Главная / Илм / МЕЛАНОЗИ ПӯСТ

МЕЛАНОЗИ ПӯСТ

melanozi-pustМЕЛАНОЗИ ПӯСТ (Melanosis cutis; юн. melas, melanos – сиёҳ), меланодермия, меланопатия, бемориест, ки бинобар дар таркиби пӯст бисёр ғун шудани пигмент (асосан пигменти меланин) рух менамояд. М. п., одатан, дар натиҷаи тамоси бардавоми саноатӣ (баъзан маишӣ) бо карбогидридҳо (маҳсули тақтири нефт, ангиштсанг, сланетс ва ғ.), ки ҳангоми нафас кашидани ҳавои ифлос ё аз роҳи меъдаю рӯдаҳо ва пӯст ба организм ворид мешаванд, падид меояд. Ба инкишофи беморӣ заҳролудии музмин, ихтилоли эндокринӣ (гипокортисизм), баланд будани ҳассосияти пӯст ба таъсири нури офтоб ва ғ. мусоидат мекунанд.
Дар оғози беморӣ дар ҷойҳои кушодаи пӯст (рӯй, гардан, даст) андаке сурхӣ, баъд доғҳои сиёҳтоб пайдо мешаванд. Доғҳо тадриҷан диг. қисматҳои пӯстро низ фаро мегиранд; онҳо ҳаҷман афзуда ба ҳамдигар омезиш меёбанд ва лаккаҳои калонро ба вуҷуд меоранд. Баъзан хоришу сӯзиши пӯст низ беморонро безобита мекунад. Пас аз чанд вақт дар пӯсти хами бозу папулаҳои хурду сершумори нугашон тез, ки бо пулакча фаро гирифта шудаанд, падид меоянд. Пӯсти иллатӣ ба назар мисли коғази регдор менамояд. Ҳамин тавр, пӯст тадриҷан тунук шуда, ба коғази ғиҷимкардаи папирос мемонад; аз таҳти он шохаҳои рагҳои хунгузарро баръало дидан мумкин аст; ранги пӯст ало шуда, пойкилодермия инкишоф меёбад.
Барои муолиҷаи М. п. қабл аз ҳама тамос бо карбогидридҳо бояд қатъ карда шавад; аз кортикостероидҳо, витаминҳои А, РР, В, кислотаи аскорбинат ва марҳамҳои гуногун истифода мебаранд. Дар сурати саривақти оғоз кардани муолиҷа пешомади беморӣ хуб аст.

Ҳ. Ҷ. Усмонова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …