Главная / Биология / МОДДАҲОИ ҒАЙРИОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА

МОДДАҲОИ ҒАЙРИОРГАНИКИИ ТАРКИБИ ҲУҶАЙРА

Об. Пайвастагии ғайриорганикии паҳншуда дар организми зинда–об мебошад. Мавҷудияти он дар организм ба ҳадди васеъ мерасад. Дар ҳуҷайраҳои сири дандон тақрибан 10%, вале дар ҳуҷайраҳои инкишофёбандаи ҷанин-бештар аз 90% об мавҷуд аст. Ба ҳисоби миёна дар организми серҳуҷайра об тақрибан 80%-и массаи баданро ташкил медиҳад.

Аҳамияти об дар ҳуҷайра ниҳоят бузург аст. Вазифаи он бисёр вақт бо табиати химиявӣ муайян мегардад. Хусусияти диполии сохти молекула ба қобилияти фаъолона бо моддаҳои гуногун ба реаксия дохил шудани об сабаб гардидааст. Молекулаи он ба катионҳо ва анионҳо таҷзия шудани як қатор моддаҳои дар об ҳалшавандаро ба вуҷуд меорад.

hujaira-03

Дар натиҷа, ионҳо фавран ба реаксияҳои химиявӣ дохил мешаванд. Аксари реаксияҳои химиявӣ таъсири мутақобилаи байни моддаҳои дар об ҳалшаванда мебошанд. Ҳамин тавр, қутбнокии молекула ва қобилияти ҳосил кардани бан-

дҳои гидрогенӣ имкон додаанд, ки об барои миқдори зиёди моддаҳои ғайриорганикӣ ва органикӣ ҳамчун ҳалкунандаи хуб хизмат намояд. Fайр аз ин, ба сифати ҳалкунанда об ҷараёни моддаҳоро ба ҳуҷайра, ҳамчунин, аз он ҷудо намудани маҳсули фаъолияти ҳаётиро таъмин менамояд. Зери таъсири баъзе катализаторҳо – ферментҳо об ба реаксияи гидролиз дохил мешавад, ки дар натиҷа моддаҳои нави дорои хосиятҳои нав ҳосил мегарданд.

Намакҳои минералӣ. Қисми зиёди моддаҳои ғайриорганикӣ дар ҳуҷайра ба намуди намакҳо (ё ба ионҳо диссотсиатсия шудаанд ё дар ҳолати сахтӣ) мавҷуданд. Дар байни онҳо аҳамияти калонро катионҳои калий К ва калсий Са2+ соҳибанд, ки яке аз хосиятҳои муҳими организми зинда–барангезишро таъмин менамоянд. Аз консентратсияи намакҳо дар дохили ҳуҷайра хосияти буферии он вобастагӣ дорад.

Буфер ё худ ҳолати буферӣ гуфта он қобилияти ҳуҷайраҳоро меноманд, ки реаксияи сусти ишқориро дар дараҷаи доимӣ нигоҳ медоранд. Маҳлули буферӣ чунин аст, ки ҳангоми ба он дохил кардан ё дар раванди мубодилаи моддаҳо ҳосил шудани миқдори ками кислота ё ишқор бо сабаби ҳосил кардани пайвастагӣ бо карбонатҳо, фосфатҳо ё молекулаҳои органикӣ ба қимати рН таъсир намекунад.

Дар дохили ҳуҷайра ҳолати буфериро асосан анионҳои кислотаи фосфат таъмин менамояд. Дар моеи берун аз ҳуҷайра ва хун роли буфериро Н2СО3 ва НСО иҷро мекунанд. Аниони кислотаҳои суст ва ишқорҳои суст ионҳои гидроген (Н) ва гидроксид-ионҳо (ОН)-ро пайваст мекунанд, ки ба туфайли ин дар дохили ҳуҷайра реаксия тағйир намеёбад. Намакҳои минералии ҳалнашаванда, масалан, фосфати калсий, ба таркиби моддаҳои байниҳуҷайравии бофтаҳои устухон, гўштмоҳии нармбаданон дохил шуда, устувориро таъмин менамоянд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Ба таркиби ҳуҷайра кадом элементҳои химиявӣ дохил мешаванд?
  2. Вобаста ба роли биологии элементҳои химиявӣ мисолҳо биёред.
  3. Чиро микроэлементҳо меноманд? Мисолҳо биёред ва аҳамияти биологии онҳоро тавсиф кунед.
  4. Ба таркиби ҳуҷайра кадом моддаҳои ғайриорганикӣ дохил мешаванд?
  5. Аҳамияти биологии об дар чӣ ифода меёбад? Аҳамияти намакҳои минералӣ дар чист?
  6. Кадом моддаҳо сабабгори хосияти буферии ҳуҷайраҳо мебошанд?

Истилоҳот:

  1. Маҳлули буферӣ – маҳлули моддаҳои ғайриорганикӣ ё органикӣ, ки қимати рН-ро ҳангоми дохил намудани миқдори ками кислота ё ишқор тағйир намедиҳанд.
  2. Гомеостаз – ҳолати мувозинати динамикии системаи табиат, ки системаи идоракунии фаъолиятро нигоҳ медорад.
  3. Биоэлементҳо -элементҳои химиявие, ки асоси молекулаҳои органикиро ташкил медиҳанд.
  4. Микроэлементҳо – элементҳои химиявии ба таркиби молекулаҳои органикӣ дохилшаванда, ки миқдори онҳо аз ҳадди 0,001% зиёдтар нест.
  5. Макроэлементҳо – элементҳои химиявии ба таркиби молекулаҳои органикӣ дохилшаванда, ки миқдори онҳо аз ҳадди 1% зиёдтар нест.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …