнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатхи чумхурияви, вилояти, шахри, нохияви ва сохави баста шудааст;

соли кори – фосилаи вакте, ки ба давомнокии соли таквими баробар буда, барои хар як корманд алохида аз рузи кабул ба кор хисоб карда мешавад;

тайёркунии касби – шакли тайёрии касби, ки барои инкишофи иловагии шахс ва гирифтани малакаи нав барои ичрои кори муайян зарур аст;

такмили ихтисос – шакли тахсилоти касби, ки барои дастгири кардан, васеъ намудан ва тахкиму такмили дониш, малакаю махорати касбии каблан гирифтаи корманд имконият медихад;

тарафхои шартномаи мехнати – корфармо ва корманд;

тачрибаомузи – намуди истифодаи амалии донишхои назарияви ва пайдо намудани махорату малакаи касби бо рохи шиносшави ва иштирок дар фаъолияти ташкилот;

фаъолияти истехсоли – мачмуи амалхои корманд бо истифода аз олоти мехнате, ки барои табдил додани захирахо ба махсулоти тайёр зарур буда, аз истехсол ва коркарди намудхои гуногуни ашёи хом, сохтмон, ичрои кор ва намудхои гуногуни хизматрасони таркиб меёбад;

хизмати граждани – фаъолияти касбии хизматчии граждани оид ба ичрои ваколатхои мансаби, ки барои ичрои вазифахои макомоти давлати ва амали намудани хизматрасонихои техники ва таъмини фаъолияти макомоти давлати равона гардидааст;

хизматчии граждани – хайати техники ва хизматрасони макомоти давлати, ки тибки тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мансаби вохидии музднокро дар макомоти давлати барои амали намудани ваколатхои мансаби бо максади ичрои ухдадорихои онхо, амали намудани хизматрасонихои техники ва таъмини фаъолияти макомоти давлати ишгол менамоянд;

хадди акали музди мехнат – маблаги пулии хадди акали хатмии мукарраршудае, ки корфармо онро дар давоми як мох барои кор дар шароити муътадил, бо риояи давомнокии вакти кории муайяннамудаи Кодекси мазкур ва барои ичрои ухдадорихои муайян ба корманд пардохт менамояд;

хифзи мехнат – низоми чорабинихои хукуки, ичтимоию иктисоди, ташкилию техники, санитарию гигиени, табобатию пешгирикунанда ва баркароркуни, ки мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини гардида, бехатари, хифзи саломати ва кобилияти кории шахсро дар раванди мехнат таъмин мекунад;

чойи кор – чойи доими ё муваккатии аз тарафи корфармо таъсисдодашудае, ки корманд дар раванди фаъолияти мехнати ухдадорихои мехнатиашро ичро менамояд;

шарикии ичтимоихамкории иштирокчиёни муносибатхои ичтимоию мехнатие, ки ба таъмини мутобикати манфиатхои кормандон, корфармоён ва макомоти ичроияи хокимияти давлати равона гардидаанд;

шароити бехатари мехнат – шароити мехнате, ки дар он таъсири омилхои хатарнок ва зараровари истехсоли ба кормандон истисно карда шудааст ё дарачаи таъсири онхо аз меъёрхои мукарраргардида зиёд намебошад;

шароити мехнат – шартхои пардохти музди мехнат, бамеъёрдарории мехнат, речаи вакти кор ва вакти истирохат, тартиби чобачогузории касб (вазифа), васеъкунии худуди хизматрасони, ичрои вазифаи корманди муваккатан хузурнадошта, бехатари ва хифзи мехнат, шароити техники, омилхои истехсоли – ичтимои ва дигар шартхои бо созиши тарафхо мувофикашуда;

шартномаи коллективи – санади хукуки, ки муносибатхои ичтимои – мехнатиро дар ташкилот ё сохибкори инфироди ба танзим медарорад ва аз чониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад;

шартномаи (карордоди) мехнати (минбаъд – шартномаи мехнати) – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибки он корманд ухдадор аст корхоро аз руи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дарачахои дахлдор, бо риояи коидахои тартиботи дохилии мехнати ичро намояд, корфармо бошад, ухдадор аст барои хамин кор ба корманд пурра ва сари вакт музди мехнат дихад ва шароити мехнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва созишномахои тарафхо муайян намудаанд, таъмин кунад;

шартномаи тахсил – созиши хатти байни корфармо ва корманд оид ба шартхои тахсил, гузаштани тачрибаомузи, тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисос;

шартхои махсуси кор – низом ва андозаи пардохти музди мехнат, имтиёзхо, низоми кор, мукаррар намудан ва ё бархам додани вакти нопурраи кори, якчоякунии ихтисос, тагйир додани дарача ва номгуйи вазифахо;

шахсони дорои ухдадорихои оилави – занони хомила ва дигар кормандоне, ки дар тарбия ва нигохубиниашон кудаки то чордахсола, кудаки маъюб ва дигар шахсонеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, доранд;

шугл – хама гуна фаъолияти шахрвандони кобили мехнат, ки ба санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мухолиф набуда, ба конеъ гардонидани талаботи шахси ва чамъиятиашон алокаманд мебошад ва ба онхо даромад (музд) меорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …